Пайвандҳои дастрасӣ

Дастовардҳои варзишгарони тоҷик


Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 80 килограмм дар даври аввал бар Марӣ-ал-Бишӣ, аз Арабистони Саъудӣ ва Салим Ҳендро, аз Индонезия пирӯз гардид. Вале баъдан ӯ аз варзишгари ҷопонӣ Сатоши Ибуки шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои унвони қаҳрамонӣ маҳрум гардид. Темур Беков барои дарёфти ҷоизаи севвум бар Маҳендран аз Малайзиё ва Умар Сабсабӣ аз Сурия дастболо шуд.


Шатранҷбози ҷавони тоҷик Соиб Ҷӯраев дар мусобиқоти анъанавӣ оид ба шоҳмот бо номи «Саймар чесс» миёни наврасон дар шаҳри Алматии Қазоқистон мақоми севвумро касб кард.

Соиб Ҷӯраев ва Маҳат Алағузови қазоқ нисбат ба ғолиби ин мусобиқот Андрей Квон аз Узбакистон нимхолӣ камтар, яъне 6, 5 имтиёзӣ, ба даст оварданд. Вале аз рӯи нишондоди изофӣ шатранҷбози қазоқ аз варзишгари тоҷик пеш гузашта, дар ҷойи дуввум қарор гирифт.

Соиб Ҷӯраев феълан ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни шатранҷбозони зери 20-сола, ки моҳи октябр дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.
XS
SM
MD
LG