Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" ТадАЗ - пешсафи мусобиқот


Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бар дастаи меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 3 бар 0, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 5 бар 0, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар сафар бар тими «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуданд. Дидори «Энергетик» -и Душанбе бо дастаи меҳмон - «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима ёфт.

Дастаи «Регар» ТадАЗ, ҳамчунин, бозии даври сездаҳуми мусобиқотро, ки мебоист рӯзи 9-уми сентябр баргузор мешуд, пешакӣ бо дастаи мизбон - «Саройкамар» анҷом дод. Ин бозӣ бо ҳисоби бузурги 8 бар 1 ба нафъи бозигарони шаҳри Турсунзода ба поин расид.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи 12 бозии худ пирӯз гардидааст, бо 36 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз», ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 27 имтиёз дуввум мебошад. «ХИМА»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 20-имтиёзӣ аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мувофиқан дар зинаҳои севвуму чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Испаниё ва Нигерия - дар финал

Дастаҳои мунтахаби наврасони футболи Испаниё ва Нигерия ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ миёни футболбозони зери ҳабдаҳсола, ки дар Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Дар марҳилаи ниманиҳоӣ Испаниё бар Гана дар замони изофӣ бо натиҷаи 2 бар 1 ва Нигерия бар Олмон бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуданд.

Бозии ниҳоӣ миёни Испаниё ва Нигерия рӯзи якшанбеи 9-уми сентябр дар шаҳри Сеул баргузор мешавад.
Қабл аз ин бозӣ дастаҳои Гана ва Олмон барои ҷойи севвум талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG