Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳристи 10 маҳалли олудатарини дунё


Пажӯҳишгоҳи Блексмиф, воқеъ дар шаҳри Нйу Йорк, иттилоъ медиҳад, олудагиҳои ин 10 минтақа, ки дар 7 кишвар ҷойгир шудаанд, метавонад боиси ранҷ кашидани ҳудуди 12 миллион нафар шавад. Олудагиҳои зистмуҳитӣ, ба гуфтаи пажӯҳишгоҳи мазкур, метавонад сабаби гирифтории мардум ба бемориҳои вазнини роҳҳои нафас, маъюбии навзодон ва ҳатто марги бармаҳал шавад. Ричард Фуллер мегӯяд, ин минтақаҳо, ба қавле, шираи мардуми атрофи худро мемаканд ва агарчи барои рафъи ин олудагиҳо барномаҳои муҳандисии сода метавонад кумак кунад, вале феълан набуди сармоя, иродаи сиёсӣ ва тавони фаннӣ монеъи ин кор шудааст.

Пажӯҳишгоҳи Блексмиф ҳамсояи Тоҷикистон маҳалли Майлусууи Қирғизистонро ба ин феҳраст ворид кардааст. Созмони мазкур мегӯяд, ин маҳалли партобҳои ҳастаӣ дар ҳоли ҳозир барои зиндагии 23 000 одам хатар эҷод кардааст ва метавонад барои як миллион нафари дигар низ хатарзо бошад.

Гуфта мешавад, ин партобгоҳи мероси шӯравии собиқ дорои маводди атомӣ, фулузоти вазнин ва сианидҳо мебошад, ки барои сиҳҳати инсон кушанда ҳастанд. Пажӯҳишгоҳи Блексмиф мегӯяд, партобгоҳи Майлусуу тақрибан ду миллион метри мукаъъаб боқимондаҳои радиоактивӣ дорад, ки ба тамоми водии Фарғона, минтақаи ҳосилхез ва сераҳолии Осиёи Марказӣ, таҳдид мекунад.

Муҳити шаҳри Сумгаит дар Озарбойҷон, ки дар феҳрасти 10 минтақаи олудатарини ҷаҳон ҷойгир аст, аз фулузоти вазнин ва маводди кимиёвӣ олуда шудааст, ки корхонаҳои саноатӣ ва кимиёвӣ хориҷ мекунанд. Олудагиҳо дар ин шаҳр сабаби ранҷ кашидани 275 000 одам шудааст.

Дар феҳраст, ду минтақаи Русия низ шомил шудаанд, ки Дар минтақаҳои Дзержинский ва Норилск мебошанд. Дар минтақаи аввалӣ, ки замони шӯравии собиқ маҳалли корхонаҳои силоҳи кимиёвӣ низ буд, олудагиҳои боқимонда аз маводди кимиёвӣ ба сиҳҳати 300 000 нафар зиён расонидааст.

Дар Норилск 134 ҳазор нафар аз олудагиҳои конҳои маъдани никел ранҷ мекашидаанд. Аммо бузургтарин минтақаи олуда ҳанӯз ҳам Чернобил ба ҳисоб меравад, ки таркиш дар нерӯгоҳи барқи атомии он дар соли 1986 эҳтимолан ба сиҳҳати 5,5 миллион нафар осеб расонидааст. Албатта минтақаҳои дар ҳоли рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳинд низ аз феҳраст берун намондаанд. Танҳо дар минтақаи Линфени Чин, бар асари олудагиҳои органикӣ ва хокистар ба эҳтимоли ғолиб 3 миллион нафар ранҷ мекашанд.

Дар минтақаи Сукиндаи Ҳиндустон ҳамингуна аз олудагиҳои ихроҷшуда аз конҳои хром сиҳати беш аз дувуним миллион нафар осеб дидааст. Дар як минтақаи дигари олуда дар Ла Орояи Перу, ки маъдани фулуззоти вазнин истихроҷ мешавад, дар таркиби хуни 99 дарсади кудакони маҳал мизони сурб аз меъёр баланд будааст.

Пажӯҳишгоҳи Блексмиф мегӯяд, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар дар ҷаҳон бар асари олудагиҳо ҷон медиҳанд ва олуда шудани муҳити зист махсусан ҷони занону кудаконро дар маъраз хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG