Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабақи сиёсии ҷавонони қирғиз


"Дар Қирғизистон ҷавонҳо дар бораи вазъи сиёсӣ озодона сӯҳбат ва сиёсати ҳукуматро нотарсона танқид мекунанд, аммо бо ин ҳама, забони муоширати ҷавонҳо русӣ мебошад" - мегӯяд як ҷавонмарди туркман, ки ахиран аз ин кишвар дидан кард. Гуванч Гераев, хабарнигор ва масъули барномаи ҷавонони бахши туркмании радиои Озодӣ ахиран тайи се ҳафта дар Қирғизистон буд ва дар ин муддат бо ҳаёти ҳамсолонаш дар шаҳрҳои Бишкек, Иссиқкӯл ва Чолпонота шинос шуд. Гуванч мегӯяд, аввалин чизе, ки барояш қобили қабул будааст, ин озодиҳои сиёсиву фикрии ҷавонҳои қирғиз мебошад. Вай гуфт: "Ман бори аввал дар Қирғизистон будам ва барои ман ҳама чиз ҷолибу омӯзанда буд. Ҷавонҳои ин кишвар хеле бозу меҳрубон ҳастанд. Дар муоширати оддӣ онҳо ба таври бисёр озод роҷеъ ба таҳаввулоти сиёсии кишвар ва раҳбарони имрӯзаашон баҳс мекунанд. Ман орзу дорам, ки чунин озодиҳоро дар миёни ҳамсолони онҳо аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба вижа Туркманистон бубинам".

Гуванч мегӯяд, ки ҳарчанд роҷеъ ба давлатҳои дигари ин минтақа шинохти кам дорад, аммо аз назари ӯ, ҷавонҳои Қирғизистон, ки таи солҳои охир бо фаъолиятҳои густардаи ҷамъиятиву сиёсӣ машғул буда, дар инқилоби рангаи ду соли пеш нақши созандаро бозӣ кардаанд, роҷеъ ба арзишҳои демократӣ дидгоҳи вижа дошта дар ин бора бо масъулияти бештар сӯҳбат мекунанд: "Он таҳаввулоти демократие, ки дар Қирғизистон мушоҳида мешавад, бидуни шубҳа барои ҷомеаҳои ҷавони Туркманистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон як дарс аст. Дар Қирғизистон мардум баҳои арзишҳои демократиро хуб мефаҳманд. Он ҷо дар ҳар кунҷу канор нашрияву маҷаллаҳои мухталиф ба забонҳои қирғизиву русӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Инро дар Туркманистон, масалан, мушоҳида карда намешавад"

Танҳо чизе, ки ба қавли Гуванч, то андозае таассуроти касро аз Қирғизистон ба унвони як кишвари дорои фарҳанг ва таърихи миллии пурғановат кам мекунад, ин муоширати аксар мардум ба забони русӣ мебошад: "Бидуни шак, ҷомеаи Қирғизистон дар баъзе масъалаҳо воқеан ҳам пешрафт кардааст, аммо он чи ки маро андак нороҳат кард, ин буд, ки аксар ҷавонҳо ба забони русӣ муошират мекунанд. Ҳатто дар як рустои дурдасти соҳили Иссиқкӯл хонаводаҳоеро шоҳид шудам, ки бо атфоли хурдсоли худ бо русӣ сӯҳбат мекунанд ва ин забони хонаводаии онҳо аст. Дар назари аввал чунин эҳсос кардам, ки гӯё дар солҳои 80-уми шӯравӣ бошам ва ин Қирғизистон неву Маскав, яъне Русия мебошад".


Гуванч мегӯяд, ки дар Қирғизистон бо гурӯҳи ҳамватанони туркманаш ҳам дидору гуфтугӯҳо анҷом дода, оид ба шароити зисту таҳсил ва кори онҳо суолҳо кардааст. Ӯ мегуяд, ки аз шумори зиёди донишгоҳҳои ин кишвар дар ҳайрат афтодааст, ки барои беш аз дусад ҳазор донишҷӯи маҳалливу хориҷӣ ҳудудан сад донишгоҳи хурду бузург фаъолият мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар Туркманистон, ба гуфтаи ӯ, танҳо чаҳор ҳазор ҷавон ҳақи таҳсил дар мактабҳои олиро доранд, зеро раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар шумори мактабҳои олӣ ва ҷавонҳои дорои ҳақи таҳсил дар ин донишгоҳҳоро шадидан коҳиш додааст. Аз ин рӯ, ба қавли Гуванч, ҷавонҳои зиёди ҳамватанаш имрӯз дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил ва дар баробари ин кор ҳам мекунанд: «Ҷавонҳои зиёди туркман ин ҷо таҳсил ва кор мекунанд, ва аҷибаш ин ки, онҳо ҳам мисли ҳамсолони қирғизистонии худ, аз ҷиҳати фикрӣ, назар ба ҳамватанонашон дар дохили Туркманистон, озодтар ҳастанд: онҳо дар ҳама мавзӯъҳо сӯҳбат мекунанд, намеҳаросанд, ки боздошт ё саркуб мешаванд. Аксари онҳо хушбахтанд, ки дар баробари таҳсил дар мақозаи қолифурӯшӣ кор мекунанд ва ё нуқтаҳои фурӯши молу ҷиҳози мухталифи миллии туркманиро ба роҳ мондаанд"

Вай шод аст, ки ҳадди ақал берун аз кишвар ҷавонҳои Туркманистон метавонанд истеъдоду ҳунар ва имкониятҳои худро бисанҷанд, зеро, ба қавли ӯ, дар ватани худ имконияти рушду пешрафти онҳо хеле маҳдуд аст.
XS
SM
MD
LG