Пайвандҳои дастрасӣ

Варзиш дар Суғд


Варзишгари хуҷандӣ Ҷаҳон Қурбонов аз ҷумлаи онҳост. Вай дар Бозиҳои осиёии соли 2006 дар Қатар дар риштаи бокс дар вазни сангин соҳиби ҷоизаи аввал ва медали тилло гардидааст.

Имсол варзишгари дигари Суғд Акмал Қодиров дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар навъи армрестлинг ё дастхобонӣ дар Қирғизистон пирӯз шуд.

Ин номгӯи дастовардҳои варзишии Суғдро идома додан мумкин. Аммо аз рӯи мақоли тоҷикӣ, «як гул баҳор нест». Пирӯзӣ ва дастовардҳои варзишии Суғд, умдатан, бо номи варзишгарони ҷудогона ва бо мусобиқоти осиёӣ иртибот дорад.

Илҳом Бобоев, мудири бахши варзиш дар идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд мегӯяд, акнун марҳилае барои варзишгарони Тоҷикистон, аз ҷумла варзишгарони Суғд, шурӯъ шуда, ки дар навъҳои ҷудогона ба мусобиқоти ҷаҳонӣ ба худ роҳ кушоянд. Ӯ оғози бунёди як маҷмааи бузурги варзишӣ дар шаҳри Хуҷандро нишони рӯ ба эҳё ниҳодани варзиш дар минтақаи шимолии Тоҷикистон меномад: «Дар ин маҷмааи нав майдонҳои футбол, варзиши сабук, теннис, ҳавзи шиноварӣ, умуман барои ҳаждаҳ намуди варзиш ҷой дода мешавад. Ин маҷмааи варзишӣ бо сарфи 3 миллион сомонӣ дар муддати ду соли оянда бунёд хоҳад ёфт.»

Аммо дар ҳоли ҳозир бузургтарин майдони варзишии Суғд дар шаҳри Хуҷанд , мавсум ба стадиони «Спартак», гунҷоиши панҷ ҳазор нафар тамошобинро дорад.

Таҳлилгарони варзиши Суғд мегӯянд, ки дар айни ҳол пирӯзиҳои варзишгарони вилоят дар навъҳои ҷудогонаи мусобиқоти осиёӣ, умдатан, бо заҳмату саъйи шахсии худи варзишгарон ва мураббиёни онҳо даст медиҳад. Аз ҷумла, ёфтани сарпараст низ ба як кори шахсии худи варзишгарон мубаддал шудааст. Аҳмадҷон Тошмуродов, сармураббии дастаи гуштии миллии камарбандӣ дар вилояти Суғд мегӯяд : «Дар як ҷои тангу номувофиқ ба мусобиқаҳо тайёрӣ мебинем, ки он аслан сазовори аъзои дастаи яккачини кишвар нест. Аз ҷониби ҳукумат гоҳе дар иду ҷашнвораҳо як даъват мекунанд ва чизе мисли телевизору видео тақдим месозанд, аммо барои варзишгарон идрор ва ё маблағҳое муайян нашудааст. Вале умед дорем, ки вазъ беҳ мешавад ва мо паҳлавононро дар шароити хубтар машқ медиҳему дар мусобиқоти байналмилалӣ обрӯи кишварамонро баланд мебардорем.»

Ба ҳамин тариқ, маблағгузории нокофӣ ба соҳаи варзиш, набуди варзишгоҳҳои ҳозирзамон ва таҷҳизоти варзишӣ, адами маблағи машқу омӯзиш аз мушкилоти аслиест, ки аз нигоҳи варзишгарон ва таҳлилгарони Суғд, рушди варзишро дар вилоят бозмедорад.

Масъулини бахши варзиши Суғд мегӯянд, ки дар тайи солҳои ахир ҳукумати Суғд барои баргузор кардани мусобиқот ва чорабиниҳои варзишӣ беш аз 80 ҳазор ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 25 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додааст, ки ин маблағ ночиз аст.

Ба андешаи Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба камонварӣ, ки феълан раҳбари мактаби камонкашӣ дар шаҳри Хуҷанд аст, варзишгарони сатҳи ҷаҳониро шароит ва имконоти ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба арсаи варзиш меоварад. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон имкони маблағгузории кофӣ барои соҳаи варзиш ва сарпарастии варзишгаронро надорад, беҳтар мебуд, бо пешниҳоди имтиёзот таваҷҷуҳи сармоядоронро ба ин амал ҷалб намояд : «Имрӯз бо пешниҳоди ҳукуматҳои маҳал асосан соҳибкорону муассисаҳои сармоядор, мисли бонкҳо барои кӯдакону ҷавонон варзишгоҳҳои хурд месозанд. Аммо онҳо ба ин кор ҳавасмандии зиёд надоранд. Чунки барои ин кор барои онҳо аз ҷониби давлат ягон имтиёзе муқаррар нашудааст. Ин кор дар тамоми дунё ҳаст, ки агар касе ба хотири беҳбуди саломатии одамон иншооте созад, аз вай андоз ситонида намешавад. Аммо дар кишвари мо ин хел нест.»

Хонум Рустамова аз равнақ бозмондани камонвариро дар Тоҷикистон ба ду омил бастагӣ медиҳад, якум, манъ шудани ин навъи варзиш дар кишвар дар давоми нӯҳ сол (то 2001-ум), ба далели ба номгӯи силоҳ ворид намудани камони варзишӣ ва дуюм, тарки ҷумҳурӣ кардани бисёр камонкашон ва мураббиёни номӣ. Вай мегӯяд: «Дар варзишгоҳи мо тахминан дусад нафар бачаҳои синну солашон мухталиф машқ мекунанд. На фақат дар камонварӣ, балки дар теннис, шашкаву шоҳмот ва ғайра. Мақсади асосии ман ин ки бачаҳо саломат бошанд. Мегӯянд, ки ақли солим - дар тани солим. Хусусан дар рӯзҳои мо, ки дар зимистон барқу газ нест, хонаҳо сард, агар бачаҳо ба варзиш машғул бошанд, бемор намешаванд.»

Зимнан, мактаби камонварии Зебунисо Рустамова нисбат ба навъҳои дигари варзиш бештар духтарони Суғдро гирд овардааст. Манижа ном яке аз камонварони ҷавон мегӯяд , вай аз хурдӣ дилбохтаи камонварист, аммо дар варзишгоҳ камони хубе нест, ки машқ кунад ва бо чунин камонҳо намешавад, то сатҳи касбӣ расид.

Эҳтимол, ба таҳрики ҳамин омил дар айни ҳол дар шаҳрҳо ва бархе аз навоҳии Суғд дӯстдорони варзиш тимҳои футбол, волейбол ва дигар навъҳо таъсис додаанд, бозиву машқ мекунанд ва, умдатан, дар мусобиқаҳои дохили кишвар ширкат меварзанд. Инчунин, дар варзишгоҳҳои хурд мактабу машқгоҳҳо оид ба навъҳои бокс, камонварӣ, гуштии камарбандӣ, дастхобонӣ, қаиқронӣ, каратэ, таэквон-до таҳти раҳбарии мураббиён фаъолият мекунанд. Инчунин дар вилоят мактаби варзишии бачагону наврасон арзи вуҷуд дорад.

Вале ин дар маркази устон ва шаҳрҳои Суғд. Аммо ҳар чи аз марказ ба сӯи манотиқи Суғд канортар меравед, вазъи соҳаи варзиш ногувортар ба назар мерасад. Дар бисёр марказҳои ноҳияҳо варзишгоҳҳои замонавӣ ва муҷаҳҳаз мавҷуд нест. Қисмати умдаи деҳоти Суғд, аслан, ҳеҷ гуна варзишгоҳ надоранд, ба ҷуз майдончаҳои хурди варзишии мактабӣ. Як ҷавон аз ноҳияи Ашт - Абдурозиқ мегӯяд, акнун сокинони деҳот дар заминҳои партов бо маблағу кӯшиши худ барои хеш майдонҳои варзишӣ месозанд. Аммо вақте ки бачаҳои Суғд пораҳои замини санглохро аз сангу шағал тоза ва дар он ҷо барои худ майдончаи варзишӣ бунёд мекунанд, Рухшонаи чаҳорсола - хурдсолтарин шогирди мактаби камонварии Зебуннисо Рустамова дар Хуҷанд бо кӯмаки устодаш камони болотар аз қади худро ба даст гирифта, нишон задан мехост ва бо лаҳни кӯдакона мегуфт, ки мисли Зебуннисо қаҳрамони ҷаҳон шудан мехоҳад.
XS
SM
MD
LG