Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди "Шоҳи рок-н-рол"


Субҳи панҷшанбеи 16 август даҳҳо ҳазор нафар аз ҳаводорони ҳунари Элвис Преслӣ бо шамъҳои фурӯзону дастаҳои садбарг аз оромгоҳи "Шоҳи рок-н-рол" зиёрат карданд. Оҳангҳои Элвис аз ин сӯву он сӯ садо дода, тирезаҳои каме боз бо чароғҳои даргирони вилаи Грейсланд, воқеъ дар шаҳри Мемфиси аёлати Тенессӣ мехостанд, ба ҳозирин паём диҳанд, ки Элвис ва аҳли хонаводааш ҳамин ҷост ва шояд ба пешвози меҳмонон барояд.

Ёсуке Фунабашӣ, ки асли ҷопонӣ дорад, чанд сол пеш ба Мемфис кӯчид, то дар олами Элвис зиндагӣ кунад. Мисли Фунабашӣ ҳазорҳо ҳаводори Элвис аз гӯшаҳои мухталифи дунё шабро дар хиёбони Элвис Преслӣ сипарӣ намуданд, то дар қатори аввалинҳо аз қабри ба истилоҳ "Шоҳ" зиёрат намуда, муддатеро дар боғ ҳамроҳ бо ӯ гузаронанд.

Нерӯи фавқулодаи ҷозиба, рафтори самимона, ҳузури нотакрор дар саҳна ва коргардонҳои номҷӯю доно Элвисро дар давоми ду даҳсола қаҳрамони барномаҳои телевизионӣ, филму контсертҳои бузург ва моли хуби тиҷорат карда буданд. Элвис, ки 16-уми августи соли 1977 дар синни 42-солагӣ аз сактаи қалбӣ ба ҳалокат расидааст, тарзи фикрронии мардумро дигар карда, дар фарҳанги Амрико таъсири маҳвнашуданӣ гузоштааст.

Агар мо ба аксҳои Аҳмад Зоҳир сарояндаи афғонии маъруф дар Тоҷикистон назар афканем, либоспӯшии Аҳмад Зоҳир ва ҳатто баъзе таронаҳои ӯ ба оҳангҳои Элвис шабоҳати зиёд дорад.

Ҷон Леннон, ҳунарманди гурӯҳи маъруфи олам "Битлз", боре гуфта буд, ки пеш аз Элвис дар он ҷо, яъне Амрико, чизе набуд. Элвис ҳанӯз ҳам серфурӯштарин овозхони олам боқӣ мемонад. Беш аз як миллиард нусха албоми таронаҳои ӯ ба фурӯш рафта, истифодаи ному моликияташ солона то 50 миллион доллар даромад меорад.

Аз ин ҷост, ки ҳазорҳо ҳаводори ҳунари Элвис ба фавти ин шоҳи рок-н-рол бовар надоранд ва дар як саҳифаи интернетӣ дар бораи вохӯриҳояшон маълумот медиҳанд. Аслан интишори гузоришҳо дар бораи зинда будани Элвис ҳанӯз аз рӯзи маргаш оғоз ёфтааст.
XS
SM
MD
LG