Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони Тоҷикистон барои роҳхати олимпӣ талош доранд


Ин нукта дар гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ассамблеяи кулли ин кумита таъкид шуд.

Дар ассамблея фаъолияти кумитаи олимпии кишвар дар тӯли ду соли ахир баррасӣ шуда, самтҳои асосии фаъолияти он барои солҳои 2005 - 2008 тасдиқ гардид.

Ҳамчунин бо қарори Ассамблеяи кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба се нафар собиқадорони варзиш - нахустин ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон, қаиқрон Иброҳим Ҳасанов, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, камонвар Зебуннисо Рустамова ва ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов барои хизматҳои шоистаашон дар рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар кӯмакпулии доимии олимпӣ, ҳар моҳ ба маблағи 50 доллари амрикоӣ муқаррар шуд.

Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, гурзандоз Дилшод Назаров дар байни варзишгарони кишвар нахустин шуда меъёри олимпиро ба ҷо овард ва баъди расман ба қайд гирифтани натиҷаи нишондодаи ӯ - 74 метру 81 сантиметр - дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар Укроин аз ҷониби Федеросиюни ҷаҳонии варзиши сабук, вай соҳиби роҳхати олимпӣ хоҳад шуд.

Ҷаноби Раҷабалиев афзуд: «Дар риштаҳои бокс ва гуштии дзюдо чаҳорнафарӣ, дар риштаи таэквондо ду нафар ва дар тирандозӣ як нафар барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош доранд. Камонварон низ дар сурати ширкат дар мусобиқоти интихобии олимпӣ имкони ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Пекинро доранд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев, мушкилоти аслӣ барои рушди навъҳои варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон маблағгузорист. Вале бо вуҷуди ин, мегӯяд ҷаноби Раҷабалиев, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар риштаҳои бокс, гурзандозӣ ва гуштии дзюдо маблағи зарурӣ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG