Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон


Маълумоти бештар ин ҷост.


Мафҳуми ҳуқуқи башар ғарбию шарқӣ, мусулмонию масеҳӣ намешавад. Он мафҳуме куллию ҷаҳонӣ, бетараф ва беғараз аст ва марз надорад. Шарҳи чигунагии ин мафҳум дар қарордодҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон сабт шудааст. Ҳар кишваре, ки ба қарордодҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон имзо гузошта, муваззаф аст онҳоро бекаму кост риъоят кунад ва аз ҳуқуқи башар ба шевае, ки ин қарордодҳо таъйин ва муқаррар кардаанд, бояд ҳимоят кунад.

Ин ки кишвари мо шарқист, ё дар ҳоли гузор аст, ё менталитети мо дигар ё ақабмонда аст, ё мо ҳанӯз инсони комил нашудаем, баҳона намешавад, қонун ва қарородод барои доно ва нодон, узбак ва тоҷик, мусулмон ва номусулмон баробар аст!

Дар мавриди як ниҳоди мустақили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, дуруст аст, на як ниҳод, балки садҳо ниҳоди мустақили ҳуқуқи башар бояд дар ин кишвар ташкил дода шавад. Ҳеч кас замонат намедиҳад, ки аз ҳуқуқи ҳамагон ба шеваи комил ҳимоят мекунад, ба ин далел фаъолияти ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи инсон бояд ба таври густарда дар Тоҷикистон тарвиҷ шавад.

Фаромарз
-------------------------------------
Ба номи Худо, салом

Ба назари банда набояд кишварҳои ғарбӣ ба унвони ҳифозат аз ҳуқуқи башар ба Тоҷикистон ворид шаванд, чаро ки дастандаркорони ин унвон, яъне ҳифозат аз ҳуқуқи башар бо ин унвони фиребанда мақсади дигареро таъқиб мекунанд на ҳифозат аз ҳуқуқи башарро. Мо метавонем намунаи унвонҳои фиребандаро баён кунем масалан: исломшинос, шарқшинос, гардишгар, кӯмакҳои башардӯстона ва дигар унвонҳои фиребандае, ки шумо мардуми тоҷик ба он ошно ҳастед. Ягон созмон ғарбӣ фикр накунед, ки ба манфаъати шумо кор мекунад, баръакс. Шояд ингуна созмонҳо 1000 доллар ба мо фоида расонанд, вале ҳазорон долларҳо аз кишвари мо ба кишварҳои худашон мебаранд. Агар гуем, ки инҳо ба унвони зебо ба кишварҳои мусулмоннишин ворид мешаванд, иштибоҳ намекунем. Шумо як назар ба осорхонаи ғарб бияндозед, ҳамаи он осор аз кишварҳои мусулмоннишин аст. Диди ғарбиҳо нисбати ба кишвари мо ҳамчун як кишвари демокартӣ ва ҳуқуқбунёд нест,балки як кишвари исломист.


Бо эҳтиром Абдусамади Карим
-------------------------------------
Ба Созандаи Нассоҷ !

Гапҳое ки ту задаӣ аввалаш бо охираш созгор надорад, мегӯед,ки ба мо тоҷикон на оби ошомиданӣ лозим асту на тую на занги охиру на.... Чӣ магар мо тоҷикон инсон не ? Оби ошомидани нахӯрему хурок ҳам? Мо ҳам Худоро шукр мекунем ба президенти хирадмандамон! Вақте мебинем, ки хуқуқи донишҷӯҳо ё муаллимону коркунон зери по мешавад, мумкин аст, ки ҷаноби олимақом президенти муҳтарам ҳам надонанд ин корҳоро! валлоҳ гуфта қасам хурдаӣ, пас маълум аст мусалмонии Оллоҳро қабул дорӣ, Худои таоло гуфтаи маълум аст, ки мусалмонӣ. Аммо ин ки мегӯӣ ба мо Қуръони шариф ҳам лозим нест, астағфируллоҳ гуй, сазовор нест, ки инсон ба хотири хоҳишоти нафсонӣ динашро дар хатар андозад. Ман инро ба хотири бародарӣ ва тазаккур мегӯям. Ин ки гуфти Қуръони маҷид ҳам ба мо лозим нест ин гап ба мо миллати тоҷику мусалмон сазовор нест ва куфр аст Худованд ҳамаи моро бибахшаду роҳбарони давлату мамлакати моро инсоф диҳаду қувват диҳад ва фурсат диҳад то мамлакатамон рӯз ба рӯз обод шаваду пешрафт кунад.
Омин ё раббал оламин

Абдулло Ҳакимӣ
-------------------------------------
Дар ҳоле, ки ҳукумати феълӣ як ҳукумати тоталитарӣ асту имрӯз ба вайрон намудани ҳуқуқи донишҷӯён, ки ояндаи миллатанд, даст задааст, таъсиси ин гуна ниҳод ҳатмист.

Хайридин
-------------------------------------
Ба Шамсулло!

Валлоҳ гапи Шамсулло дуруст аст!
Ба мо, тоҷикон ҳеч чиз лозим нест, на оби ошомиданӣ, на тӯю маъракаҳои видоъ, на занги охиру иди алифбо ва на Қуръони шариф.

Шукри худои бахшандаву қодир, ки ба мои бадбахт як мӯъҷизаи нестандарҷаҳон -- раисиҷумҳур Раҳмонуфро додааст ва ин бузургтарин нигоре аз даргоҳи таъоллоҳ мебошад.

Мо президент дорем! Ҳуқуқро кай кор дорем ва ҳомиёни ин ҳуқуқ пас дар кившари гулгулшукуфонамон коре ҳам надоранд. Тоҷикистон дар давви пешравияш кайҳо кишварҳои ҳуқуқбунёду пешрафтаи Ғарбу Шарқро пуштисар кардааст. Сатҳи эҳтиром ба ҳуқуқҳои мо аз қуллаҳои осмонбӯсу осмонхароши Ҳиндукушу Помир баландтар аст.

Илму фарҳангу саноату бинокориву таълимро ҳаато намегӯем, ки ҳам накунем. Мақсади гап, мо ҳамаҷониба аз тарафи президент ҳимоя мешавем ва қаноатманд ҳастем.
Худоҷон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон -- Тоҷикистон ягон камбудӣ надорад, камбудии мо набудани ақл, ки мо то ҳол ба қадри хушбахтиамон нарасидему гоҳ-гоҳ ба нону об ниёз дорем. Аммо умедворем, ин иштибоҳро ҳам бартараф намуда ба сутуни демократия, ҳомии аслии хушбахтиву осудагии миллатамонро -- мӯҳтарам ва раҳматулло Эмомалии Раҳмонро дигар ташвиш намедиҳем. Оҳ кай шавад, ки вай ҳам дар қиссаи мо нашаваду моро монад ба ҳоли худ бимонем???
Омин
Созандаи Нассоҷ
-------------------------------------
Салом азизон. Ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон созмон додани чунин як ниҳод ҳатман зарур аст. Зеро дар ҳаёти ҳар рӯза мо мебинем,ки чи тавр ҳуқуқи шаҳрвандон дағалона вайрон карда мешаванд.

Ҳуқуқи хонандагону донишҷӯён аз тарафи устодону мансабдорони вазорати маориф, ҳуқуқи савдогарону тоҷирон аз тарафи коркунони андоз, ҳуқуқи ронандагон аз тарафи ходимони нозирони роҳ, ҳуқуқи баъзе занҳо аз тарафи шавҳарони худ ва ғайраву ва ғайраҳо.....

Маҳмадраҳим
-------------------------------------
Албатта ташкили чунин ниҳод дар саросари Тоҷикистон лозим аст. Зеро аз замони истиқлолияти Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишвар ҳамвора поймол мегардад, мардуми ҷабрдида намедонанд ба куҷо рози дил гӯянду тасаллои дилашон шавад. Ва дар айни ҳол танқидҳои созмонҳои ҳуқуқи башар ба гӯш намерасид ва ё мақомоҳои олии ин ниҳод ҳам аз минтақа дидан намекарданд. Агар чӣ ба қавле ҳукумати мо « ҷавон» асту дар ҳоли гузариш мебошад, ва ҳамаааш гӯё оҳиста -оҳиста мешавад. На ин иштибоҳи маҳз аст. Зеро агар тифл дар хурдӣ тарбияи хуб наёбад, дар бузургӣ хеле душвор хоҳад шуд. Бинобар ин будани чунин ниҳод дар Тоҷикистон хеле зарур аст.

Б. Мусофир
-------------------------------------
Сад дарсад хоҳони ин кор ҳастам, чун мебинем, ки аз ҳар назар ки бошад, дар Тоҷикистон ҳуқуқи мардум зери по рафта истодааст ва ҳеч кас фарёди мазлумонро намешунавад ва ҳар кас ки пулу молу сарвату мансаб дорад, мехӯрад ва ҳар кӣ надорад ё мемирад ё аз мурдан бадтар мешавад. Ба ҳамин хотир бояд бошад як нирӯе ки назорат кунад ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон.

Фирдавс аз Қӯрғонтеппа
-------------------------------------
Ба назари банда, ягон зарурате нест, ки боз як созмони пулхӯри дигар ташкил шавад. Мо ба президенти худ бовар дорем ва ӯ ҳам савганд хӯрдааст, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва риоят шудани қонуни асосии Тоҷикистон ҳимоят мекунад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки агар кас ба президент муроҷиат кунад, ҳатман мушкилаш ҳал мешавад. Ман бовар надорам, ки чунин созмонҳо ба манфиати мардуми тоҷик амал кунанд.

Шамсулло
-------------------------------------
Бо як иқтибос посух медиҳам:
"Вале санҷиш бо ин хотима наёфт ва вазир аз хонанда Воҳидзода пурсидааст, ки падар дорад ё не. Ва, вақте ки хонанда, падар надорам, гуфтааст, вазири маориф ба вай «Ту бадбахтӣ, туро худо чунин кардааст», гуфтаааст. Ҳафтанома суол гузоштааст, ки чунин рафтори вазири маориф оё боиси сабақ гирифтани хонангони суғдӣ мешавад?"

Масҳо
-------------------------------------
Ҳақиқатан ҷои хушбахтист "бедоршави"-и дидбонони мустақил бо сарпарастии хонум Арбур нисбат ба вазъи валангории ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. Бо арзи маҳбубият ва ихлоси беҳад нисбати родиои Озоди, пурсиши-"Агар мегӯед,чунин ниҳод даркор аст,чаро?"-и Шумо хандаву гиряовар аст. Бешак лозим!!! Ва дуруст мебуд мавҷудияти филиолҳои намояндагии дар Бишкек мустақар мешудагии ин созмон дар ҳамаи вилоёту навоҳии Ҷумҳурӣ. Зеро дар Тоҷикистон ҳоли ҳозир режими тоталиторӣ ҳукмрон аст. ки гуяндаи поймолшавии ҳуқуқи инсон мебошад.

Кова
-------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG