Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштҳо дар Данияву Олмон


таҳдиди терроризмро дар ин кишварҳо низ ба мадди аввал мебарорад. ки пулис дар ин ҳафта дар Олмону Дания анҷом дод

Мақомоти Олмон рӯзи панҷуми сентябр гуфтанд, ки се нафареро, ки бовар меравад, террористҳои исломӣ буда, қасди ташкили ҳамлаи террористӣ ба фурудгоҳи Франкфурт ва пойгоҳи низомии Амрико дар Рамштейнро доштаанд, боздошт карданд. Вазири дифоъи Олмон Франтс Йозеф Юнг гуфт, таҳдид як таҳдиди воқеъӣ буд. Ин се нафари муттаҳам ба ташкили ҳамлаҳои террористӣ рӯзи сешанбе, 4 сентябр дастгир шудаанд.
Додситони федеролии Олмон Моника Ҳармс гуфт, афроди муттаҳам ба як гурӯҳи мавсум ба Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ марбут будаанд. Хонум Ҳармс гуфт, ҳар сеи онҳо дар соли 2006 дар як тамрингоҳ дар Покистон будаанд. Хонум Ҳармс афзуд, ду тан аз боздоштшудагон атбоъи Олмон ва севвумӣ шаҳрванди Туркия мебошанд.

Вале вазири дохилаи Олмон гуфта, ки далеле дар дасти онҳо нест, ки ба вуҷуди кадом иртиботе байни боздоштҳои ахир дар Олмон ва дастгир шудани 8 нафари гумонбар ба терроризм дар Копенҳаген, пойтахти Дания ишора кунад. Ин афрод, ки бовар меравад, бо шабакаи ал-Қоида иртибот доштаанд, дар Дания бо иттиҳоми тарҳрезии амали бамбгузорӣ боздошт шуданд. Мақомот ҷузъиёти ин суиқасдро ифшо намекунанд, вале мегӯянд, афроди боздоштшуда ба хотири анҷоми суиқасд алакай маводи мунфаҷира ҳам ба даст оварда будаанд.

Флориан Гейер, таҳлилгари маркази мутолиъоти сиёсии Аврупо мегӯяд, ҳанӯз барвақт аст ҳадс задан, ки оё дар воқеъ аз ҳамлаҳои нави террористӣ пешгирӣ шудааст ё хайр? Ӯ мегӯяд, то кунун танҳо боздошти афроди муттаҳам сурат гирифта ва ҳанӯз маълум нест, ки дар пайи ин боздоштҳо боз чӣ ититфоқе пеш хоҳад омад. Флориан Гейер мегӯяд, ҷангиёни исломӣ барои анҷоми ҳамалот болои маҳз ҳамин ду кишвар далелҳои худро доранд. Ӯ мегӯяд, масалан, Олмон, ҳарчанд ба ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико ба Ироқ мухолифат варзид, вале дар амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон ширкат мекунад ва ҳамчунин дар қаламраваш ба чанд пойгоҳи низомии Амрико макон додааст.

Оқои Гейер дар мавриди Дания мегӯяд, қарор аст, ин кишвар дар моҳи ҷорӣ хуруҷи нирӯҳояш аз Ироқро ба анҷом бирасонад, вале нашри тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом дар рӯзномаҳои чопи Дания дар ду соли пеш хашми гурӯҳҳои тундрав дар ҷаҳони Исломро барангехта буд. Оқои Гейер ба маҳзи чопи ҳамин тасвирҳо ҳадафи таҳдиди тундравони исломӣ қарор гирифтани Данияро баъид намедонад. Флориан Гейер мегӯяд, ӯ афзоиши хатари терроризм дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи тундравони исломиро мушоҳида мекунад. Ва ҳарчанд ин тундравон таҳти парчами мубориза ба хотири арзишҳои Ислом амал мекунанд, оқои Гейер ҳушдор медиҳад, ки набояд ҷомиаи Аврупо ин тоифаро бо миллионҳо нафар мусалмононе, ки зиндагии осоиштае ба сар бурда ва рабте ба ин гурӯҳи, ба ақидаи таҳлилгари аврупоӣ, хурди ифротгароён, надоранд, омехта кард.
XS
SM
MD
LG