Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон барои худ як роҳи оҳани нав боз кард


Сарвар Усмон, корманди бахши узбакии радиои «Озодӣ» роҷеъ ба зарфиятҳои ин тарҳи нав дар суҳбат бо мо чунин гуфт: «Роҳи оҳани Тошгузар - Бойсун - Қумқӯрғон боз шуд. Ин ҷодда тамоми кишварро бо ҷануби он пайваст хоҳад кард. То ҳол шаҳрвадони кишвар, ки аз шимол ба Тирмиз ҳаракат мекарданд, хоки Туркманистонро убур мекарданд. Ва анун роҳи нав имкон медиҳад, ки масири ҳаракати онҳо то ба 170 км кӯтоҳ гардад».

Дарозии ин роҳ 223 километр аст, ва, ба қавли раиси ҷумҳурии Узбакистон, он дар давоми 33 моҳ бунёд шуда, 2 сол пеш аз муҳлат ба истифода дода мешавад. Ин тарҳ бо кумаки молии ҳукумати Жопун бунёд шудааст, ҳарчанд маблағи куллии харҷи он мушаххас нест.

Гуфта мешавад, дар ин хат, 6 истгоҳи роҳи оҳан бунёд шуда, худи роҳ дар баландии 1800 метр дар сатҳи баҳр бунёд гардидааст.

Сарвар Усмон роҷеъ ба аҳамияти иқтисодии ин роҳ мегӯяд: «Ин роҳ, ба гуфтаи Ислом Каримов, 5-6 ҳазор сокини кишварро бо ҷои кор таъмин мекунад. Ва тавассути ин роҳ мешавад корҳои азхудкунии канданиҳои зеризаминиро ба роҳ монд ва муҳимтарин аҳаммияти дигари ин роҳ дар он аст, ки он имкон медиҳад ки Узбакистон тавассути ин роҳ ба баҳрҳои ҷанубӣ роҳ ёбад».Баъди суқути шӯравӣ масъалаи роҳҳо, убури роҳҳои оҳан аз қаламрави ҳамсоякишварҳо бино ба набуди роҳҳои мустақими пайванд додани манотиқи дохилии кишвар миёни ҳам аз муҳимтарин мушкилот боқӣ мемонад, ки барои Тоҷикистон ҳам хуб ошно аст. То ҳанӯз роҳи оҳане, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли кишвар пайванд медиҳад, аз марзи Узбакистон мегузарад. Аммо, бино ба ҷорӣ будани низоми раводид миёни шаҳрвандони ин кишвар, шароити рафтуомади онҳо ба маротиб мушкил мебошад.
XS
SM
MD
LG