Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тӯҳмати интернетӣ


Дар ин бора

Салом, ҷаноби оқои мудир ва кормандони муҳтарами радиои «Озодӣ»!

Майдони баҳсе, ки ба ибтикори шумо дар сомонаи «ozodi.org» мунтазам перомуни масъалаҳои рӯз доир мегардад, хеле ҷолиб ва сазовори таҳсин аст. Бе иғрок, ки касаз бисёри назарҳои равшан ва ҳусни афкори хонандагони ин сомона илҳом ва нерӯи тоза мегирад. Дар баробари ин, агар малоли хотири шумо, кормандони муҳтарами радиои «Озодӣ», нагардад, мехостам бо истинод ба навиштаи худи шумо, ки «Озодӣ хаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад», минбаъд нуктаи назари моро аз майдони баҳси Радиои Озодӣ ба рӯзномаи «Чароғи рӯз» реэкспорт ва майдони баҳси равшанфикрони «Озодӣ»-ро бо «Чароғи рӯз» тира макунед.

Бо умеди ҳусни тафоҳум, Шакибо.

Аз Озодӣ: Дӯсти фарзона Шикебо. Сомонаи радиои Озодӣ ҳеч порае аз маводи худро ба ҳеч расонае "реэкспорт" намекунад. Вале ҳамаи расонаҳо дар нақли қавли ин мавод озоданд ва ягона талаби қонунии Озодӣ ин аст, ки бояд ҳатман ба манбаъ ишора кунанд. Зимнан на танҳо «Чароғи рӯз», балки даҳҳо нашрияи дигар дар Тоҷикистон ва берун аз он аз маводи сомонаи интернетии Озодӣ истифода мекунанд ва Озодӣ ба бознашри ин мавод мухолифате надорад.
--------------------------------------
Салом ба ҳаводорони сомонаи OЗОДӢ!

Ба назари ман ҷилавгирӣ кардани ҳукумати Тоҷикистон аз туҳмату тавҳини шахсият дар Интернет
гайриимкон аст. Чаро ки он маблағе, ки барои сомон додани ин кор лозим аст, дар хазинаи ҳукумат мавҷуд нест.

Бигзор шахси хоину хиёнаткор ҳамвора мавриди таънаву мазаммат қарор гирад. Чунки ҷуз бад набувад сазои бадкирдорӣ.

Бо эхтиром,
Абдуқодир аз Хуҷанд.
--------------------------------------

Хуб аст вақте ҷилави туҳмату тавҳини шахсият дар Интернет ё ҷои дигар гирифта шавад, вале савол инҷост, ки чи гуна? Кишварҳои исломӣ, мисли Арабистону Эрону Покистон, бо масрафи маблағҳои ҳангуфт дар ҷилавгирӣ аз сомонаҳои порнографиву бараҳнагӣ ноком шуданд, ҳоло Тоҷикистон ҳам бо тавони андаки молии худ дар ин шабакаи бузург чи метавонад бикунад?

Ман бар онам, ки ин як кори номумкин аст.

Ҷ.
--------------------------------------


Хуб аст вақте ҷилави тӯҳмату тавҳини шахсият дар интернет ё ҷои дигар гирифта шавад, вале савол инҷост, ки чи гуна? Кишварҳои исломӣ, мисли Арабистону Эрону Покистон бо масрафи маблағҳои ҳангуфт дар ҷилавгирӣ аз сомонаҳои порнографиву бараҳнагӣ ноком шуданд, ҳоло Тоҷикистон бо тавони андаки молии худ дар ин шабакаи бузург чи метавонад бикунад? Ман бар онам, ки ин як кори номумкин аст.

Ҷомӣ, Душанбе
---------------------------------------
Аз ин мебарояд, мансабдорони ҷумҳуриамон аз интернет хабар надоранд. Онҳо фикр мекунанд, ки интернет ҳамчун радио ва телевзион асту онро мешавад таҳти назорат гирифт. Мегуфтанд, ки дар Тоҷикистн озодии сухан назар ба дигар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ каму беш дар амал буд. Акнун ҳамонро ҳам аз даст медиҳем. Мо бояд зидди ин хел қонунҳои беасоси поймолкунандаи озодии сухан бошем.

Аки
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG