Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва Қатар рафт?


Сафари Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қатар ва Эрон, ки дувумин сафари ӯ дар зарфи ду моҳи охир ба Ховари миёна аст, аз сӯи бархе таҳлилгарон ва маҳофил дар ростои талошҳо барои ҷалби сармоя ба манзури иҷрои барномаҳои энержӣ ва он ҳам дар пасманзари хуруҷи Тоҷикистон аз шартномаи сохтмони Роғун тавассути Русия арзёбӣ мешавад.


Ба ақидаи бархе таҳлилгарон ба дунболи талоши бесамари мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи Русия барои иҷрои барномаҳои энержӣ, ин мақомот акнун дар пайи ҷустуҷуи манобеи сармоягузории дигар бо ҷиддияти бештаре шудаанд. Қосимшоҳ Искандаров мудири маркази мутолеъоти минтақаии Тоҷикистон мегуяд, ки Тоҷикистон дар ин замина ҳатто дигар фурсате барои талаф додан надорад ва наметавонад интизори тасмими Русия бинишинад, ки ин барно маҳоро сармоягузорӣ мекунад ва ё не.



Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳассосияти бархе расонаҳои русиро низ дар пай дошта, ки навиштанд, оғои Раҳмон барои гадоӣ ба кишварҳои арабӣ ва Эрон рафтааст, то нирӯгоҳҳои барқи обии худро бисозад. Аммо Қосими Бекмуҳаммад таҳлилгари тоҷик мегуяд ҷудо аз баҳси сармоягузории барномаҳои энержӣ ва Роғун низ ахиран таҳаввуле дарсиёсати хориҷии Тоҷикистон ба вуҷуд омада ва як самти ин таҳаввулгустариши ҳамкорӣ бо кишварҳои исломӣ ва арабӣ аст.


Аммо ба назари коршиносон дар воқеъ мушкиле, ки боз ҳам пеш хоҳад омад, мухолифати Русия ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, назири Узбакистон ба барномаҳои сармоягузорӣ дар бахши энержӣ хоҳад буд. Аммо дар айни ҳол ин имкон низ вуҷуд дорад, ки талоши Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ва саҳим кардани кишварҳои арабӣ ва Эрон дар барномаҳои энержӣ боиси таваҷҷӯҳи ҷиддитари Русия ба ин барномаҳо ба манзури аз даст надодани бозор дар минтақа шавад.
XS
SM
MD
LG