Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон 6 - 4 Ҳонконг (футзал)


бар тими Ҳонконг бо натиҷаи 6 бар 4 ғалаба кард. ки рӯзи якшанбеи 13-уми май дар шаҳрҳои Осака ва Амагасакии Ҷопон шурӯъ шуд Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё

Қабл аз бозиҳо, Тоҷикистон ва Ҳонконг дар ин мусобиқот довталабони аслии роҳхати дуввум ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ маҳсуб мегардиданд. Коршиносон тахмин мезананд, роҳхати якум аз ин гурӯҳ насиби соҳибони майдон, тими Ҷопон мегардад. Ва аммо ҳамакнун бо пирӯзӣ бар Ҳонконг, тими Тоҷикистон бо дили пур ба бозии дигари худ бо Филиппин тайёрӣ мебинад.

Аммо дарёфти се хол аз бозӣ бо Ҳонконг барои Тоҷикистон осон ба даст наомад. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби се бар се анҷом ёфт. Дар аввали қисми дуввум бошад, тими Ҳонконг ба пеш гузашт. Аммо баъдан Тоҷикистон тавонист пайдарҳам се тӯби дигар вориди дарвозаи Ҳонконг намояд ва бозиро ба нафъи худ анҷом диҳад.

Дар ин бозӣ Рустам Хоҷаев ва Шерзод Ҷумъаев дуголӣ, Фирдавс Файзуллоев ва Алишер Ӯлмасов якголӣ ба самар расонданд. Аз тими Ҳонконг тӯбҳоро Ю Хун Квок (ду гол), Квок Лун Чу ва Шун Квай Со ба самар расониданд.

Пас аз бозӣ Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаиТоҷикистон ба сомонаи интернетии Конфедерасюни футболи Осиё гуфтааст: «Бозӣ хеле ҷолиб буд. Соли гузашта дар Тошканд мо бо Ҳонконг рақобат карда будем ва медонистем, ки тақрибан нерӯи баробар дорем. Дар бозии имрӯза, фикр мекунам, бахт ёри мо буд. Ва аммо вазифаи аслии мо дар мусобиқот ҳамоно ҳадди ақал бозии нимниҳоӣ хоҳад буд.»

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» тими мизбон - Ҷопон, қаҳрамони феълии футзали Осиё бар дастаи Филиппин бо ҳисоби бузурги 16 бар 0 ғолиб омад.

Бад-ин тартиб, дар гурӯҳи «А» Ҷопон ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ ба даст овардаанд ва аз рӯи таносуби тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои якуму дуввуми ҷадвали бозиҳо қарор гирифтаанд. Дар даври дуввуми мусобиқот рӯзи 14-уми май Ҷопон бо Ҳонконг ва Тоҷикистон бо Филиппин рақобат мекунанд.

Натоиҷи даври аввал дар гурӯҳҳои дигар:

Гурӯҳи «В»:
Ироқ 3 - 1 Узбакистон
Тайланд 8 - 0 Кувайт

Гурӯҳи «С»:
Қирғизистон 4 - 3 Куриёи Ҷанубӣ
Туркманистон 1 - 0 Австралиё

Гурӯҳи «D»:
Ирон 8 - 4 Лубнон
Чин 2 - 0 Малайзиё


Хабари дигар. Рӯзи 13-уми май дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи тенниси рӯи миз байни ҷавонон барои дарёфти ҷавоизи ёдбуди устодони варзида Георгий Сиклаури ва Вячеслав Фёдоров оғоз шуд.

Алӣ Бобоев, сардовари ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳои инфиродӣ байни духтарону писарон 41 нафар теннисбозони ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Норак, Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор ширкат доранд.

Мусобиқаи теннисбозони ҷавони тоҷик, ки онро Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон бо сарпарастии Шабакаи мобилии Тоҷикистон мавсум ба MLT баргузор кардаанд, рӯзи душанбеи 14-уми май ба анҷом мерасад.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG