Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе-2 - барандаи Ҷоми Тер-Казарян


Дар ин мусобиқа, ки барои чаҳорумин бор баргузор шуд, ҳашт даста аз вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ, водии Рашт ва пойтахти кишвар дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон тӯли чаҳор рӯз рақобат карданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи Душанбе-2 бар дастаи Душанбе-1 бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуда, соҳиби Ҷоми ёдбуди Арнолд Тер-Казарян гардид.

Сулаймон Бобокалонов, мураббии тими ғолиб - Душанбе-2 ба радиои Озодӣ гуфт: "Ин мусобиқа, ки имсол ҷумҳуриявӣ гардид, бешак, барои рушди футбол миёни наврасони кишвар ва дарёфти бозигарони боистеъдод мусоидат намуд. Ҳамчунин дар ин мусобиқа, ки барои гиромидошти хотираи неки устодамон Арнолд Тер-Казарян доир шуд, мо беҳтаринҳоро муайян кардем ва онҳоро ҳамчун номзад ба аъзои дастаҳои мунтахаби наврасони кишвар пешбарӣ хоҳем кард."

Дастаи Душанбе-1 мақоми дуввумро касб нумуд.

Дастаи шаҳри Ваҳдат, ки бар тими Душанбе-3 бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб омад, дар ҷойи севвум қарор гирифт.

Бозигарони дастаи ғолиб - Душанбе-2 Руини Саломиддин беҳтарин дарвозабон, Дилшод Расулов беҳтарин ҳимоятгар, Умар Бобокалонов беҳтарин нимҳимоятгар ва узви дастаи Ваҳдат Далер Раҷабов беҳтарин ҳамлагар эълон шуданд. Мансур Маҳмадбобоев, бозигари Душанбе-1 бо 7 голи задааш беҳтарин голзани мусобиқа гардид.

Беҳтарин бозигари ин мусобиқа Темур Одилов, аз дастаи Душанбе-3 бо ҷоизаи Ҷамъияти арманҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG