Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миллатгароӣ дар Русия. Рӯ ба афзоиш


Маркази таҳқиқотии Сова мегӯяд, ки дар саросари Русия имрӯз даҳҳо созмонҳои тундрави камшинохташуда арзи ҳастӣ мекунанд, ки ақоиди миллатгароиро таблиғ ва дар сатҳи саросарӣ амал мекунанд. Дар миёни онҳо ҳамин ҷамъияти натсионал-сотсиалисӣ, ҷумбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳизби Қудрати миллии Русия, Иттиҳодияи славянӣ ва дигарҳо ном бурда мешаванд. Ва Галина Кожевникова, муовини раиси маркази Сова мегӯяд, ки гурӯҳҳову созмонҳои шабеҳи онҳо ҳамакнун дар манотиқи мухталифи Русия аз вуҷуди худ дарак медиҳанд.

Аммо то ҳанӯз далели мудохилаи мустақими ин гуна созмонҳо ба ҷиноёти хушунатомез вуҷуд надорад, ҳарчанд ин ташкилот, ба гуфтаи хонум Кожевникова, ақоидеро таблиғ мекунанд, ки боиси ғизогирии гурӯҳҳои хушунатзо дар ҷомеа мешавад. Ӯ мегӯяд, баъзе аз ин созмонҳо ақоиди зиддисайҳунистӣ, дигарҳо нажодпарастиву миллатгароиро парастиш мекунанд, сеюмӣ - ба дастаҳои мавсум ба сартарошидаҳову ҷавонфашистҳо пайвастаанд. Таҳқиқоти полис собит кардааст, ки дар паси ҳамлаҳои бешумор болои мардуми гандумпӯсту ғайрирус дар хиёбонҳои Русия гурӯҳҳои сартарошидаҳо қарор доранд. Хавфноктарин бахши ин масъала аз назари мутахассисон ин аст, ки тадриҷан аз ақоиди ин гурӯҳҳои ҷиноӣ ҷамъияти зиёди Русия пуштибонӣ мекунад. Таҳқиқоти ахири маркази Левада, як созмони назарсанҷӣ, ҳокӣ аз он аст, ки 55 дар сади ҷамъияти Русия бо шиори "Русия барои русҳо" мувофиқ ҳастанд ва 20 дар сади ҷавонони ин кишвар фаъолиятҳои гурӯҳҳои ҷавонфашист ва ё скинҳедҳоро чун гурӯҳҳои хатарнок арзёбӣ намекунанд. Ба андешаи хонум Кожевникова, чанд омиле вуҷуд дорад, ки ба болоравии мизони миллатгароӣ дар ҷомеа сабаб шудааст:

"Нуқтаи авҷи тамоюлҳои нажодпарастона дар ҷомеаи Русия соли 2005 ба мушоҳида расид, вақте ҷомеашиносон, ки афкори умумро меомӯзанд, мизони баланди бегонаситезии маиширо ба қайд гирифтанд. Ин ҳамаро аз оғоз ноқаноматмандиҳои иҷтимоии мардум ғизо бахшида, ҷанги чечен, шурӯи ҷанги 2 чечен бечуну чаро ба он таъсир расонидааст. Чунки ин ҷанг чун муборизаи русҳо зидди чеченҳо, ҷанги масеҳиҳо зидди мусалмонҳо арзёбӣ мешуд ва албатта, нақши хеле муҳим бозидааст"

Масъала ин аст, мегӯяд хонум Кожевникова аз Маркази Сова, ки аксари ин гуна гурӯҳу созмонҳо аз худ ташаккулҳои ҷамъиятӣ метарошанд ва мегӯянд, ки ҳадафашон беҳбуди вазъи иҷтимоии мардум аст. Александр Белов аз ҷумбиши зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ мегӯяд:

"Мақсади мо кам кардани шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ва афзун кардани шумори онҳое аст, ки решаҳои русӣ доранду дар хориҷа ба сар мебаранд. Мо як ташаккули демократӣ ҳастем, ки аз ҳисоби мардуми дорои назару ақидаҳои худ созмон ёфта мехоҳем дар кишвари худ озодона зиндагӣ кунем. Онҳо мехоҳанд, ки қонунҳо риоя шаванд. Шумо метавонед моро сотсиал-демократ ном баред"

Белов гуфт, ки барои узвият дар ин созмон маҳдудият вуҷуд надорад ва имрӯз дар маъракаҳои онҳо беш аз 10 ҳазор нафар иштирок ва аммо нафарони зиёде ҳастанд, ки аз ақоиди онҳо пуштибонӣ мекунанд. Нозирони ин гуна ҳаракату ҷумбишҳо мегӯянд, ки дар талоши ками мақомот барои аз байн бурдани ин гуна гурӯҳҳо як сабаби ҷиддӣ ҳаст. Кожевникова гуфт:

"Имрӯз тамоюлҳои миллатгароёнаро дар Русия ба таври фаъол аз боло то поин сӯиистифода мекунанд. Ин популизм аст, ки тақозоҳои оммаи мардум, яъне беш аз 50 дар сади ҷомеаро қаноатманд мекунад. Ва албатта он бо интихобот ҳам робита мегирад, ки мегӯянд, натсистҳое ҳастанд, ки дар асл бад ҳастанд ва миллатгароҳо ҳастанд, ки дар асл хубанд. Миллатгароҳо аз мардуми бумӣ ҳимоят мекунанд"

Ҳафтае, ки навори видеоиии қатли ду ҷавон дар шабакаи Интернет нашр шуд, дар қатори роҳи калонтарини оҳани Русия - Маскав-Санкт-Петербург як бомба мунфаҷир кард. Полис ин қазияро таҳқиқ карда мехоҳад муайян кунад, ки то куҷо ин кори дасти гурӯҳҳои тундгаро буда метавонад. Роҷеъ ба навори видеоӣ бошад, то ҳанӯз хабари тоза дар даст нест, ҳарчанд дар ин замина тахмину гумонзаниҳои мухталиф садо медиҳанд. Аз ҷумла, бархе мегӯянд, ки дар пайи ин ду ҳодиса - таркиши қатор ва нашри видео метавонад хадамоти вижаи Русия қарор дошта бошад. Ҳардуи ин ҳодиса дар пешорӯи қабули иловаҳои шадидтар ба қонун оид ба экстремизм рух дод. Мунаққидони Кремл мегӯянд, ки дар пешорӯи интихоботиҳои парлумониву раёсатҷумҳурӣ, ки имсолу соли оянда дар назар гирифта шудааст, ҳукумат ҳар гуна тадбирҳои зиддитеррористиро ба хотири хомӯшсозии садои рақибони сиёсиаш кор мебарад, ва аслан дар фикри аз байн бурдани фаъолияти гурӯҳҳои тундгаро нест.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG