Пайвандҳои дастрасӣ

2 миллион доллар дар як шаб


Бахши хабар Оё мехоҳед донист, ки чаро як сармоядори Русия ба Ҷенифер Лопез барои як шаб 2 миллион доллар тақдим кард?

Сарватманди рус, бунёдгузори бонки "МДМ" Андрей Мелниченко ба ҳунарпешаи Ҳолливуд ва овозхони саршинос Ҷенифер Лопез 2 миллион доллар дод, то дар зодрӯзи ҳамсараш ҳунарнамоӣ кунад. Овозхон на танҳо базми зодрӯзи ҳамсари Мелниченкоро тафсонд, балки соҳибҷашн Александра Николикро шахсан муборакбод кард.

Миллиардери рус танҳо барои аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба базмгоҳи худ дар Бритониё интиқол додани Лопез ва дастаи ҳунарии ӯ 800 000 доллари дигар ба харҷ дод. Дар зодрӯзи ҳамсари Мелниченко зиёда аз шаст меҳмон ҳузур дошт, ки аксари онҳо сармоядорони рус ва серб буданд.

Дар посух ба интиқоди матбуъот Ҷенифер Лопез гуфтааст, на ба хотири пул, балки барои он дар зодрӯз ҳунарнамоӣ кард, ки Мелниченко ва ҳамсараш аз мухлисони ашаддии ӯ мебошанд.
XS
SM
MD
LG