Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саммити Самара чӣ самар меорад?


Рӯзҳои ахир чанд дафъа раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мулоқоти Самараро ҳамчун имкони табодули назар тавсиф намуданд. Вале амалан масъалаҳои мавриди баҳси ин нишаст бештар ба як рӯйхати ихтилофҳои Бруселу Маскав шабеҳ буда, эҳтимол мулоқоти Самара ба рафъи он қодир набошад.

Дар ин чорчӯб ихтилофҳои асосӣ дар соҳаи сиёсати энержӣ, баҳси воридоти гӯшти Лаҳистон ва мақоми ояндаи Косово ба чашм мехӯрад.

Ахиран, дар паи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодия дар Брусел Франк-Валтер Штейнмейер вазири корҳои хориҷии Олмон ба ҳайси раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо гуфт:

" Шумо мепурсед, ки оё ҳозир вақти муносиб барои мулоқоти раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Русия аст? Ман хеле хушҳолам, ки имрӯз ягон вазири корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳодия пешниҳод накард, ки мулоқот лағв гардад. Ман шахсан бар ин фикрам: "Мо ҳамон вақт ба музокирот эҳтиёҷ дорем, ки вазъ душвор мебошад".

Дар ҳар сурат, баҳси қарордоди нави ҳамкориҳои стротежии Бруселу Маскав дар мулоқоти Самара баррасӣ намешавад. Полша ё худ Лаҳистон бо ишора ба манъи вуруди гӯшти ин кишвар ба Русия тасвиби ин санадро ба таъхир гузошт. Аз тарафи дигар, Литва таҳдид кард, ки эҳтимол санади ҳамкориҳои стротежии Иттиҳодияи Аврупову Русияро вето хоҳад гузошт, зеро Русия содироти сӯзишворӣ ба корхонаи коркарди нефти Мажейкуйро қатъ кардааст. Соли 2006 мақомоти Литва дархости Русияро канор гузошта ин корхонаро ба як ширкат аз Полша фурӯхтанд. Ахиран, Эстония ҳам ишора кард, ки метавонад имкони ветогузориии санади ҳамкориҳои стротежиро дар миён гузорад. Ин кишвар мегӯяд, ки баъди кӯчонидаи муҷассамаи сарбози Шӯравӣ аз маркази шаҳри Таллин, Русия бо роҳҳои ноодилона ва то ҷое ғайришаръӣ аз Эстония қассос мегирад.

Агар то якуми декабр стротежии нави ҳамкориҳои Бруселу Маскав ба имзо нарасад, ҳукми қарордоди феълии муқарраркунандаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупову Русия по бар ҷо хоҳад буд. Якуми декабр мӯҳлати амали ин ҳуҷҷат хотима меёбад, вале тибқи мувофиқати ҷонибайн агар яке аз ҷонибҳо талаб бознигарии ҳамкориҳоро тақозо накунад, ҳар сол санад ба таври автоматӣ тамдид мешавад.

Бар илова, мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо тахмин доранд, ки Маскав дар масъалаи воридоти гӯшт аз Полша гузашт хоҳад кард, то тавонад дар мавриди содироти маводи сӯхт, тиҷорат ва бахшҳои дигар гузашт талаб кунад.

Дар айни замон Иттиҳодияи Аврупо саъй дорад дар соҳаи водироти маводи сӯхт аз Русия як низоми ҳушдори пешакиро роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин Брусел мехоҳад, ки Маскав кафолати сармоягузориҳои ғарбиро бар дӯш гирифта, ҳаққи гарони парвози ҳавопаймоҳои Иттиҳодияи Аврупо дар ҳарими ҳавоии минтақаи Сибирро лағв кунад. Мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, иҷрои ин ду талаб аз ҷониби Маскав пешшарт барои дастгирии узвияти Русия дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст.

Мақомоти Олмон ёдовар шудаанд, ки дар мулоқоти Самара масъалаҳои марбути ҳуқуқи башар ва аз ҷумла монеагузории озодии ҷамъомад дар Русия, эҷоди мушкилот дар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва кушторҳои кашфношудаи рӯзномагорон матраҳ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG