Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентҳои китобнавис


Бо наздик омадани мавсими имтиҳонот дар донишгоҳҳои Ӯзбакистон, харидорону хонандагони китобҳои мансуб ба қалами раиси ҷумҳур Ислом Каримов бештар шудаанд. Чаро ки аз хатмкунандаҳои донишгоҳҳои Ӯзбакистон бояд қабл аз гирифтани диплом аз рӯи китобҳои раиси ҷумҳур имтиҳон супоранд. Як китобдори шаҳри Тошканд, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, имсол китобҳои Ислом Каримов ва аз ҷумла CD-ҳои онҳо миёни донишҷӯёни узбак талабгорони зиёд доранд. Аммо танҳо хатмкунандагони донишгоҳҳои Ӯзбакистон нестанд, ки вазифадоранд, китобҳои раиси ҷумҳури кишварашонро бихонанд, балки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ мисли он бародаронашон бояд аз китобҳои Ислом Каримов мутолиа карда ва имтиҳон бисупоранд.

Ислом Каримов, ки аз соли 1989 то кунун раҳбари Ӯзбакистон аст, муаллифи даҳҳо китоб доир ба сиёсати хориҷиву дохилӣ, таърих, иқтисод ва фарҳанг мебошад. Дар як китобаш таҳти унвони "Миллати узбак пойбанди ҳеҷ кас нахоҳад буд" ба ҳодисаҳои хунини соли 2005 дар Андиҷон баҳо додааст.

Дигар аз раисони ҷумҳуриҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мисли ҳамтои ӯзбакистонии худ чандин китоб нашр кардаанд. Масалан, дар Қазоқистон Нурсултон Назарбоев муаллифи чандин пажӯҳишҳои илмӣ аст, ба мисли китобҳои "Стротежии истиқлол", "Дар дили Авруосиё".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ муаллифи чандин китоб аст, ки асосан доир ба таърихи миллати тоҷик ва решаҳои ориёии онҳо мебошанд.

Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов як моҳ баъди сари қудрат омаданаш, китоби нахустини худро нашр кард, ки доир ба низоми беҳдоштӣ аст. Табиб ва вазири беҳдошти собиқ дар ин китобаш гузаштаи системи беҳдошт, вазъи ҳозира ва ояндаи Туркманистонро тасвир кардааст.

Аммо мисли Сафармурод Ниёзов, ки «Рӯҳнома»-ро як раҳнамои миллати туркман таллақӣ ва барои омӯзиш ба макотиби миёнаву олӣ ворид кард, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дастур надодааст, то китоби ӯро низ дар макотиб таълим бидиҳанд. Дар замони Туркманбошӣ, мақомоти расмии туркман барои ҳифзи мақоми худ вазифадор буданд, то аз «Рӯҳнома» имтиҳон супоранд.

Дар Тоҷикистон бисёре аз мансабдорон ба хотири нишон додани садоқат ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон китобҳои ӯро дар дафтару ҳатто дар хонаҳои худ нигаҳ медоранд. Аммо бо ин вуҷуд, мегӯяд Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, мансабдорон вазифадор нестанд, китобҳои раиси ҷумҳурро мутолиа кунанд.

Табиист, ки китобҳои раиси ҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказиро дар коғазҳои хушсифати қимматбаҳо ва бо муқоваҳои муҷалло нашр мекунанд. Хабарнигори ӯзбак Абдураҳмон Тошанов мегӯяд, ки ҳукумат барои нашри китобҳои зиёди раиси ҷумҳур Ислом Каримов садҳо ҳазор доллар масраф мекунад. Ба гуфтаи вай, Ислом Каримов ҳатто назар ба Ленин, ки китобхонаву китобфурӯшиҳои тамоми кишварҳои собиқи Шӯравӣ аз онҳо саршор буданд, бештар китоб нашр кардааст. Ӯ ҳисоб кардааст, ки агар ҳамаи 27 миллион нафар мардуми Узбакистон як нусхаӣ аз китобҳои Ислом Каримов дошта бошанд, 4 миллион нусхаи дигари он боқӣ мемонад. Ва ин дар ҳоле, ки бар асоси «Энсиклопедияи Советии Узбакистон», дар ин кишвар 6 миллион нусха аз эҷодиёти Ленин чоп шудааст.

Бисёре аз мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ шоҳиди зиндагии раҳбароне будаанд, ки худрову китобҳои худро ба одамхудо табдил дода буданд, вале бо даргузашти чунин раҳбарон ва ё берун шудан аз саҳнаи сиёсӣ тамоми китобҳои онҳо низ ба кунҷи фаромӯшӣ рафтаанд.
XS
SM
MD
LG