Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайругашти ваҳшатангез дар водии марг


Фарҳоди Мелод Мавзӯъи сӯҳбати телефонии Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон, паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар, рӯзи озодии баён ва рӯзи мавлуди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, райиси зиндонии Ҳизби демократ аз мавзӯъҳои умдаеанд, ки дар ҳафтаномаҳои тозанашри чопи Душанбе бозтоб ёфтаанд.

Дар ҳоле,ки аксари ҳафтаномаҳо аз шарҳи мӯҳтавои сӯҳбати телефонии раисони ҷамоҳири Тоҷикистону Ӯзбакистон худдорӣ намуда, танҳо бо хабари манобеи расмӣ иктифо кардаанд, ҳафтаномаи «Фараж» дар матлабе таҳти унвони «Занги яхшикан» ду фарзияро пеш овардааст. Аввалан, Эмомалии Раҳмон ва Ислом Каримов дар мавриди мушкилот дар равобити ду кишвар, минҷумла пружаҳои энержии Тоҷикистон сӯҳбат кардаанд. Сониян, эҳтимол дорад онҳо дар мавриди эҷоди Иттиҳоди нави кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистону Қирғизистон аз он пуштибонӣ мекунанд, сӯҳбат карда бошанд. Аммо ба ин суол ки сӯҳбат бо ибтикори кадоме аз раисони ҷумҳур баргузор шудааст, ҳафтанома посух додааст, ки ба эҳтимоли қавӣ бо ибтикори Русия ин сӯҳбат баргузор шудааст.


Ҳафтаномаи «Факти и комментарий» дар матлабе таҳти унвони «Ба куҷо рафт, чӣ бояд кард? Раисҷумҳур пешниҳод мекунад» мӯҳтавои паёми раисҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси олии кишвар оварда, дар шарҳи паём гуфтааст, ки барномаи амал идеолӣ ва воқеъист. Аммо ҳафтанома менависад, ин барнома дар ҳоле амалӣ хоҳад шуд, ки дар кишвар тадбирҳои ба эътидол овардани ҷомеъа, минҷумла решакан кардани фасод дар сохтори додгоҳ ва додситонӣ, эҷоди вазорати вижаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра андешида шаванд.


Ҳафтаномаи «Миллат» дар посух ба суоли «Озодии баёнро кӣ ва чӣ маҳдуд мекунад?» пурсиши ҳамагоние анҷом додааст. Аксари пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон аз лиҳози қонунгузорӣ тамоми шароит барои озодии баён мавҷуд аст, аммо худсонсурӣ, адами ҳамраъйии рӯзноманигорони кишвар ва созмони қавии дифоъ аз ҳуқуқҳои рӯзноманигорон, ҳамчунин ғайриҳирфаӣ будани эшон аз мушкилоти умдаи озодии баён дар Тоҷикистон будааст.


Ҳафтаномаи «Фараж» дар матлабе таҳти унвони «Искандаров ва озодии баён» навиштааст, ки 3- май на танҳо рӯзи озодии баён, балки зодрӯзи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аст. Муллифи ин матлаб райиси зиндонии Ҳизби демократро яке аз мансабдороне муаррифӣ кардааст, ки ба озодии баён дар кишвар арҷ мегузошт. Ҳафтанома навиштааст, ба рӯзи мавлуди Искандаров мувофиқ афтодани рӯзи озодии баён тасодуфӣ нест, зеро барои рӯзноманигор муносибати мақомоти зидахл бо маводи интиқодӣ нақши муҳим мебозад.


Ҳафтаномаи «Азия-плюс» мавзӯъи маризони сили ноҳияи Восеъи Хатлонро таҳти унвони «Водии марг» маводи асосии ин шуморааш қарор додааст. Ҳафтанома навиштааст, бо вуҷуди афзудани кӯмаки созмонҳои байнулмилалии тандурустӣ теъдоди маризони сил ва қурбониёни ин маризӣ коҳиш наёфтааст.


Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар матлабе таҳти унвони «Бӯҳрони энергетикии Тоҷикистон: гунаҳкор кист, чӣ бояд кард?» ба таври муфассал мушкилоти барқ дар кишварро таҳлил намуда, навиштааст, ки ширкати «Барқи тоҷик» ва сиёсатҳои нодурусти кишвар дар баробари ширкатҳои сармоягузори пружаҳои энержии Тоҷикистон ба эҳтимоли қавӣ соли оянда низ 7 миллион 300 ҳазор сокини кишварро боз ба мушкили барқ мувоҷеҳ хоҳанд сохт.
XS
SM
MD
LG