Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайомадҳои зилзилаи шадид дар ноҳияи Рашт


Радиои "Озодӣ"

Соати 3-ву 45 дақиқаи субҳи 22-вуми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт як заминларзаи шадид ба амал омад. Гуфта мешавад, бар асари ин офати табиӣ манозили зиёди сокинони рустоҳои Кӯлоба, Каҳдара, Хост, Қазноқ, Качамандӣ, Қизроқ, Лангарак ва деҳоти дигари ноҳия хароб шудааст.

Гуфта мешавад, маркази зилзила 175-километрии шарқии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, будааст ва, дар ҳоле ки куҳансолони ин минтақа дар ду-се даҳсолаи ахир заминларзаеро ба ин шиддат дар ёд надоранд, бар асоси ахбори расмӣ қувваи он ҳамагӣ 6 дараҷаи ҷадвали Рихтер арзёбӣ шудааст.



Вале ба гуфтаи зилзилашиноси маҳаллӣ Муҳаммадсафо Мирзоқурбонов, ки собиқаи беш аз бистсолаи корӣ дар Маркази зилзиласанҷии воқеъ дар ноҳияро дорад ва дар робита ба ин офати табиӣ таҳқиқоти инфиродиеро ҳам анҷом додааст, қувваи зилзила дар маркази он наздики 7 дараҷа будааст.

Чунон ки аз ситоди фаврии марбут ба зилзилаи ноҳия хабар доданд, дар натиҷаи зилзила се нафар бародарон - Искандар, Исмоил ва Фозил Хучоновҳои аз 12 то 17-сола - ба ҳалокат расида, теъдоди зиёди одамон захмҳои вазнин бардоштаанд.

Бар асоси иттилоъи хабарнигори родиюи «Озодӣ» дар минтақаи водии Рашт Маҳмуди Шодӣ, бар асари заминларза 174 хонаи истиқоматӣ комилан хароб ва 1205 хонаи истиқомативу биноҳои маъмурӣ қисман тахриб дидаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба иттилоъи масъулини ситоди фаврӣ, ин ҳама арқом ҳанӯз ҳисоби ниҳоӣ набуда ва ҳаҷми хисороти бар асари заминларза воридшуда дақиқан ҳисоб карда мешавад.
XS
SM
MD
LG