Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Гул - раисҷумҳури нави Туркия


Раиси Порлумони Туркия Коксал Топтан эълом кард, ки бар пояи натиҷаи овоздиҳӣ Абдуллоҳ Гул раисҷумҳури интихоб шуд: «Тибқи натиҷаҳои ин раъйгирӣ Абдуллоҳ Гул, намояндаи порлумон аз шаҳри Қайсарӣ, бар пояи моддаи 102-уми қонуни асосӣ бо дастёбӣ ба аксарияти мутлақи райъҳо дар даври севуми овоздиҳӣ бо касби 339 раъй ба унвони 11-умин раисҷумҳури Туркия интихоб гардид».

Пирӯзии Гул дастоварди бузурги ҳизби ҳокими «Адолат ва Тараққиёт» ба роҳбарии сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон бар сиёсатмадорони дунявии муҳофизакор ба шумор меравад. Дар даври аввали интихоботи президентӣ дар моҳи апрел гурӯҳҳои мухолифи номзадии Гул, ки аз пуштибонии низомиёни қудратманди Туркия бархӯрдоранд, исрор меварзиданд, ки ин ҳизб нақшаи пинҳонии аз байн бурдани давлати дунявиро тарҳрезӣ кардааст. Дар даврҳои аввалу дувуми интихоботи президентӣ Гул пирӯз шуд, вале ҳамоно натавонист тибқи тақозои қонуни асосӣ дастгирии аз се ду ҳиссаи овозҳоро барои тасдиқи пирӯзиаш касб намояд.

Ҳизби «Адолат ва тараққиёт»-и Туркия ва ҳамчунон Абдуллоҳ Гул борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳоли пирӯзии ӯ дар давоми 7 соли раёсатҷумҳурӣ ҷудоии давлат ва динро ҳифз хоҳанд кард. Аммо рақибони муҳофизакори дунявӣ рӯсарӣ пӯшидани ҳамсари Гулро мисол оварда, мегӯянд, ки ин нишони муқовимат ба сохти дунявии давлатдорӣ мебошад.

Дар арафаи интихоботи рӯзи сешанбе генерал Ясор Буюканит, фармондеҳи артиши Туркия, бо пахш изҳороте ҳушдор дод, ки «низоми дунявии давлатдорӣ бо ҳамлаи нерӯҳои бадие мувоҷеҳ шудааст, ки ба таври муназзам саъй доранд, онро аз байн баранд».

Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадорони либерали Туркия нигарониҳои муҳофизони сохти дунявиро бо рақобати сиёсии ноком иртибот дода, мегӯянд, ки онҳо чизе дар муқобили афзоиши шуҳрати ҳизби «Адолат ва тараққиёт» гузошта наметавонанд.

Онҳо мегӯянд, пирӯзии Гул шаҳодати рамзии бархостани табақаҳои нисбатан камбизоат ва аз нуқтаи назари динӣ муҳофизакори Туркия аст, ки сутунмуҳраи ҳизби «Адолат ва тараққиёт»-ро ташкил медиҳад.

Феълан ҳизби «Адолат ва тараққиёт» тасмим гирифтааст, ки то охири моҳи сентябр лоиҳаи тағйири қонуни асосии ин кишварро ба баррасӣ пешниҳод кунад. Дар он тавсиъаи озодиҳои шахсӣ мадди назар аст. Расонаҳои Туркия тахмин мекунанд, ки дар лоиҳаи конститутсияи нави ин кишвар коҳиши салоҳиятҳои президент, тақдими раҳбарии нерӯҳои мусаллаҳ ба мардуми мулкӣ ва иҷозати пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо ҷой дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG