Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишҷӯи ҳиҷобпӯш: ба пайкор идома медиҳам


Давлатмоҳ Исмоилова мегӯяд, ки 20 сол дошта, дар соли сеюми бахши шарқшиносии донишкадаи забонҳои шаҳри Душанбе дар ихтисоси заабонҳои арабиву англисӣ таҳсил мекунад. Дар баробари ин, ӯ донишҷӯи соли дуюми риштаи ғоибонаи факултаи иқтисодии донишгоҳи миллии кишвар аст. Вай мегӯяд, ки дар хонаводаи серфарзанд, иборат аз 10 кӯдак, ба воя расида, падараш то бознишастагӣ дар корхонаи "Тоҷиктекстил" ва модараш ба ҳайси фаррош кор кардаанд. Рӯзи душанбе, баъди мурофиаи додгоҳӣ Давлатмоҳ ба студияи радиои Озодӣ омад ва мавқеи худро барои мубориза барои ҳақи худ такрор кард.

Давлатмоҳ: Ман бо як суд қонеъ намешавам, чунки ғайр аз суди ноҳиявӣ суди шаҳрӣ ҳаст, ҷумҳуриявӣ ҳаст, баъдан байналмилалӣ ҳаст.

Ояндасоз: Барои шумо ин мубориза чӣ маъно дорад?

Давлатмоҳ: Рӯсарии ман танҳо он маъноро дорад, ки ман озодӣ мехоҳам, ҳеҷ кас набояд ба ман гӯяд, ки "ту рӯсарӣ напӯш! ту ин либосро пӯш - онро напӯш!". Ихтиёр дар дасти ман аст. Кадом либосро барои худ интихоб кунам, ҳамонро мепӯшам. Ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, аз ҷумла - на вазорати маориф ва на донишкада. Ҳақ надорад ба ман чунин гӯяд. Намемонам, ки ҳақу ҳуқуқи ман поймол шавад. Ман ягон чизи дигар намехоҳам.

Ояндасоз: Дар сӯҳбати қаблӣ шумо таъкид кардед, ки барои Шумо пӯшидани ҳиҷоб ва рӯсарӣ як мафҳуми ахлоқӣ ҳам дорад. Шумо гуфтед, вақте духтарҳои либоси аврупойӣ ба бар баъзан аз ҷониби бачаҳо дар хиёбонҳо ҳар гуна ҳарфҳои бадро мешунаванд, шумо ин гуна муносибати манфиро нисбати худ эҳсос намекунед. Барои шумо ҳиҷоб чун як сипари ахлоқӣ хизмат мекунад ё маънои дигар дорад?

Давлатмоҳ: Аввалан, ин як либоси хоси зани исломӣ аст. Чун бо ин либос мебинанд, ҳамон шахсон мефаҳманд, ки ин зан чӣ гуна аст. Аммо ман таъкид мекунам, ки бо он либосе, ки дигар духтарҳо мепӯшанд, ҳеҷ зиддияте надорам. Аҳли оилаи мо, хоҳарҳои бузурги ман ҳам ҳамин либосҳоро мепӯшанд. Ман бо ин либос худро озодтар ҳис мекунам, назар ба он либос.

Ояндасоз: Давлатмоҳ, падару модар ва дӯстону наздиконатон, ки аз ин муборизаҳои додгоҳии шумо бо вазорати маориф огаҳ ҳастанд, чӣ вокуниш нишон медиҳанд?

Давлатмоҳ: Рости гап, падару модарам розӣ набуданд, чунки ягон нафари онҳо дар Ислом ин хел сахт ҳам нестанд, ки гӯям модарам бибиотун бошанду падарам домулло бошанд ё имомхатиб - на. Онҳо дар аввал гуфтанд, ки "биё, духтарам, ҳамин рӯсариро гир, рав то дари донишкада, баъдан кашу дарову дарсатро хон. Се солатро насӯзон". Аммо ман рад кардам. Ҳамон рӯзе, ки ман ба суд рафтам, модарам гуфтанд, ки "биё, духтарам, накун ҳамин корро". Ман гуфтам "Не, модарҷон, ягон гапи зиёдатӣ намехоҳам, ман танҳо озодии худро мехоҳам, танҳо ҳақу ҳуқуқи худро мехоҳам ҳимоят кунам". Ҳоло бошад, онҳо розӣ ҳастанд. Он дӯстоне, ки дар гирду атрофи ман ҳастанд, мегӯянд: "Ту натарасидӣ?". Ман инро мубориза намешуморам, ман танҳо озодиро мехоҳам. Онҳо тарсу ваҳм доранд, аммо, алҳамдулиллоҳ, дар ман ин тарсу ваҳм нест, чунки ман танҳо аз худои тори сарам метарсаму халос.

Ояндасоз: Давлатмоҳ, шумо таъкид кардед, аз як хонаводае нестед, ки иҷрои ҳама аҳкоми шариат дар он ҳатмӣ бошад. Чӣ шуд, ки шумо ба пӯшидани рӯсарӣ рӯ овардед?

Давлатмоҳ: Ин либос аз аввал ба ман маъқул буд. Вақте ки ман синфи 11 будам, он китобчаҳое, ки мефурӯшанд (ба қавли русҳо "брошюрка"), ман онҳоро гирифта мехондам. Рӯсарӣ, ҳиҷоб фарз аст барои зани мусалмон, ки ӯ бипӯшад. Ин каломи худо, ки ҳаст, ман ҳаминро барои худ интихоб кардам ва хеле ҳам шодам.

Ояндасоз: Шуморо касе пуштибонӣ мекунад, кадом нирӯи сиёсӣ, аҳзоби сиёсӣ?

Давлатмоҳ: Вакилро ман гирифтам, аммо ҳаққи хизмати ин вакилро намояндаи Маҷлиси намояндагон, раиси ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ пардохт мекунанд.

Ояндасоз: Шумо узви ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳастед?

Давлатмоҳ: На, аризаи ман дар ҳизби Халқии демократӣ аст?

Ояндасоз: Дар ҳизби Халқии демократӣ? Яъне мехоҳед узви ҳизби ҳоким шавед? Чаро?

Давлатмоҳ: Бале. Чунки ман таҳсил мекардам, мегуфтам, ки дар Тоҷикистон як демократия вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир, ман аризаи худро ба ҳизби Халқии демократӣ додам. Ман озод ҳастам ва ҳеҷ касе ба ман намегӯяд, ки "ту ин корро куну онро накун". Аз ҳамин хотир, ман аризаи худро ба ҳамин ҳизб додам. 7 апрел аризаи ман ба дасти онҳо дода шуд, аммо аз он рӯз то ин замон ба ман ҳеҷ хабаре наомадааст, ки маро ба узвият пазируфтаанд ё на.

Ояндасоз: Яъне шумо мехоҳед дар роҳи сиёсӣ гом бардоред, як сиёсатмадор шавед?

Давлатмоҳ: Албатта. Насиб, агар ман дар додгоҳ пирӯз шудам, мехоҳам ба ҳамин роҳам идома диҳам ва ҳар коре, ки аз дастам меояд, барои давлатам анҷом диҳам.

Ояндасоз: Ва саволи охир, Давлатмоҳ. Чаро шумо худро баъзан чун Фотима муаррифӣ мекунед?

Давлатмоҳ: Чун ман номамро гардондам, аммо ҳанӯз расмӣ накардам. Баъд аз он ки ман ба рӯсарӣ гирифтам, ҳаминро фаҳмидам, ки номи хоси исломӣ доштан хуб аст. Аз ҳамин хотир, ман исми Фотимаро барои худ интихоб карда онро гузоштам. Иншооллоҳ, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро иваз карда, Фотимаи Наҷмиддин мешавам. Наҷмиддин исми падарам аст.


oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG