Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохт дар майдони худ


Голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаҳои 17-уму 30-юм Раҳмоналӣ Баротов ва Комил Саидов ба самар расонданд. Футболбозони озарӣ бошанд тӯбро се маротиба вориди дарвозаи соҳибони майдон карданд: голҳои Самир Алиев дар дақиқаҳои 26-ум ва 42-вум ва Бранамир Субашин дар дақиқаи 27-ум бозиро бар сӯди дастаи мунтахаби Озарбойҷон ҳал намуд.


Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки тӯли беш аз як сол ягон бозӣ анҷом надода буд, аввалин бор таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ҷиҳати як бозии дӯстона вориди майдон шуд. Ба ҳайъати дастаи Тоҷикистон 23 бозигар аз 7 бошгоҳи лигаи олии кишвар ва як легионер - нимҳимоятгар Акмалҷон Холматов аз дастаи «Нефтчӣ»-и шаҳри Фарғонаи Узбакистон - даъват шуда буданд.


Акмалҷон Холматов ва Самир Алиев, ки беҳтарин бозигарони ин дидор эътироф гардиданд, бо туҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.


Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев пас аз анҷоми бозӣ дар суҳбат бо хабарнигори радиои «Озодӣ» гуфт: «Ҳадаф аз баргузории ин бозии дӯстона барои ҳарду даста санҷише буд қабл аз ширкат дар мусобиқоти расмии байнулмилалӣ. Мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 бо дастаи миллии Бангладеш омодагӣ мебинад. Бозии аввали мо рӯзи 8-уми октябри соли равон дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, баргузор мешавад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Пеш аз ин мусобиқот мо боз як бозии дӯстонаи санҷишӣ анҷом хоҳем дод. Ин бозии дӯстона рӯзи 8-уми сентябр дар сафар бо дастаи миллии Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Дастаи Озарбойҷон бошад, дар бозиҳои интихобии Ҷоми Аврупо-2008 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои миллии Португол, Сербия, Финландия, Полша, Белгия, Қазоқистон ва Арманистон рақобат мекунад».
XS
SM
MD
LG