Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон рӯ ба Амрико овардааст?


Шореҳи ҳафтаномаи бонуфузи "Московские новости", Василина Василйева навиштааст, мақомоти Тоҷикистон Русияро аз бозори инержии минтақа берун мекунанд. Ба нақл аз як намояндаи махфиноми ҳукумати Тоҷикистон, вай меафзояд, чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон куллан аз баҳри созишномаи итмоми сохтмони нирӯгоҳи Роғун бо мадади ширкати РусАЛ гузашт ва ба пешниҳоди ноиби сарвазири Русия Сергей Наришкин дар бобати таҳияи як қарордоди нав бо шубҳа менигарад.

Муаллиф лоиҳаи Роғунро яке аз муҳимтарин барномаҳои инержии Осиёи Марказӣ меномад, вале таъхир дар иҷрои онро ба хурдагирии мақомоти Тоҷикистон дар мавриди баландӣ ва сифати сарбанди обанбор бастагӣ медиҳад. Дар ҷои дигаре аз мақола, вай ташдиди рақобати миёни Тоҷикистон ва Узбакистонро омили муҳиме дар самтгириҳои ахири геополитикӣ меномад, аммо онро ба таъвиқи сесолаи шурӯъи сохтмони Роғун марбут намекунад. Аз мақолаи ӯ ин гуна хулоса ба миён меояд, ки мушкили бумбастии Роғун як бозии ҳукумати Тоҷикистон аст, бо мақсади аз бозори инержии минтақа берун рондани Русия.

Дар ибтидои моҳи июл, ноиби сарвазири Русия Сергей Наришкин дар сафаре ба Душанбе, ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки агар РусАЛ ваъдахилоф аст, онро аз барнома хориҷ кунем ва итмоми сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ширкати саҳҳомии "ЕЭС" бар дӯш бигирад. Дар посух, ба навиштаи ҳафтанома, Эмомалӣ Раҳмон се шарт гузоштааст, ки гӯё бидуни онҳо ҳузури Русия дар лоиҳаи Роғун номумкин хоҳад буд. Нахуст, бояд тазмин дода шавад, ки Маскав бар зидди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳеч гуна маҳдудият ҷорӣ нахоҳад кард. Сониян, Маскав бояд мухолифони давлати Тоҷикистонро боздошт кунад ва ба Душанбе супорад ва саввум, дар баҳси байни Тоҷикистон ва Узбакистон аз мавқеи Душанбе пуштибонӣ кунад. Нашрия ин шартҳоро шаҳр намедиҳад, вале маълум аст, ки иҷрои онҳо, махсусан, пуштибонии Маскав аз Душанбе бар зидди Тошканд, хеле сахт ва ҳатто номумкин ба назар мерасад. Узбакистон баъд аз рӯ тофтан аз Амрико дар назди Маскав қимати махсус дорад ва ахиран Русия хостааст, Тошканд яке аз чаҳор узви иттиҳоди содиркунандагони газ барои лулаи аврупоии Русия бошад.

Ин ҳол, навиштааст шореҳи ҳафтаномаи "Московские новости", Душанберо водор кардааст, ки чунин пуштибонӣ дар баробари фишори Узбакистонро аз Иёлоти Муттаҳида ҷӯё шавад. Амрико низ пас аз ронда шуданаш аз Узбакистон ва мушкилоти рӯзафзун дар Қирғизистон ба як пойгоҳи мӯътамад дар минтақа ниёз дорад. Вале шояд барои ҷилавгирӣ аз сарусадоҳои нохоҳам, Вошингтон на дар пайи бунёди пойгоҳ дар Тоҷикистон аст, балки дар пайи ҷойгузинии ҳузури густардаи низомӣ ва дипломатӣ дар Душанбе. Лағви вомҳои Тоҷикистон аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, афзоиши кӯмакҳои Амрико ба низомиёни тоҷик ва ваъдаи сармоягузориҳои бузург ба иқтисодиёти Тоҷикистонро ҳафтанома ба ҳамин талошҳо бастагӣ медиҳад. Он менависад, ҳоло дар байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон гуфтшуниди афзоиши ҳузури ҳарбиёни амрикоӣ дар манотиқи бо Узбакистон ҳаммарзи Тоҷикистон идома дорад.

Як нуктаи дигар низ набояд дур аз назар монад, ки мақолаи ҳафтаномаи "Московские новости" як ҳафта пеш аз нишасти сарони Созмони Шангҳай ба чоп расид. Шояд барои ангехтани нигаҳҳои пурсишомези раҳбарони Русияву Чин ва лабхандҳои маънидори сарвари Узбакистон дар дидор бо президенти тоҷик?
XS
SM
MD
LG