Пайвандҳои дастрасӣ

Пазмонӣ


Ман пазмони инқилоби тоҷикӣ дар Тоҷикистонам. Ман пазмони Ҳукмронии миллати Тоҷик дар Тоҷикистонам. Ман пазмони «Чароғи рӯз» дар Тоҷикистонам. Ман пазмони намози тоҷикӣ дар Тоҷикистонам.

Ман дигар пазмони чизе нестам.

Шодибой.
--------------------------------------

Ман ҳамин лаҳза пазмони дидори модари азизам ҳастам. Ӯ синнаш ба ҷое расидаасту дар деҳа ба сар мебарад ва ман бошам - дар Душанбе.

Бошад, ки боз бинам
Дидори модарамро.

Ҷомӣ, Душанбе.
--------------------------------------

Ростӣ, замони охир майдони баҳс ғайр аз blah-blah-blah-гӯии нависандагон ва аблаҳии майдондорон дигар ба ҳеҷ чизе монанд нест!!!

Меҳрон.
--------------------------------------

Дуруд ба хонандагони родиюи «Озодӣ»!

Ман хеле пазмони Падару Модар, аҳли оила ва Халқи азияткаши меҳнатдӯстам шудам. Тӯли 3 сол мешавад, ки аз Падару Модар ва халқу Ватан ҷудоям!

ЧУ БУЛБУЛ ДАР ҚАФАС БОШАД, ЧАМАНРО ДӮСТ МЕДОРАД,
МУСОФИР ҲАР КУҶО БОШАД, ВАТАНРО ДӮСТ МЕДОРАД.

Бо эҳтиром, Дӯсти Ватан бо ашки резон Шерозӣ.
--------------------------------------

Дуруд!

Бале, пазмон ҳастам, пазмони падари бузургвор ҳастам ва пазмони меҳрубониву навозиши ӯ, ки, то умр боқист, пазмон мешаваму пазмон...

Ва намедонам, ки оё ягон вақт ин ҳолат аз дили ман мерафта бошад, зеро дар ин дунё ӯро дигар намебинам ва намеёбам...

Ва боз, чун ҳар фарди солим - фарзанди тоҷик - пазмони Тоҷикистоне ҳастам, ки дар он ягон чашму дили пазмон набошад!

Фарзанди Соҳиб.
--------------------------------------

Аз Худо мехоҳам, ки дили ҳукуматдорони моро кушояд, то масҷидҳои мо, ки дар онҷо намоз ва дуои ободии ин кишварро мекунем, бо булдозер ва кранҳо вайрон карда нашаванд.

Дигар ҳамин монда буд, ё Худо, ин ҳаққи моро аз мо мегиранд.

«Кист золимтар аз онки бозмедорад (мусалмононро) аз масҷидҳои Худо ва бозмедорад (мардумро) аз онки дар он номи Худо бурда шавад ва кӯшиши харобии онро мекунад? барои он (масҷидманъкунандагон) хорист дар дунё ва азобест дар охират». (Қуръони карим)

Ва як чизро мехоҳам бигӯям, ки яке аз он шахсоне, ки дар вайрон кардани масҷиде дар пойтахт иштирок дошт, Худо ба сараш бузургтарин мусибате овард, ки то дер боз дар азоб хоҳад монд. Ин аст азоби ӯ дар ин дунё, ва дар охират низ ӯро азоби дардноке интизор аст.

Тири Худо садо надорад, вақте, ки зад, даво надорад.

Илтимос, ин дарди дили мо, нафақахӯрони бесоҳиб аст, чоп кунед.

Бо эҳтиром, Абдуллоҳи Маҳмуд.
--------------------------------------

Дар орзуи дидори он рӯзам, ки Тоҷикистони азизам яке аз давлатҳои пешрафтаи олам бошад ва тамоми мушкилоти иқтисодиву иҷтимоияшро ҳал карда бошаду мардуми саргаштаву ҳайрони тоҷик аз гӯшаву канори олам баргашта биоянду Ватани азизамонро ҳамроҳ обод кунем.

Ва дар орзуи он ҳастам, ки аз насли ҷавонони таҳсилкардаамон низ дар умури давлатдорӣ кор гирифта шавад.

Боз дар орзуи онам, ки сардорони давлатамон битавонанд дарк кунанд, ки Ватани азизамон аз сарватҳои табии зиёде бархурдор аст, ки агар аз онҳо хуб истифода шавад, кишварамон метавонад узви давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон шавад.

Лекин, мутаасифона, ҳоло ин боигариҳоямонро дигарон бурда истифода мекунанду мардуми бечораи мо гушнаву пойлуч мегарданд, дар гӯшаву канори олам сарсону саргардон мешаванд.

Дар орзуи онам, ки Тоҷикистони азизамон, ончуноне ки дар ном истиқлол ёфтааст, дар ҳақиқат ҳам ин истиқлолият амалӣ шаваду мо муҳтоҷи касеву кишваре набошем.

ashra83@list.ru
--------------------------------------

Пазмони дидори падару модар ва рӯзҳои беҳтарини ҳаёт, яъне кӯдакӣ, мебошам. Мехоҳам бори дигар кӯдак шуда, зиндагии хешро аз сари нав оғоз намоям. Зеро дар даври кӯдакии мо ҳам шароити зиндагӣ беҳтар буд ва ҳам одамони хуб зиёд буданд.

Ҳоло чи? На шароити зиндагӣ ҳасту на нафарони хуб боқӣ мондаанд. Ҳама одаму одамгариро бо пул иваз кардаанд.

Зуҳал.
--------------------------------------

Бо дуруд!

Пазмони волидон ва аҳли оилаи худ ҳастам ва аз ҳама беш пазмони Ватани азизам Тоҷикистон ва боду ҳавои он.

Пазмонам, пазмони шахсе ҳастам, ки ғами миллатро ғами худ ҳисоб кунад ва тавонад Ватанро ободу озод кунад.

Саломат бошед.

Бародари ғариби шумо.
--------------------------------------

Хобе бинам, ки дар Бадахшон бошам,
Дар зери чинор, дар гулистон бошам.
Дар зери чинор, дар таги беди баланд,
Армон дорам пеши рафиқон бошам.

Олим.
--------------------------------------

Дуруд, азизон!

Пазмони падари меҳрубони худ ҳастам, ки дар Русия мардикорӣ мекунад. Ман ӯро зиёд дӯст медорам ва гоҳе эҳсос мекунам, ки бе ӯ наметавонам. Вай ҳамасола дар фасли гармои тобистон ба Русия ба мардикорӣ меравад, то барои зимистон ангиштсанг бихараду орду равғану биринҷ захира бикунад.

Пазмонӣ дарди сахт аст ва «лаззат»-и онро касе медонад, ки «чашидааст». Ҳамаи занони тоҷик пазмони шавҳарони худанд. Азоби рӯҳии онҳоро худи онҳо хуб медонанд, на масъулони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон. Кош, инҳо низ як бор пазмон мешуданд...

Саййидои Рустам, Ашт
--------------------------------------

Пазмони ояндаи наздики Тоҷик ва Тоҷикистонам, ки орзу дорам озод, хушбахт, сарватманд ва шукуфо гардад.

Пазмони номи баланди Тоҷик, на ҳамчун ҳероинфурӯш ё гастарбайтер.
Пазмони замоне, ки модарони Тоҷик дилшоду сарбаланд бошанд ва на чун ҳоло, ки қариб ҳамарӯз тобути фарзандонашон аз хориҷи кишвар ҳамеояд.

Пазмони рӯзе, ки ҷумлаи Тоҷикистониён новобаста аз миллату ойину ранги пӯст соҳиби шоҳи одил ва зиндагии хубу озод бошанд.

Кова.
--------------------------------------

Ман пазмони ҳамон давраи солҳои ниҳоят дилгармкунандаи 1991-1992 ҳастам. Аҷаб рӯзҳое буданд он рӯзҳо!
Рӯзномаҳо озод буданд, радио ва телевизион ҳам ба мардум чизҳои хубу бомаънӣ пешкаш мекард.

Вале ҳоло чи? Аз рӯзномаҳои озод ягонто намондааст. Радио ва телевизион ҳам ба ғайр аз таърифу тавсифи Эмомалӣ Раҳмонов ва таралайки дангу синаҷунбонии раққосаҳои нимурёну беҳаё ва орӣ аз нур дигар чизе нишон намедиҳад. Ҳа, фаромӯш кардам, боз, албатта, барои ин мардуми гушнаву дунёнадида филмҳои масхараи ҳиндӣ нишон дода мешавад. Тамом.

Худо боз ҳамон рӯзҳоро биёрад, рӯзҳои бад набуданд, лекин ҳукумати онвақта, ки инро намехост, корро ба ҷанг кашид ва ҳамаро аз сараш монд. Лаънат ба онҳо!

Акнун чи дорем? Бо ҳамин як сулҳ дорем гуфта, ҳазор бор таъкид кардан ҳукумат моро миннатдор кардан мехоҳад. Аммо мо ҳаргиз розӣ нестем! Ку, як бор зиндагиро дуруст тинҷ кунанд, бинем! Ин нарху наворо бин, ба осмон дакка задааст! Барои худашон хонаҳои дакаданг сохтаанду барои мардум ҳеч чиз. Мардум то кай дар манзилҳои дигарон иҷора шинанд??!! Нархи як хонаи дуҳуҷрагӣ то 30 – 35 ҳазор доллар расидааст. Мардум бо кадом роҳ дигар метавонанд барои худ хона харанд, вақте ки маошашон ҳатто барои зиндагиашон намерасад, баъди мурданашон?!

Мо мардуми тоҷик пазмони рӯзҳои хубем.

Бо эҳтиром, Муродалӣ, шаҳри Душанбе.
_______________________


Khobe binam ki dar Badakhshon bosham,
Dar zeri chinor dar guliston bosham,
Dar zeri chinor dar tagi bedi baland,
Armon doram peshi rafiqon bosham.
______________________________
XS
SM
MD
LG