Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайём дар Русия


Дӯстдорони шеъри ноб аз ҷумла дар Русия мегӯянд, рубоиёти ҳаким Умари Хайём ҳеҷ вақт тозагӣ ва латофати худро аз даст нахоҳад дод. Дар ин рӯзҳо дар шаҳрҳои гуногуни Русия донишҷӯён ва донишмандон солгарди Умари Хайёмро ҷашн мегиранд.

Ҳаким Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибн Иброҳим Хайёми Нишопурӣ дар соли 1048 дар шаҳри Нишопури Ирон ба дунё омада ва дар соли 1123 дар синни 75 солагӣ даргузашт. Умари Хайём аз беҳтарин риёзишиносон, ситорашиносон ва файласуфони замони худ маҳсуб мегардад, аммо дар ҷаҳон ӯ бештар ба унвони як шоири бузург маъруфият пайдо карда аст.

Бо рубоиёти худ Умари Хайём на танҳо дар миёни мардуми форсизабон, балки дар тамоми ҷаҳон мухлисони зиёде доштааст. Яке аз пурфурӯштарин китобҳо дар ҷаҳон то кунун китоби рубоиёти Умари Хайём аст. Ҳатто Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотие, ки дар поёни соли гузашта дар Кремл дошт, ба хабарнигорон машварат дод, ки китоби Хайёмро бихонанд.

Путин: «Ҳамсарам ба наздикӣ як китоби бисёр хуби рубоиёти Умари Хайёмро ба ман тӯҳфа кард, дар он ҷо бисёр чизҳои аҷиб ҳаст, ки метавонад кӯмак кунад. Ман ба шумо ин китобро тавсия медиҳам.»

Баъд аз ҳарфҳои Путин китобҳои Умари Хайём яке аз пурфурӯштарин китобҳо дар бозори китобфурӯшии Русия ба ҳисоб меояд. Аз Мария Диас Гонсалес, устоди донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав суол кардам, чаро маҳз рубоиёти Умари Хайём барои мардуми рус зиёд писанд омадааст? Посухи хонум Гонсалес:

«Ин рубоиёт ба тамоми забони дунё осон тарҷума мешаванд. Чунки чунин ашъор осон ва сабук аст ва дар зеҳни одам ба осонӣ менишинад. Рубоиёти Хайём бо вуҷуди маънии хеле амиқ доштанаш, барои фаҳмиши инсон осон аст, ҳамчунин ин рубоиёт фалсафаи ҷаҳонӣ дорад. Хайём риёзишинос, ситорашинос ва пизишк буд ва бубинед, ки риёзиёт, ситорашиносӣ ва пизишкӣ ин илми дақиқ аст ва Хайём дар рубоиёти худ дар бораи зиндагӣ мисли пизишк фикр мекунад. Ин як сабки хоси ӯст.»

Донишҷуёни шарқшиноси рус низ мегӯянд, рубоиёти Хайёмро хеле дӯст доранд. Таня Кононова, як донишҷӯи шарқшинос мегӯяд:

«Рубоиёти Хайём барои он маҳбубият доранд, ки дар зеҳни кас ба осонӣ менишинанд. Рубоӣ чизи бузург ва сахт нест, рубоиёт мисли шӯхиву латифа содда, вале ба маънӣ бузург аст ва дар миёни мардум зуд паҳн мешавад.»

Дар мағозаҳои китобфурӯшии Маскав китобҳои Умари Хайём феълан ба қиммати муодили аз 15 то 700 доллари амрикоӣ ба фурӯш мераванд. Донишмандон мегӯянд, ки Умари Хайём пас аз Александр Пушкин дар Русия дуввумин суханварест, ки беш аз ҳама интишор мешавад ва бештар аз ҳар адиби дигар муштарӣ ва алоқаманд дорад.

Бингар зи ҷаҳон чӣ тарҳ барбастам, ҳеҷ,
Аз ҳосили умр чист дар дастам, ҳеҷ,
Шамъи тарабам, вале чун бинишистам, ҳеҷ,
Ман ҷоми ҷамам, вале чу бишикастам, ҳеҷ.
XS
SM
MD
LG