Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд нашъамандон кам шудаанд


Ҷаъфар Исҳоқӣ, сарнозири гурӯҳи назорат ба муомилоти маводди нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Оҷонси мазкур, инро як тамоюли мусбат арзёбӣ кард, вале аз як тамоюли манфӣ дар ин самт низ ёдовар шуд: «Чизи нигаронкунанда ин аст, ки теъдоди нафарони истеъмолкунандаи нашъа тавассути сӯзандору дар давоми соли 2006 назар ба соле пеш наздики яку ним дарсад афзудааст ва дар ҳоли ҳозир теъдоди ин гурӯҳи нашъамандон беш аз 85 дарсад аз шумораи умумиро ташкил медиҳад».

Абдулло Қодиров, сардухтури табобатгоҳи нашъамандии Суғд дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, нисбатан рӯ ба коҳиш ниҳодани нашъамандӣ таҳти ду омил сурат гирифтааст. Бино ба қавли ӯ, тарғиб ва ташвиқи зиёд алайҳи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, аз як сӯ, ва пешниҳоди табобат бидуни ошкор сохтани ному насаби нашъаманд, аз сӯи дигар, ин авомили муассири мусбат ҳастанд. Оқои Қодиров гуфт, дар соли гузашта идораи тандурустии устони Суғд қарор карда буд, ки афроди нашъаманд бидуни ошкор сохтани ному насаб ва аслан бепул метавонанд табобат гиранд.

Дар ин маврид ӯ афзуд: «Ҳамин тартиби нав ба нашъамандон муолиҷа гирифтанро осон ва роҳи онҳоро ба беморхона боз кардааст. Пештар онҳо метарсиданд, ки вақти табобат дар қайди милиса медароянд ва ин барои онҳо мушкили зиёде эҷод мешавад ».

Ба гуфтаи оқои Қодиров, табобатгоҳи нашъамандии Суғд дар тайи як соли гузашта ба 72 нашъаманд бидуни ошкор сохтани ному насабашон табобати ройгон расонидааст.

Чун аз Ҷаъфар Исҳоқӣ, масъули пешгирии нашъамандӣ дар Оҷонси назорат ба гардиши маводди мухаддира дар устони Суғд, пурсидем, ки сабаби бештар рӯ овардани нашъмандон ба сӯзандору чист, ӯ чунин посух дод: «Ба назари ман, маъмулан нашъамандон истеъмоли маводди мухаддираро бо роҳҳои одитар, мисли чун сигор кашидани нашъа ва ё бӯ кардани он, сар мекунанд. Баъд, ки одат карданд, ба хотири он ки аз маводди мухаддира таъсири бештар гиранд, онҳо ба истеъмоли героин тавассути сӯзандору мегузаранд. Чун нашъамандон барои ёфтани як миқдори истеъмоли нашъа пул сарф мекунанд ва гоҳе ҳам онро хеле бо азоб ба даст меоранд, мехоҳанд аз он «пурра» таъсир гиранд».

Дар ин маврид Абдулло Қодиров мегӯяд: «Ҷиҳати дигар ин аст, ки, ба иқрори нашъамандони табобатгиранда, агар касс бо сӯзан ду-се маротиба героин истеъмол кунад, баъд табобат гирифтанаш осонтар мешавад. Аммо ин фикр нодуруст ва бофтаву сохтаи худи нашъамандон аст».

Вале дар зери ин сухани нашъамандон як ҳақиқате ҳам нуҳуфтааст, афзуд оқои Қодиров.

Дар ҳоле ки вилояти Суғд дар масири қочоқи маводди мухаддира қарор гирифтааст, бадеҳист, қисмате аз маводди мухаддира низ дар ин минтақа ба фурӯш меравад. Нашъаҷаллобон манфиатдоранд бо ҳар роҳу васила теъдоди нашъамандонро аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ бияфзоянд. Абдулло Қодиров мегӯяд, танҳо бо тарғиботи густарда алайҳи нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он ва пешниҳоди табобати имтиёзнок ва ё бепул ба беморони нашъаманд метавон аз густариши нашъамандӣ пешгирӣ кард.
XS
SM
MD
LG