Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Дар чаҳор бозӣ меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар тими мизбон - «Хима» бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард. Ҳарду гол дар қисми дуввуми бозӣ зада шуд. Нахуст Аббос Абдуллоев аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро боз кард. Голи дуввуми «Регар» ТадАЗ-ро Мансур Ҳакимов панҷ дақиқа пеш аз хотимаи дидор ба самар расонд. Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, ки дар ҳафт бозӣ пирӯз гаштааст, бо 21 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки «Регар» ТадАЗ ягона дастаест, ки то ҳоло ягон имтиёзро аз даст надодааст.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ дар меҳмонӣ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд ва мавқеъашро дар зинаи дуввуми ҷадвали мусобиқот мустаҳкам кард. «Парвоз», ки як бозӣ камтар, яъне ҳамагӣ шаш дидор анҷом додааст, 15 имтиёз дорад.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар сафар тими «Саройкамар»-и Панҷро бо натиҷаи 1 бар 0 мағлуб сохт ва мисли пешин дар зинаи севвум қарор гирифтааст. «Вахш» дар 6 бозӣ 13 имтиёз ба даст овардааст.

«Динамо»-и Душанбе бар тими мизбон - CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омад ва бо 11 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот як зина боло - ба ҷойи панҷум баромад.

Танҳо як бозии даври ҳафтум бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид. Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо натиҷаи 3 бар 2 шикаст дод. «Тоҷиктелеком» бо 12 имтиёз аз 6 бозӣ мавқеъашро дар зинаи чаҳоруми ҷадвали мусобиқот нигаҳ дошт.

Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқот рӯзҳои 12-ум ва 13-уми май баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG