Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳиддини Олимпурро кӣ кушт ва чаро?


Салими Аюбзод (Прага) Носирҷони Маъмурзода (Душанбе) Боздошти гумонбари дигари куштори рӯзноманигори маъруфи тоҷик Муҳиддин Олимпур низ натавонистааст, ангеза ва фармоишгарони ин сӯиқасдро ошкор кунад.

Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, охирин нафар аз қотилони собиқ мудири бахши душанбегии радиои В-В-С Муҳиддин Олимпур ахиран дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Мақомоти интизомӣ Аслам Усмонови 28-сола, сокини ноҳияи Ваҳдатро дар қатли хабарнигор, суратгир ва наворбардори шинохтаи тоҷик Муҳиддини Олимпур дар соли 1995 муттаҳам медонанд. Ба қавли сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Худойназар Асозода, нафари муттаҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, узви гурӯҳи Нозим Юнусов, маъруф ба «Эшони Нозим» буда, пас аз қатли Олимпур ба Русия фирор карда ва танҳо акнун баргаштааст. «Эшони Нозим» аз фармондеҳони иттиҳоди мухолифини пешин буд, ки минтақаи Ромитро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҳти назорат дошт ва баъдан кушта шуд.

Ба ақидаи мақомоти интизомӣ, бо боздошти Аслам Юнусов, дигар комилан маълум шудааст, ки дар қатли Муҳиддин Олимпур панҷ узви гурӯҳи Нозим аз ҷумла Аҳтам Тоҳиров, ки дар моҳи июли соли 2003 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон барои мӯҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум гардид ва Насрулло Шарифову Муртазо Ҳомидов, ки тақдирашон алъон норӯшан аст ва эҳтимол меравад, онҳо низ кушта шудаанд, даст доштаанд. Худойназар Асозода, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, дар мавриди наҳваи кушта шудани Муҳиддин Олимпур аз сӯи ин афрод мегӯяд:

«Аъзои ҳамин дастаи ғайриқонунӣ бо фармони сардори даста, ки бо мақсади куштани директории бахши форси радиои В-В-С марҳум Муҳиддин Олимпур ба шаҳри Душанбе омада буданд, ба қароргоҳи ӯ, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, хонаи 54 рафта, ӯро иҷборан бо худ мебаранд ва дар рӯ ба рӯи истгоҳи бозори «Баракат» онҳо ба сӯйи Муҳиддин Олимпур аз туфангчаи тамғаи Макаров ду тир паронда, ҷасадашро дар ҷӯйбори назди бинои Донишгои давлатии миллии Тоҷикистон мепартоянд. Ҳамин тариқ онҳо ходими давлатӣ, рӯзноманигор Муҳиддин Олимпурро бинобар фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо ҳадафи суст кардани ҳокимияти давлатӣ ба қатл расонидаанд».

Аммо Олимпур дар он давра як журналисти мустақил ва корманди расонаи хориҷӣ буд ва наметавон ӯро ходими давлатии Тоҷикистон номид. Ба ин далел мақомоти таҳқиқ ангезаи ин кушторро ба таври комил шарҳ надодаанд. Ба ин сабаб фарзияҳои гуногуне дар ин бора паҳн шудаанд ва агар ҳатто афроди айбдоршуда ва ин боздоштшудаи нав дарвоқеъ қотилони Олимпур бошанд ҳам, фармоишгарони ин куштор дар паси парда боқӣ мондаанд. Ба ҳар ҳол фарзияи мақомоти тафтиш начандон боварбахш аст. Мақомоти тафтиш ва бархе аз коршиносон куштори Олимпур ва хабарнигори шабакаи русии ОРТ, Виктор Никулинро ба ҳам васл медиҳанд ва рӯйдодҳои ҳамсон меноманд, вале дар ҳоле ки Никулин бо гузоришҳои шадидлаҳнаш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон метавонист, касе аз тарафдорони оппозисюни тоҷикро ба хашм оварад, Олимпур дар фаъолияти хабарнигорияш кӯшиш мекард, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҳассос дахл накунад. Ва куллан низ ӯ мавзӯъҳои фарҳангиро хуш дошту аз низоъ, хусумат ва зиштиҳо фирор мекард. Аз сӯи дигар ривояти инки чунин шахси боэҳтиёт чи гуна розӣ шудааст, бо афроди ношиносе аз коргоҳаш берун равад ва он ҳам дар ҳоле ки дар кишвар ҷангу хунрезӣ идома дорад, низ шубҳабарангез мебошад. Ҷасади ӯ субҳи рӯзи дигар кашф гардид ва ҳодиса гуфта мешавад, шомгоҳон ё шабона ба амал омадааст. Оё муфаттишон гуфта метавонанд, ки дар чандсадметрии кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна амнияте вуҷуд надоштааст, ки шахсеро дар ин ҷо ба зарби гулула бикушанд? Яке аз пизишкони осебшинос, ки дар колбадшикофии ҷасади Олимпур ширкат кардааст, мегӯяд, дар меъдаи ӯ палаве буд, ки шоми он рӯз ва соате пеш аз кушта шуданаш истеъмол шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ва ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Вале дар парванда ба ин ҷузъиёт диққат дода нашудааст.

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, бо вуҷуди он ки боздоштшудаи ахир, Аслам Усмонов, замони кушта шудани Муҳиддин Олимпур ба синни 16 нарасида буд, яъне ноболиғ буд, бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят вазнин – қатли инсон муҷозот хоҳад шуд. Манбаъ аз Вазорати корҳои дохилӣ афзуд, боздоштшуда Аслам Усмонов дар гуноҳи худ иқрор шуд ва феълан барои таҳқиқи ин парванда мусоидат мекунад.

Муҳиддин Олимпур аз пешоҳангони журналистикаи тоҷик шинохта шуда ва дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар ожонси давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза "Ховар") ва сар аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши душанбегии радиои В-В-С фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ мебошад.
Муҳиддин Олимпур 12-уми декабри соли 1995, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе кушта шуда ва бо гузашти 12 сол аз ин ҳодиса мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, тамоми қотилони ӯро пайдо карда ва ба муҷозот кашидаанд.

Тибқи маълумоти Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон, дар давраи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар аз соли 1992 то соли 1997 дар Тоҷикистон беш аз 70 журналист кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG