Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хусусисозии тоҷикӣ: Шурӯъи марҳалаи нав


Фарҳоди Мелод Ахиран ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст панҷ корхонаи бузурги давлатии кишвар ба шумули «Тоҷиктелеком», «Тоҷиксемент», «Тоҷикэйр», «Тоҷиктелерадиоком» ва «Тоҷикхимпром» -ро хусусӣ гардонад.

Тоҳирҷон Аскаров, мудири шӯъбаи Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, лоиҳаҳои таҷдиди сохтории ин корхонаҳо омода шудааст. Вай афзуд, ин корхонаҳо ба ҷамъиятҳои саҳҳомии шаклашон гуногун табдил хоҳанд шуд.Тибқи иттилоъи Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, аз соли 2007 дар ин кишвар раванди хусусигардонии корхонаҳои бузурги давлатӣ шурӯъ шудааст. Дар навбати дуввум корхонаҳои бузурги «Тамохуш», Корхонаи кимиёвии Ёвон, «Барқи тоҷик» ва «Тоҷикгаз»- хусусӣ мегарданд. Ба таъйиди ин манбаъ, то соли 2010 корхонаҳои калонтарини давлатии кишвар - Ширкати арзизи Тоҷикистон, Роҳи оҳани Тоҷикистон, «Нафтрасон» ва «Суғднафтугаз» низ хусусӣ хоҳанд шуд. Теъдоди ҳамчунин корхонаҳои бузург ба 14 адад мерасад.


Дар ҳамин ҳол, коршиносон раванди хусусигардонии корхонаҳои бузурги давлатиро хатои навбатии ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Давлат Усмон, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, хусусигардонӣ агарчи раванди мусбат аст, аммо дар Тоҷикистон хеле бо шитоб ва бидуни ширкати саросарии мардум сурат гирифтааст. Вай гуфт, барои давлати Тоҷикистон таҷрибаи марҳалаҳои хусусигардонии корхонаҳои хурду миёна басанда буд, ки дигар ин равандро идома надиҳад. Оқои Усмон гуфт, 90 дар сади корхонаҳои хусусишуда дар ҳоли ҳозир фаъол нестанд. Вай афзуд, хусусигардонии корхонаҳои бузург дар марҳалаи ҳозира қобили қабул нест ва алайҳи манофеи миллии Тоҷикистон аст.


Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси дигар дар масоили иқтисод мегӯяд, тамоми хатоҳои ҳукумати Тоҷикистон дар раванди хусусигардонӣ пеш аз ҳама аз тақлиди кӯр кӯронааш ба раванди ҳамгун дар Русия аст. Оқои Абдуҷаббор гуфт, ҳамчунин дастурҳои хом ва носанҷидаи муассисоти байнулмилалии молиявӣ, минҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии асъор ҳукумати Тоҷикистонро дар ин ҷода ба иштибоҳ бурдаанд. Вай афзуд, таҷрибаи раванди хусусигардонии корхонаҳои хурду миёна кофист, ки ин раванд ба таъхир гузошта шавад, зеро маболиғи аз он бадастомада ҳеҷ таъсире ба иқтисоди кишвар нагузоштаанд.


Ҳукумати Тоҷикистон умедвор бар он аст, ки ба охир расидани раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон иқтисодиёти кишварро ба марҳалаи нави инкишоф ворид хоҳад сохт. Аммо коршиносон мегӯянд, аз ин раванд танҳо тарқиши иҷтимоъӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомиа бештар хоҳад шуд ва ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилооти расмӣ ҳудуди 60 дар сади мардуми кишвар дар бенавоӣ ба сар мебаранд. Коршиносон мегӯянд, ин қишр аз раванди хусусигардонӣ берун мондааст ва рӯзе ба эҳтимоли қавӣ ҳақталошӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG