Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музаффар Бурҳонов: Балети тоҷик дар дами марг аст


Музаффар Бурҳонов ҳоло устоди балет дар Театри давлатии Олмон аст ва дар зодрӯзаш ба ӯ занг задему аз номи ҳамаи шунавандагон табрикаш кардем. Вай хеле шод шуд ва гуфт, бо вуҷуди онки солҳост дар Аврупо ба сар мебарад, ҳамеша ба ёди Тоҷикистон аст ва ҳар кӯмаке ки аз ин ҷо истода ба ватанаш расонда метавонад, мерасонад. Вай афсӯс мехӯрад, ки ҳунари балети тоҷикӣ дар Тоҷикистон рӯ ба таназзул овардааст ва ба назар мерасад, ки гӯё ба касе даркор нест. Вай мегӯяд:

Се сол пеш ман бо як сафари кӯтоҳ дар Тоҷикистон будам ва ончи дидам, наметавонист, мояи хурсандии ман бошад ё диламро гарм кунад. Театри опера ва балети ба номи Айнӣ дар як вазъи риққатовар аст. Аз ончи ман дидам, рости гап, дилам реш шуд. Ман ҳеҷ ояндаеро барои ин ҳунар дар Тоҷикистон намебинам. Масалан, писари ман, Далер ҳоло дар мактаби балети Олмон таҳсил мекунад, ҳаждаҳсола аст ва аллакай дар Театри давлатии опера ва балети Олмон мерақсад, ахиран дар нақши Ромео дар "Ромео ва Ҷулйетта" ҳунар намуд. Баҳои хеле баланд гирифт. Ӯро бисёр дӯст медоранд. Худаш ҳам бисёр боистеъдод ва меҳнаткаш аст. Ман аз дидани комёбиҳои ӯ шод мешавам. Ва лаҳзаҳое фикр мекунам, ки вай метавонист, дар саҳнаи Тоҷикистон ҳамин гану бидурахшад ва номи Тоҷикистонро ба олам машҳур кунад. Вай тақрибан монанди ман мерақсад. Албатта, ҳанӯз ҷавон аст, вале олмониҳо ӯро хеле дӯст медоранд, бисёр ба ӯ хуб муносибат мекунанд ва худаш ҳам тавре гуфтам, бисёр боистеъдод аст ва аз сӯи дигар сарсупурдаи ашадии ҳунар аст."









Музаффар Бурҳонов мегӯяд, дар ин чанд сол даҳҳо шогирде ба воя расонда, ки ҳоло дар ишварҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекунанд ва давлати Испoниё аз ӯ хостааст, дар ин кишвар як мактаби балети худро таъсис диҳад ва таҷрибаву ҳунару дониши худро ба ҷавонон биомӯзад. Аз моҳи оянда оилаи Бурҳонов, ба шумули писараш Далер, духтараш Рухшона, ки навозандаи мумтоз аст ва ҳамсараш Нодира Пӯлодова-Бурҳонова, ки яке аз беҳтарин пиёнунавозони Олмон шумурда мешавад, ба Испониё мекӯчанд, то дар ин ҷо мактаби балети Музаффар Бурҳонов таъсис ёбад. Пеш аз он ки ба Берлин кӯчад, Бурҳонов аз соли 1992 то 2001-ум мудир мактаби балети Лаҳистон буд. Вай мегӯяд, дар ин муддат метавонист, садҳо шогирди нек дар Тоҷикистон ба воя расонад:

"Агар, масалан, дар Тоҷикистон шароити мусоиде мавҷуд мебуд, ҳунар дар кишвар рӯ ба шукуфоӣ мениҳод. Аммо вақте чунин шароит нест, табъан ҳама афроди боистеъдод, аз он ҷо мераванд. Шумо бинед, ки Фаррух Рузиматов дар Тоҷикистон чи ҳол дошт ва ҳоло чи ҳол дорад. Бисёр шогирдони ману Малика ҳоло берун аз Тоҷикистонанд. Як чизро бояд дарк кард, ки одамони ҳунарманд ҷоеро мекобанд, ки битавонанд, халлоқияти худро нишон диҳанд, истеъдоди худро амалӣ кунанд. Аз сӯи дигар мо ҳоло дар як ҷаҳони боз ба сар мебарем, робитаҳои гуногун ва қавиянд ва ҳунар озодона ба тамоми ҷаҳон доман паҳн мекунад, махсусан балет, ки ба намояндагони ҳамаи забонҳо фаҳмост. Ё мусиқӣ, ки низ ба тарҷума эҳтиёҷ надорад. Ҳоло кишварҳо мубориза мекунанд, ки ҳунармандони асилро ба тарафи худ ҷалб кунанд. Биноан ман шогирдони тоҷикамро хуб мефаҳмам, онҳо намехоҳанд, бо музди кам умри худро хазон кунанд ва ё таънаҳо шунаванд, ки балет як ҳунари бегона ва нозарур аст ва ман намедонам, оё дар оянда ягон рӯшание хоҳад шуд ё на."

Дар поёни сӯҳбат аз Музаффар Бурҳонов пурсидам, оё зодрӯзашро чигуна ҷашн мегирад. Гуфт, зимнан бори аввал аст, ки як тоҷик ба ман занг мезанад ва зодрӯз муборак мегӯяд. Вагарна, дар шастсолагӣ ва шаступанҷсолагии ман шабҳои эҷодиям барпо шуданд, табрикномае нагирифта будам. Саввуми июл Музаффар Бурҳонов шастушашсола шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG