Пайвандҳои дастрасӣ

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: «Овардани сулҳ заҳмати асосии ман буд»


Аммо як нуктаеро, ки ҳам дӯстон ва ҳам рақибонаш дар тарҷумаи ҳол ва дар рушду камолоти сиёсии ӯ ба унвони як шахсияти ҷаҳонӣ муҳимм ва асосӣ мешуморанд, ин будааст, ки ӯ исломро дубора аз узлату фаромӯшӣ ба саҳнаи сиёсат овард. Ва ӯ дар роҳи таблиғ ва даъватҳои исломӣ аз фишор ва азияти ҳукумати вақт наҳаросида, дар ин роҳ ҳатто барои чанд сол ҳам аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Профессор Иброҳими Усмон, аз аъзои ҳайъати музокиротӣ ва Комиссиюни пешини оштии миллӣ, ки оқои Нурӣ раёсати онро ба уҳда дошт, мегӯяд, оқои Нурӣ нахустин маҳбуси сиёсии тоҷики замони шӯравӣ буд, ки барои таблиғи ақоиди исломӣ ба зиндон кашонида шуд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Нигоҳи Нурӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон нигоҳи тоҷикона буд. Ин кас ҳамчун як шахсияти тоҷик оромии кишвари худро мехостанд ва намехостанд, ки касе ва ё қуввае ба Тоҷикистон таъарруз кунад».

Бо ин вуҷуд аз шахсияти Нурӣ ба унвони як рӯҳони сиёсӣ ва муҷоҳиди мусаллаҳ замоне ҷаҳон огаҳии бештар пайдо кард, ки ҳазорон тоҷики ҷабрдида ва аз зулми Фронти халқӣ тарсхӯрдаро дар ҳиҷрати иҷбориашон дар Афғонистон сарҷамъ кард, нерӯи низомӣ таъсис дод ва муборизаи мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмоновро ба роҳ андохт.

Ба бовари Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократ ва аз сиёсатмадорони насли нави тоҷик, оқои Нурӣ тавонист ҳукумати Раҳмоновро ба зону дароварда, маҷбур сари мизи музокирот бинишонад: «То таъсиси Комиссияи оштии миллӣ гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва ворид кадани ҷаъзе тағйиротҳо дар низоми ҳокимият ва ҳаёти минбаъдаи осоиштаи Тоҷикистон баъд аз соли 1997, бе шубҳа, бо ном, кор ва фаъолияти Саййид Абдуллоҳи Нурӣ робита дорад».

Аммо Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки дар як навбати музокироти тоҷикон роҳбарияти ҳайъати гуфтушунидро аз ҷониби ҳукумат бо мухолифин ба уҳда дошт, мегӯяд, оқои Нурӣ аз ибтидо ҷонибдори сулҳ буд ва барои ба даст овардани сулҳ, новобаста аз мақоме, ки дошт, омода буд, бо ҳар кас суҳбат кунад.

Бо ин ҳама, сарнавишти созмони сиёсии исломие, ки дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта ҷаноби оқои Нурӣ пинҳонӣ аз таъқибу таҳдиди ҳукумати комунистии шӯравӣ таъсис дода буд ва он имрӯз бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон расман фаъолият мекунад, равшан нест, ки баъди даргузашти ӯ чи хоҳад шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки баъди реҳлати оқои Нурӣ раёсати ин ҳизбро ба уҳда дорад, мегӯяд, воқеан, бисёриҳо мехостанд, ки ин созмон пораву пароканда бишавад, аммо устод Нурӣ баъди худ ҳам ҳизб ва ҳам мактаби сиёсиеро мерос гузоштааст, ки шогирдони ин мактаб метавонанд ҳар навъи мушкилро пушти сар кунанд. Оқои Кабирӣ мегӯяд: «Имрӯз дар яксолагии даргузашти устод метавон гуфт, ки ин ҳизб тавонист як зарбаи сахти тақдирро қабул кунад, ба пояш биистад ва, иншоаллоҳ, боварӣ дорем, ки дар марҳалаҳои оянда бо ҳамин сарбаландиву субот кори худро идома бидиҳад».

Вале як нуктаи дигар, ки на танҳо дар сарнавишти марҳум Саййид Абдуллоҳи Нурӣ сарнавиштсоз буд, балки дар таърихи тоҷикон сафҳаи тозаеро низ боз кардааст, ин буд, ки вай сулҳро бар ҷанг тарҷеҳ дод ва имзои худро дар санади сулҳи тоҷикон дар моҳи июни соли 1997 дар Маскав бигузошт. Вале баъдтар, вақте ки ҷониби дигари сулҳ заҳамоти ӯро дар ин роҳ фаромӯш кард, чунин гуфта буд: «Ман барои мардум сулҳ овардам. Мардум бояд бидонад, ки дар ин озодӣ, ин амният, ин сулҳ, албатта, заҳмати дигарон ҳам буд, вале ин заҳмати асосии ман буд. То ҳозир ман ин даъворо намекардам».
XS
SM
MD
LG