Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Миллат»: Нигарониҳо аз пурғайратии танзимгарони оинҳо


Фарҳоди Мелод Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди танзими расму ойинҳо, истеъфои райиси Ҳизби сотсиал - демократи вилояти Хатлон, рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ва қазияи Роҳат Алиев, домоди раиси Ҷумҳури Қазоқистон аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе мебошанд.

Ҳафтаномаи «Азия - плюс» баҳсҳо дар атрофи танзими расму ойинҳо дар Тоҷикистонро «Инқилоби май» унвон кардааст. Ҳафтанома менависад, дахолати давлат ба зиндагии шахсии мардум кори нохуб аст, тавре ки коммунистон дар даврони Шӯравӣ ойинҳои диниро мамнӯъ карда буданд. Аммо ҳафтанома кӯшишҳои раис Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ карда, меафзояд, барои сарватмандона зистан, на фақат кам харҷ кардан, балки бештар маблағ андӯхтан низ мебояд.
Аммо дар матлаби дигари ин ҳафтанома иқдоми Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «инқилоби сафед»-и шоҳи охирини Ирон Шоҳризо Паҳлавӣ нисбат дода мешавад. Муаллиф гуфтааст, «инқилоби сафед» - и Паҳлавӣ ба инқилоби исломӣ овард, аммо «инқилоби сафед» - и Эмомалӣ Раҳмон ба куҷо мекашад, маълум нест.
Ҳафтаномаи «Факти и комментарии» дар матлабе таҳти унвони «Тартиби анъанавӣ» низ дар мавзӯъи танзими расму ойин интиқоди намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносонро зикр кардааст. Онҳо гуфтаанд, дар Тоҷикистон танҳо анъанаҳои милливу динии тоҷикон танзим мешаванд, на анъанаҳое, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин тариқ, намешавад дар Тоҷикистон мушкили камбизоатиро ҳал кард. Муаллифи матлаб ҳамчунин овардааст, баҳсҳо дар ин маврид аз ҳад гузаштаанд ва ва ҳоло вақти амал расидааст, ки пеш аз ҳама, «аз болои боло – аз Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Саъдулло Хайруллоев, Оқил Оқилов, Муродалӣ Алимардонов, Шералӣ Гулов ва дигарон» бояд шурӯъ шавад.
Ҳамчунин Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар мусоҳибааш бо ҳафтаномаи «Миллат» гуфтааст, ки аз якдилии муташаккилонаи танзимгарони расму ойинҳо нигарон аст. Вай гуфтааст, баррасии ин мавзӯъ дар маҷолису расонаҳо ҳамон анъанаҳои даврони шӯравиро ба хотир меорад, ки ба манфиати ҷомеа нестанд.
Нашрияи «Нигоҳ» таҳти унвони «Занги охир» - и сотсиал – демократҳо ё нокомии навбатии Раҳматилло Зойиров дар Кӯлоб?» мавзӯъи истеъфои Муҳаммадсиддиқи Сайид, райиси бахши минтақавии Ҳизби сотсиал - демократ дар Кӯлобро ба риштаи таҳлил кашида, овардааст, ки ин истеъфо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон усулан аҳамият надошта, аммо то андозае фазои сиёсии кишварро дар самти демократия ғуборолуд месозад. Муаллифи матлаб навиштааст, нақшаҳои Раҳматилло Зойиров дар мавриди «одами худӣ» шудан дар Кӯлоб, ки тавассути ин бахш бояд сурат мегирифт, барбод рафтанд.
Дар матлаби дигари ҳафтаномаи «Нигоҳ» таҳти унвони «Кӯдакони тоҷик дар бораи худ чӣ фикр доранд?» омадааст, кӯдакони тоҷик ба хотири зинда мондан кори сиёҳ ва мардикориро ҳалли мушкил арзёбӣ мекунанд.
Ҳафтаномаи «Азия-плюс» дар матлаби дигаре таҳти унвони «Назарбоев алайҳи домодаш» қазияи ҳангомаи оилаи раиси Ҷумҳурии Қазоқистонро бо коршиносони тоҷик ба риштаи таҳлил кашидааст. Коршиносон гуфтаанд, аз мақом барканор кардани Роҳат Алиев, домоди Нурсултон Назарбоев, раиси Ҷумҳури Қазоқистон ҳушдорест ба сарварони дигари Осиёи Марказӣ, ки бо аъзои соҳибнуфузи оилаи худ эҳтиёткор бошанд, зеро гоҳҳо қудрат аз оила ҳам азизтар мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG