Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ ва дурнамои сиёсати хориҷии Фаронса


Албатта ба ҳайси вазир ӯ бо масъалаҳои марбути муҳоҷират, ҳамкориҳои гумрукӣ ва мубориза бо шустушӯи пул хуб ошност. Дар рӯзи интихобот ӯ возеҳ кард, ки ҳаводори ИМА мебошад. Саркозӣ гуфт: "Ман мехоҳам ба дӯстони амрикоӣ муроҷиат намуда, бигӯям: Шумо ба дӯстии мо эътимод дошта метавонед. Ин дӯстӣ аз фоҷеаҳои таърихӣ, ки мо ҳамроҳ пушти сар кардаем, болотар аст. Мехоҳам ба амрикоиҳо гӯям, ки ҳар лаҳзае онҳо ба мо эҳтиёҷ доранд, Фаронса доимо бо Амрико хоҳад буд. Вале мехоҳам ба онҳо таъкид кунам: дӯстӣ маънии онро дорад, ки дӯстон метавонанд ба тарзи мухталиф фикрронӣ намоянд."



Ба ҳар ҳол сиёсати хориҷии Николя Саркозӣ чӣ ҳадафҳоеро пайгирӣ хоҳад кард? Валтер Пош шореҳи умури Аврупо дар Маркази Пажӯҳишҳои амниятии Иттиҳодияи Аврупо, ки қароргоҳаш дар шаҳри Париж аст, мегӯяд, сиёсати хориҷии Саркозӣ ба ваҷҳи умум танзим наёфтааст, вале агар изҳороту тафсирҳои парокандаи ӯро ҷамъбандӣ намоем чунин манзара намоён мешавад: " Дар масъалаи Эрону Ироқ Ироқ мавқеи ӯ ба ИМА наздик аст. Дар айни замон ӯ ба шакли классикии Фаронсавӣ ба амрикоиҳо мегӯяд, ки мо дӯст ҳастем, вале мо мухталиф мебошем. Мисли он феълан мо чизе дар бораи мавқеи Саркозӣ пиромуни Ховари Миёна гуфта наметавонем."



Ҳадди ақалл дар мавриди Эрон маълум аст, ки Саркозӣ ба ҳалли дипломатии бӯҳрони марбут бо барномаи ҳаставии Теҳрон тарҷеҳ медиҳад. Дар арафаи интихобот ӯ гуфта буд: "Агар ман президент шавам, ман дар ду ҷабҳа мубориза мебарам. Аввалан, таҳрими режими Эрон ва сониян, ман баҳри ваҳдати ҷомеаи ҷаҳонӣ талош меварзам, зеро ба хотири ҷорӣ намудани таҳрим мо ба дастгирии Русияву Чин зарурат хоҳем дошт".



Саркозӣ мухолифи ҷанг дар Ироқ буда, дар бӯҳрони Ховари Миёна аз мавқеи Исроил пуштибонӣ мекунад. Дар масъалаи Русия наметавон гуфт, ки Саркозӣ чӣ сиёсатеро пеш хоҳад гирифт, вале бо дар назардошти ҳаводории ӯ аз хатти машйи ИМА ва ҳамчунин зуҳури ташаннуҷ дар равобити Вашингтону Маскав аз эҳтимол дур нест, ки Саркозӣ дар паи наздикӣ бо президенти Русия Владимир Путин нашавад. Президенти мунтахаби Фаронса ҳамчунин мухолифи тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо ва ба вижа вуруди Туркия ба ин созмон аст. Дар масъалаи Афғонистон бошад, мансабдорони афғон умед доранд, ки Саркозӣ ба идомаи ҳузури сарбозони фаронсавӣ дар Афғонистон мухолифат накунад. Шонздаҳуми май Саркозӣ савганди раёсатҷумҳурӣ ёд намуда, мақоми Жак Ширак президенти Фаронса дар давоми 12 соли ахирро ишғол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG