Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии паҳлавонони тоҷик дар Тошканд


Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: "Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни то 100 кг ва Комил Мусофиров дар вазни то 62 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Сулаймон Сулаймонов дар вазни то 82 кг ҷойи севвумро касб карда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид."

Мусобиқоти қаҳрамонии гуштии самбои Осиё то 6-уми июн идома хоҳад кард.


ФУТБОЛ. Даври нӯҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуд.

Дар чаҳор бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд. «ХИМА»-и Душанбе бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 2 бар 0,«Саройкамар»-и Панҷ бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 1, CSKA «Помир»-и Душанбе бар «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карданд. Танҳо як бозӣ байни дастаи мизбон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима ёфт.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки аз бозии даври нӯҳум озод буд, мисли пешин бо 24 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон қарор гирифтааст. «Парвоз бо 18 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. «Тоҷиктелеком» бо 14 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудааст.

Нӯъмон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» бо 7 гол ҳоло беҳтарин голзани мусобиқот мебошад.

Бозиҳои даври даҳуми мусобиқот рӯзҳои 9-уму 10-уми июн баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG