Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди озарбойҷонии Путин пазируфта шуд, аммо...


Бруссел Аҳто Лобайкас Вошингтон ба пешниҳоди президенти Русия посухи расмӣ дод ва вазирони дифоъи НАТО сари ибораи "ҷанги интернетӣ" баҳс карданд

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида рӯшан кард, ки пешниҳоди ахири Русия дар бобати истифодаи муштарак аз пойгоҳи родории Озарбойҷон нақшаи истиқрори шабакаи зиддимушакии Амрикоро дар Аврупои Марказӣ иваз нахоҳад кард.

Пас аз чандин моҳи интиқоди шадид аз нақшаҳои Амрико, президенти Русия ҳафтаи гузашта дар нишасти сарони ҳаштгонаи пешрафтаи саноатӣ як пешниҳоди муросоомез ба миён гузошт, ки дар ҷои баҳс Вошингтону Маскав метавонанд, аз пойгоҳи родорӣ дар Озарбойҷон ҳамроҳ истифода кунанд.

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ин пешниҳодро "шавқангез" шумурд, вале акнун вазири дифоъ -- Гейтс, мегӯяд, пойгоҳи Озарбойҷон аз нигоҳи Вошингтон як изофа ба нақшаи асосист, то ивазкунандаи он. Вай гуфт: "Ман дар ҷаласа хеле ошкоро гуфтам, ки родори Озарбойҷон барои мо як имконияти иловагист ва мо нақшаи истиқрори родор дар Ҷумҳурии Чехро идома хоҳем дод."

Ин масъала дар нишасти вазирони дифоъи Паймони Атлантики шимолӣ дар Бруссел баррасӣ шуд ва ҳарчанд вазъи афғонистон ва мавзӯъҳои дигар низ муҳим буданд, мавзӯъи шабакаи зиддимушакӣ онҳоро дар сояи худ гузошт.

Дабири кулли НАТО, Яап де Ҳуп Схеффер дар шарҳи мавзӯъ гуфт, аз он ҷо ки сипари зиддимушакии Амрико ҳамаи Аврупоро пӯшиш намедиҳад, паймон мақсад дорад, бо имкониятҳои дифоии худ ин холигоҳро пур кунад. Вай гуфт, тасмими ниҳоӣ дар ин масъала дар нишасти сарони паймон дар Бухорест дарт баҳори соли оянда гирифта хоҳад шуд. Аммо Схеффер низ гуфт, фикр намекунад, ки бо сабаби пешниҳоди Русия тарҳи истиқрори пойгоҳи родор дар Ҷумҳурии Чех ва мушакҳои зиддимушак дар Лаҳистон боздошта шавад. Схеффер мегӯяд, пешниҳоди президенти Русия Владимир Путин ба маънии дарёфти олтернатив ба тарҳи Аврупо нест ва гуфтушунидҳои иҷрои тарҳи асосӣ дар миёни Иёлоти Муттаҳида ва Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Чех идома доранд.

Дар нишасти вазирони дифоъи НАТО дар Бруссел бо пешниҳоди Эстония ҳамчунин як масъалаи комилан нав мавриди баҳс қарор гирифт. Ин кишвар мегӯяд, ҳадафи ҳамлаи инернетӣ будааст ва дар посух ба кӯчониши ҳайкали сарбози шӯравӣ дар охири моҳи апрел, бо ҳамлае, ки аз Маскав маншаъ мегирад, сомонаҳои интернетии давлатӣ ва хусусии он баҳам зада шуданд. Баҳс аввали сари вожаҳо рафт, ки "ҳамлаи интернетӣ" ё "ҷанги интернетӣ" чӣ маънӣ доранд ва сипас ваъда шуд, дар ҳимоят аз зербинои муҳими паймон иқдоми фаврӣ ниҳода шавад.
XS
SM
MD
LG