Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бангладеш - рақиби аввалини Тоҷикистон


Ин қуръакашӣ дар даври аввали мусобиқоти интихобӣ тимҳоро бад-ин тариқ ба ҳам овард:

Бангладеш - Тоҷикистон,
Узбакистон - Тайван,
Қирғизистон - Урдун,
Камбоҷа - Туркманистон
Покистон - Ироқ,
Тайланд - Макао,
Шри-Ланка - Қатар,
Чин - Муанмар,
Бутон - Кувайт,
Вйетнам - Имороти Муттаҳидаи Араб,
Баҳрайн - Малайзия,
Тимори Шарқӣ - Ҳонконг,
Сурия - Афғонистон,
Яман - Ҷазоири Малдив,
Муғулистон - Кореяи Шимолӣ,
Уммон - Непал,
Фаластин - Сингапур,
Лубнон - Ҳиндустон,
Гуам - Индонезия.

Бозиҳои аввал дар майдони дастаҳое, ки якуманд, 8-уми октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 28-уми октябри соли 2007-ум баргузор мешаванд.

Қуръакашии даври дуввум

Аз 19 тими ғолиби даври аввал, ҳаштоаш, ки рейтинги пасттар доранд, ба даври дуввум ва 11 тими дигар ба даври севвум роҳ меёбанд.

Тимҳои Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саъудӣ, Ҷопон ва Эрон, ки аз рӯи натоиҷи Ҷоми ҷаҳон - 2006 ва мусобиқоти интихобии он дорои рейтинги баланд - аз 1-ум то 5-ум мебошанд, якбора ба даври севвум роҳ дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG