Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро мо Пеле надорем?


Сeҳбати коршиносонро шунавед.



Мо бисёр чиз надорем. Пеле надорем, Гагарин надорем, Армстронг надорем, пул надорем. Аммо бештари бештар, мутаассифона, мо сайъ надорем. Танбалем, ба Худо танбалем. Ҳе, мо тоҷикҳо инхелем, ҳе мо тоҷикҳо унхелем. Ҳе бубин, фарҳанги бою таърихи бостониву одамони бузурги мора. Ҳамаи ин ба шарофати кист? Бо ҳаму мардакҳо - Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Сомониву дигару дигар. Пагоҳ набераи ман, ба киву чи ифтихор мекарда бошад, Аллоху аълам. Барои кӣ Пеледор шавем бачаҳо, меҳнат кардан даркор.
Пушёнӣ...


--------------------------------------
Замона ҳамеша дар ҳоли тағйир аст ва дар соҳаи варзиши Тоҷикистон, ки футбол яке аз қишрҳои ин соҳа аст, бояд тағйироти куллие ба амал ояд. Зери мафҳуми "тағйироти куллӣ" ман омилҳои зеринро дар назар дорам:

1. Фароҳам овардани шароитҳои хуб барои наврасон, аз ҷумла таъмини муррабиҳои профессионал.

2.Ба ҳайъати тими миллӣ бояд футболбозони бомаҳорат аз тамоми устонҳои кишвар ҷалб карда шаванд, аз ҷумла аз устони Бадахшон. Ва тарзи машқ ва зисту ғизои онон ҷавобгӯи меъёри ҷахонӣ бошад.

3. Раиси федератсияи футбол бояд профессионали соҳаи футбол бошад, на қумондон ё трактористи пешина.
Он вакт тими миллии мо метавонад ба он қуллаҳое расад, ки "Помир" замоне расида буд ва мо метавонем ҷуёи Пеле, Роналдинио ва Роналдову Шевченкоҳо дар Тоҷикистонамон шавем.

Ханҷарбек, Бадахшон.
--------------------------------------

Салом, бародарони тоҷик ва ононе, ки ин суолро матраҳ намудаанд.

Дӯстон, мебахшеду Пелеро танҳо Бразилия дорад, на Русия дораду на ягон кишвари Аврупо ва боз Роналдиниову Пелеи II - Роналдо - ҳам зодаи ҳамин Бразилия ҳастанд, на кишвари дигар.

Мо, тоҷикон, чунин бозиро дар таърихи худ надоштем, вале онҳо, охир, аз кадим бо ин бозӣ сарукор дошта, ҳатто аз лунгии латтаву дарахти каучук барои худ туб сохтаву бозӣ кардаанд.

Дар мо гуштӣ бозии қадимаву миллист ва дар ин намуд дар мо варзишгарони ҷаҳонӣ тавлид ёфтаанд, ва аз ин рӯ мо ҳам бояд маҳз дар ин намуди варзиш Пелеи худро тарбия кунем.

Дӯстдори футболи ҷаҳонӣ Акмал, ноҳияи Ашт.
--------------------------------------

Салому алайкум.

Саволи аҷоиб. Чаро мо Пеле надорем? Худованд халқи тоҷикро Пеле надодаст, тамом ва-с-салом!
--------------------------------------

Салом ба дӯстдорони варзишу футбол!

Чаро мо Пеле надорем? Аввалан, инки футбол барои мо як чизи хеле нав аст ва он дар ҳоли рушд қарор дорад. Пеле ҳам он вақт Пеле шуд, ки тамоми мардум ӯро Пеле карданд, на худ Пеле шуд. Дар мо, ки нав машҳур шудани ҳастӣ ё дар оянда мешавӣ, зуд аз майдон дурат мекунанд. Яъне хусумати иҷтимоӣ дар соҳаи футбол ҳам решаи сахт давонидааст ва то ҳоло ин раванд идома дорад. Яъне дар Тоҷикистон "зӯр" ва машҳур будан як чизи нолозима боқӣ мемонад.

Бубахшед, ки аз мавзӯъ дур рафтам. "Пеле"-ҳои тоҷик дар оянда, албатта, ба камол мерасанд. Аз шаҳр Пеле намебарояд, вале аз деҳот мебарояд. Мардуми деҳот, ки аксаран мардуми бекоранд, бештари вақти худро бо футболбозӣ мегузаронанд.

Барои ҳамин ҳам рӯзе аз русто "Пеле"-и точик ба майдон хоҳад омад. Ба ин сад дарсад боварӣ дорам.

Бо эҳтиром Авлиёшер.
--------------------------------------

Салом. Ба ҳамагон маълум аст, ки рушд дар ҳар соҳае, ки набошад, дар ҳар кишваре бояд ҳамсон бошад.

То мо рушди сиёсӣ ва тавсиъаи сиёсӣ-иқтисодӣ надошта бошем, дар ин низоми худкомае, ки ҳеч назорате бар вай нест,... чи гуна соҳаи футболи мо рушд хоҳад кард?

Нухбагароӣ маъно надорад, фақат меъёр вафодор будан ба раисиҷумҳур аст - на мутахассис будан. Барои ҳамин ҳам ашхоси ғайримутахассис раиси федератсияи футболи тоҷик мешаванд ва футболбозон бошанд сарбозхоҳанд буд, на бозигар.

Ва як чизи дигар: ҳеч кас дар фикри футболи мо нест!

Агар ниёзҳои аввалияи мо ҳанӯз бароварда нашудаст (мисли об, барқ, газ, беҳдошт, ҷои кор), мо бо шиками гушнаву пои луч то куҷо мерасем?

Ҳаминаш ҳам бачаҳои ҷонбози моянд, ки аз ҷумла аз ҳисоби худашон заҳмат мекашанду мақом меоранд.

Тоҷик.
--------------------------------------

Суоли рӯз: Чаро мо Пеле надорем?! О бародари ҷон, мо ҳатто Мирҷалол Қосимов (аз тими миллии Узбакистон) надорем, мо Сичёв надорем, мо Шевченко надорем... боз бисёр касону чизҳо надорем.... Чаро?

Бубинед, худуди 10 - 15 соли пеш командаи беҳтарин доштем бо номи "Помир"-и Душанбе. Бо ҳамин ном аз лигаи якум ба лигаи олии футболи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баромад - дар хайъати Мананников, Фузайлов, Рашид Раҳимов, Муҳаммадиев, Муҳадов ва дигарон. Ва бо ҳамин ном машҳури ҷаҳон гашт. Аммо бархе аз тангназарони қадрношинос, бо онки дар тими пешсафи тоҷикон калимаи «Помир» буд, аз баҳраш гузаштанд, гӯиё, агар номашро «Регистон» мекарда бошем ва ё СSКА, ба ҳадаф мерасем.

Хуллас, бо ин иқдом ҳатто Кержакову Аршавинро орзу карда наметавонем... Вазъи имрӯзи футболи тоҷик ба дараҷае бад аст, ки собиқ дастпарваронаш ба Ватан баргаштанӣ нестанд.

Як тан аз дӯстдорони собиқи футболи ватанӣ Масъуд.
-------------------------------------------

Салом ба ҳамватанони азиз.

Ман номаи бародар Алишерро хондам ва гуфтанӣ ҳастам, ки ҳақиқатан дар Тоҷикистони мо ҳозир футбол дар сатҳи паст қарор гирифтааст - аз барои онки фарзандони бисёри одамоне, ки соҳиби пулу моли зарурӣ нестанд, дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд ва қисми зиёди онҳо бозингарон бисёр хуб ҳастанд, вале камбақаланду сатҳи пасти зиндагӣ доранд.

Ба ақидаи ман, агар ба ҳамин хел варзишгарон аз тарафи одамони пулдор ва тоҷирони муваффақ сармоягузории лозимӣ сурат гирад, ҳамааш нағз мешавад. Масалан, дар Олмон, ки ман ва чанд нафари дигар дар ин ҷо донишҷӯй ҳастем, возеҳ мебинем, ки ҳатто баъзе аз футболбозони хуби мо дар сатҳи аксари бозингарони инҷо бозӣ мекунанд.

Мисол, мисли Сирочиддин, Муҳаммадҷон ва Мустафо ва дигарон. Хоҳиш дорем, ки ба ҳамин гуна футболбозони ҷавону болаёқат мутахассисон ва тоҷирони пулдоре, ки ба вазъи имрӯзаи футболи тоҷик бетафовут нестанд, аҳаммияти зарурӣ диҳанд. Он вақт дар мо низ пелеҳо пайдо хоҳанд шуд.

Воқиъан худи Пеле аввал камбағал буд, вале ӯро мутахассисон пайдо карданд ва ҳама чораҳоро диданд, ки дар оянда вай ба як футболбози бузург, ҳатто ба дараҷаи шоҳи футбол, расид.

Бо эҳтиром Азиз, Олмон.
--------------------------------------

Салом ба мардуми тоҷик.

Баъд гуфтанӣ ҳастам ки чаро мо Пеле надорем, чунки калонон яъне раисони футболи тоҷик маблағи бозингаронро намедиҳанд ё ин ки маблағи ночиз медиҳанд. Агар маблағи нағз диҳанд, ҳамааш нағз мешавад. Масалан, чанд бозингарро мешиносам, ки аз Пеле ҳам зӯр ҳастанд, мисли Нуриддин, ки ҳозир дар дастаи миллии Тоҷикистон то 17-солаҳо ҳаст. Ӯ дар Русия 2 сол машқ кардааст ва мисли Баҳриддин, ки дар Мисри араб бозӣ мекунад, мисли ҳаминҳо надидаам.

Бо эҳтиром мухлиси ҳамешаи тими миллии Тоҷикистон

Алишер.
--------------------------------------




Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG