Пайвандҳои дастрасӣ

Қадами аввал ба донишгоҳ


Ақидаи дигарон дар ин бора


Салому дуруди бепоён ба ҳамватанони азиз!

Ман фикр мекунам, айни ҳол дар Тоҷикистон ҳамаи ҳаминҳо ҳастанд : дониш, фаросот, эҷодкорӣ, истиқлолияти ақлонӣ, «тағо», маҳал, сармоя ва ришва. Дар инҷо танҳо бо дониш ё ақлу фаросат кам одамҳо дохил мешаванд. Дида мешавад, ки аксар бо «тағо»-ву маҳал ва ришва ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд. Донишҷӯёне ҳам албатта ҳастанд, ки дониши хуб доранд. Барои ҳамин ҳамаи донишҷӯёнро инҷо сиёҳ кардан даркор нест.

Бо эҳтиром, Донишҷӯ.
--------------------------------------

Дуруд хидмати Шумо, дастандаркорони радиои Озодӣ ва ҳамсолони гиромӣ!

Аслан гирем, дар аксари донишҷӯёни имрӯзаи Тоҷикистон бартарию афзалият ва умуман як майле нисбати донишандӯзӣ хеле кам ба назар мераасд. Сабаб? Дар мо, донишҷӯёну ҷавонони тоҷик ангезаву инқилоби ақлонӣ нест, ки нест!

Моро одат бар ин шуда ки «такя» ба тағову амак намоем, аммо ман итминони комил дорам, ки ин «такягоҳҳо» дер намепоянд. Ба ҳар ҳол имрӯз дирӯз нест, балки дирӯз имрӯз аст. Умедворам, манзурамро фаҳмида бошед.

Хеле ва хеле хуб мешуд, агар ҳукумати Тоҷикистон сари ин масьла амиқан ва аз нуқтаи назари имрӯза андеша намояд.

Биёед, дар паси номи «амак»-у «тағо» як нуктаи калони интиҳо гузорем ва ба ояндаи Тоҷикистони ҷавонамаон, ки дар роҳи шукуфоист, бо чашми хирад бингарем!

Бо эҳтирому илтифот, Фирдавс.
--------------------------------------

Режими замони Иттиҳоди Шӯравӣ такон ва пешрафти ҷиддӣ ва бузурге дар соҳаи маорифи Тоҷикистон дод. Ва ин ҳукумати абарқудрат тавонист барои донишҷӯёни Тоҷикистони он вақт низ донишҳои ҷавобгӯи меъёри ҷаҳониро диҳад, ки ин пояи асосии пешрафти кишвар буд. Бадбахтона, ҳоло донишомӯзон ва донишҷӯёни Тоҷикистон талоше барои таълим ва омӯзиш надоранд. Ва тариқи қабули донишомӯзони Тоҷикистон низ аз нигоҳи маорифи мамолики пешрафтаи ғарб хандаовар аст.

Илоҷи ин «дард»-ро ман дар ҷалби омӯзгорони профессионал бахусус дар макотиби таҳсилоти миёна мебинам. Ва соҳибмансабоне, ки замони пеш тракторист ё «колхозник» буданд, беҳтар мебуд имрӯз касбҳои пешинаашонро адо мекарданд.

Ханҷарбек, устони Бадахшон.
--------------------------------------

Салом ба ҳамаи шумо. Ман яке аз ҳамон донишҷӯёни ҷабдида ҳастам, ки ба сабаби вафоти модарам ба имтиҳони даромадан натавонистам. Устод аз ман 100 доллар талаб кард. Аз ҳамин сабаб дили ман аз донишгоҳҳои Тоҷикистон мондааст.

Ман дар Миср дар факултаи давлату луғати донишгоҳи миллии Миср таҳсил мекунам.

Ман донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон будам ва ба сабаби ҳамин муаллимҳо тамом тамом накарда ба Миср рафтам. Ҳоло ягона роҳ ин сахт гирифтани донишгоҳҳл ва дастгирӣ кардани ва дастгир кардани муаллимони ришвагир мебошад.
--------------------------------------
Салом ба шумо.

Фикри ман дар ин бора ин аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба донишгоҳ дохил шудан ба воситаи донишу фаросат буд, аммо дар замони ҳозир «тағо» лозим аст.

Бо эҳтироми комил, Душанбе.
--------------------------------------

Ба номи Худованд.

Аз имзои созишномаи сулҳ 10 сол сипарӣ шуд, аммо бо сабабҳои маълум мактабу донишгоҳҳои мо на инки беҳтар нашуданд, балки аз солҳои нооромиҳо низ бадтар шуда рафта истодааст.

Ҳатто шарики стратегии давлати мо Федератсияи Россия дипломҳоямонро эътироф намекунад.

Агар чунин иқдом сиёсати ҳукуматдорон намебуд, ҳатман дар ин муддати 10 сол як вазир ё инки чанобони баландмақом боре ҳам аз раванди таълимии Вазорати маориф Тоҷикистон сухане мегуфтанд, ки чаро мактабу донишгоҳҳои дар чунин ҳолат қарор доранд ё насли ояндаи мо дар як сатҳи пасти дониш қарор гирифтаанд?!

Бо эҳтиром, Б. Мусофир.
--------------------------------------

Салом арз мекунам хидмати кормандони радиои Озодӣ. Дар ин маврид бояад бигӯам, ки аълон дохил шудан ба донишгоҳ танҳо бо роҳи тағобозиву ришива сурат гирифтаистодааст.
Масалаи квота бошад, он ҳам танҳо ба хешу табори мансабдорони деҳотӣ дода мешавад .
Во эҳтиром, Ҷелон

-------------------------------------
Ба фикри ман, бештар аз рӯи сармоя ё сарват донишҷу мешаванд, то аз рӯи дониш. Агар бовар накунед, як бор дониши "донишҷӯён"-и макотиби олии Тоҷикистонро (махсусан донишгоҳҳои пойтахтро) ақаллан аз рӯи меъёри мактаби ибтидоӣ бисанҷед. Боварии комил дорам, ки аксари кулли онҳо ҷамъу тақсими касрҳоро намедонанд ё аз харита наметавонанд Миср ва Тоҷикистонро нишон диҳанд - куҷо расад ба онки онҳо мисолҳои марбут ба функсияҳои тригонометрӣ ё масъалаҳои химиявиро ҳал кунанд ва аз ҳофизи Шерозиву Саййидои Насафӣ ду-се ғазалӣ азёд гӯянд.
Ман тамоман мутмаъин нестам, ки аз ин "донишҷӯён" фардо муаллими хубу мутахассис ё ҳатто олими барҷаста барояд. Ин бадбахтии миллат аст!
Шариф, донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

---------------------------------------
Салом ба ҳамсолони ҷавон ва дигар хонандагони ин сафҳаи интернетӣ!
Ба ақидаи ман имрӯз дар аксари донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз рӯи тағо ва пул интихоб мешаванд ва ин чиз аз ҳама беш дар донишгоҳҳои давлатӣ мушоҳида мешавад, ки дар он ҷо 5 сол аз ҳисоби давлат таҳсил менамоянду фикр мекунам, ки ин аз ягон касс пӯшида нест.
Дигар қисмати донишҷуён, ки қариб аз 7-8 фисади аҳолии Тоҷикистон, яъне фарзандони давлатмардони кишвар мебошанд, воқеан дар донишгоҳҳои тарзи хониши шартномавидошта таҳсил намуда, оянда 90 фисади онҳо воқеан кадри хубу боистеъдод барои ҷомеаи мо тайёр мешаванд. Фарзандони кишри ками аҳолӣ имрӯз дар донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар таҳсили илм менамоянд, ки онҳо низ мутахассиси воқеан талабгори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба воя мерасанд.
Як нукта гӯям бародарон, Тоҷикистони мо имрӯз он шӯравӣ нест, ки Турсунзодаи харсавор барин кӯдакро хононда, ӯро то вакили мардумӣ дар Маскав ва Осиёву Африқо тарбия карда расонад. Ҳозир писари носфурӯш носфурӯш тарбия ёфта, писари генерал генерал ва писари курсинишин оянда курсии падарро хунук карда, ба каси дигар намедихад.
Боқӣ худ қазоват кунед,
Акмали Шуғнӣ, донишҷӯ

---------------------------------------
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон!!
Ҳамватони хурду бузург, биёед як лаҳза ақли шарифро пеша карда як фикри одилона кунем. Ягон касро гунаҳкор накунему душман наҳисобем. Шукри Яздон пок, ки даҳ баҳор мешавад, гӯё мо дар фазои озоди сулҳ зиндагӣ ва фаъолият дорем. Бинобар сабаб, биёед ягон таклиф ва пешниҳоде ки ҷомеаи моро дар асл ба як ҷомеаи озоду демократӣ ҳидоят менамояд, пиёда кунем. Ба фикри бандаи камтарин, пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо вобаста аст аз мактабу маориф ва тандурустӣ. Барои ин ҳам дастандаркорони (мардони давлат) кӯшиши аввалиндараҷаро барои пешрафти ин ду соҳаи асоситарини ҷомеа ва ҳаёт ба харҷ диҳанд: яъне мактаби миёнаро дар пояе қарор бояд дод, то насли ояндаи мо тавонад, саводи кофӣ, лоақал дар сатҳи замони Шӯравӣ гирад.

Мардуми заҳматпешаи деҳот тавонад хизмати ройгони тиббиро сазовор бошад. Музди ночизи муаллим-омӯзгори мактаби миёнаро тавре бояд зиёд кард, то ӯ тавонад фақат дар фикри таълиму тарбияи насли оянда бошад ва дар ин ҳолат ҳукуматдорон метавонанд, дар сатҳи ҳуқуқӣ, аз эшон иҷроиши вазифаи пурифтихортарин ва заҳматталабтарини ӯро талаб намоянд ва назорат баранд. Инчунини дигар музди коргари оддии соҳаи ҳифзи сиҳатӣ ҳам. Дар он сурат, вақте ки насли солим ва босавод ба воя расид, метавон гуфт, барои идомаи таҳсил чи дар макотиби олӣ ва чи дар дигар дабистонҳо эҳтиёҷ ба ошною ошнобозӣ, тағою амаккобӣ ва дигар унсурҳои бегона ба ҷомеаи пешрафта намемонад.
Бо эҳтиром
Соибсаро
--------------------------------------
Салом ба ҳамватанони азиз.
Ман фақат як чизро мегӯям, то замоне ки вазири маориф ҳаст, то он замон ҳама бо тағаву бо сумдиҳӣ қабул мешаванд. Кадом вақте ки ҷаноби Раҳмон вазири маорифро дигар кард, шояд баъд ришва дар макотиби олӣ ба охир расад. Набошад не...

Ҳақиқатгӯи Озод
---------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG