Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё маъракаҳои тоҷикӣ воқеъан серхарҷанд?


Воқеъан маросими шодӣ ва сӯгвории тоҷикон пурхарҷ буда, на аз рӯи имконият, балки тибқи эҳсосоти "номусакӣ" ҷараён мегиранд. Асоси масъала тақлид ба ҳамдигар, ҳифзи обрӯ дар назди дигарон аст. Бояд дида шавад, ки мардум ба кӣ тақлид мекунанд? Бештар ба маросими чандинҳазордолларии онҳое ки пули камазоб меёбанд (вазирон, мақомоти давлатӣ...) Аммо дар телевизион дар бораи онҳо чизе гуфта намешавад, ҳол он ки ҳама чиз аз он ҷо бармехезад.

Шахсан ман, тӯи арӯсии яке аз аъзои Ҳизби халқию демократиро дар Қӯрғонтеппа дидам, ки фақат харҷи машруботаш 4,5 ҳазор доллар буд. Ба назари ман аз он харҷе ки арқомаш ин ҷо эълон шудааст, 80 дарсадашро ҳамин гуна одамон мекунанд. Пас бояд масъала ҳаматарафа баррасӣ шавад ва муллоҳои мӯҳтарам низ дар ин раванд ба таври ҷиддӣ фаъолият кунанд. Аз нигоҳи шариати исломӣ ҳам ин гуна харҷ дар маросим ҷойгоҳе надорад.

Алиҷон Абдураҳмонов
alitaj@mail.ru

--------------------------------------------
Марҳум устод С.А.Нурӣ дар сини 25-солагияш ҳамин маъракаҳоро манъ карда буд. Ба ҳамин далел аз тарафи баъзе ашхоси алоҳида мавриди танқид қарор гирифт. Вале имруз баъд аз даргузашти марҳум устод С.А.Нурӣ ҳатто ҳукумат ҳам роҳи ҳалле барои ин мушкил меҷӯяд.

Биҳиштӣ
Муних. Германия

--------------------------------------------
Ҳар рӯз аз кор омада телевизорро васл мекунам. Бовар кунед, ба дилам зад. Дар ду шабакаи телевизиони тоҷик ба ҷузъ аз тӯю маърака дигар гап нест. Ҳамин хел хулоса меравад, ки дар Тоҷикистон ба ғайр аз ба танзим даровардани маърака дигар муаммо нест. Як рӯз будагист, ду рӯз, наход, ки расо як моҳ шудааст, ки шабу рӯз дар телевизион дигар гап набошад. Лекин ин тавр рафтори шабакаҳои телевизионии давлатӣ боз ҳам ба кори антенфурӯшҳо барака мебахшад. Парво накунед раиси кумитаи телевизион, дуогуёни шумо антенфурӯшони бозори Султони Кабир мебошанд!!!

Анвар Сафоев
--------------------------------------------
Сатҳи камбизоатии мардуми моро маҳз ҳамин иқдоми сарвари давлат метавон аз байн бубарад. Метавон гуфт, ки қисми зиёди ҳамватанони мо бо хотири гузаронидани маросимҳои хеш ба хориҷи кишвар сафар менамоянд. Агар ин хурофотҳо аз байн бурда шаванд, шаҳрвандони Тоҷикистон ба мардикорӣ нахоҳанд рафт.
Сафаралӣ Мирзоиён, н. Восеъ
--------------------------------

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон, ман ҳаминро гуфтаниям, ки ба танзим даровардани маъракаҳои сӯру азо ин як иқдоми нек аст ва ин маросимҳои азо, ки мардум мегузаронанд, ягон робита бо дини мубини Ислом надоранд. Ин ҳама хурофоте аст, ки аз номи дин гузаронида мешавад. Ёд дорам, ки охирҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта бархе аз ходимони равшанфикри дин хостанд ки ин хурофотро аз байн баранд, онҳо аз тарафи ба ном ходимони дигари дин, ки аз пушти дин рӯз мегузаронданд ва манъи ин гуна хурофот ба буҷаи онҳо халал мерасонд, он гуна равшанфикрҳоро ваҳҳобӣ гуфта тӯҳмат заданд.
Ана акнун, ки раҳбарияти ҷумҳуриямон бо сардории Ҷаноби Олӣ ин иқдоми некро пеш гирифтаанд, онҳое, ки аз номи дин мехӯрданд, канӣ акнун раҳбариятамонро ваҳҳобӣ гуфта тӯҳмат зананд, онҳо ҳаргиз ин корро намекунанд ва ҳатто баръакс, аз ин сиёсат дастгирӣ мекунанд.
Бо эҳтиром, Алишер
-----------------------------------------

Харҷ аз кисаи давлат нест, кори шахсии ҳар кас аст, ки чӣ миқдор харҷ кунад. Беҳтар аст, дар сатҳи давлатӣ ба сарфаҷӯӣ машғул шаванд. Ҳар рӯз рақсу консерту сафар доранд, харҷ нест, магар?
----------------------------------

Ассалому алейкум!
Банда донушҷӯи аз ватан берунам. Имсол насиб бошад, Донишгоҳи шаҳри Маскавро хатм мекунам. Шукри Худованди муттаъолро мекунам, ки дар дилам меҳри исломро афрӯхтааст. Имсол дар шаҳри Маскав ба ҳиҷоб пушидан пардохтам. Аввал мушкил, буд чунки мардум меҳаросанд, аз ту дур мешаванд дар метро. Вале танҳо фикри онро мекардам, ки акнун ба Душанбе бармегардаму нафаси озод мекашам. Аз мусулмон будам мефахрам. Баъди фаҳмидани ин хабар аз худ бе худам. Магар онҳое, ки ин суханонро мегӯянд худ мусалмон нестан?! Ҳиҷоб ба ки халал расонидааст? Барои чи дар Москав ман бо ҳиҷоб ба донишгоҳ мераваму дар ватани худам ман бояд рӯймоламро кашам. Ин ҷо суханҳое нисбат ба фарҳанги араб буд. Азизон биёед фарҳанги арабу Эрон як тараф монем. Худованд дар Қуръон фармудааст пӯшидани ҳиҷобро, фарҳанги араб чи дахл дорад, Ё шумо шак доред, ки Қуръон китоби Худованд аст?
Худованд мадагори ҳар яки мо бошад.

Нурона
---------------------------------------------------
Ба номи Худо салом
Албатта, ин хароҷоте, ки дар кишвари мо мешавад дар маросимҳои туйу мотамҳо хурофотест, ки дар фарҳанги мо дохил шудааст. Ман фикр мекунам, ки барои аз байн бурдани ин гуна хурофот сабаби ихтилоф бузурге дар ҷомеаи Тоҷикистон мешавад. Ман мутақид ҳастам, ки аз байни бурдани ин хурофот кори сардорҳои давлат нест, чароки инчо масъала масъалаи динист инро бояд ҳазароти оли ҳал кунанд. Мутаассифона, баъзеҳо мегўянд ин қарорро Эмомали Раҳомон баровард ва ба ўҳдаи домуллоҳо гузошт ва асосан дин аз давлат чудост. Ин кадом асос бошад? Бояд ин ҳақиқатро қабул кард, ки ин ақида "Дин аз давлат ё сиёсат чудост" комилан хатост.Ин ки "Дин аз давлат ё сиёсат чудост" воқеан як шубҳаест, ки аз ин тариқ мехоҳанд Исломро як ақаидаи надоракор чилвадиҳанд, аммо ин шубҳаро 1500 сол пеш ҳукумати Паёмбари акрам(с) дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ҷавобашро дода буд. Ба ин суханҳо қасди инро надорам, ки Исломи азизро таблиғ кунам чун радои озодист ва ҳақиқатро мехоҳад ман ҳам ҳақиқатро баён кардам.Воқен вичдони исониям намегузорад, ки ҳақиқатро поёмол кунам.
Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
----------------------------------------------
Як шиносам чанде пеш гуфта буд: ман ҳар рўз оши палав мехурам. Гуфтам, маблағе надорӣ раҳпулӣ кунӣ, оши палав аз куҷо? Аз Иттифоқи нависандагон, ҳар рўз меравем оши худоӣ, марди пеши дар меистода, моро мешиносад ҳамон замон ош мебиёрад, мехурему меравем-гуфт. Аз ин рў, агар розигӣ ба дасти ман бошад, ба ҳамаш розиам, вале намехоҳам, оши наҳори Иттифоқи нависандагон ба танзим дарояд. Айни ҳол шиносамро ду ҳафта шуд надидем, то бипурсам, ки оши наҳори Иттифоқи нависандагон чи шуд?
Ҳамаи ин гапу калочаҳоро шунида, кас ба фикр меравад, магар дар кишваре, ки 80%-и аҳолиаш камбизоту нодор, заводу фабрикҳояш ғайрифаъол мушкилоти дигаре нест, ки ҳама ҷо аз танзими расму оин сухан мекунанд. Ҳамаи ин пешниҳоду фармонҳои ҳукумат баҳри он аст, ки мардум ба ҳамин гапи беарзише таваҷҷўҳ кунанд, илло мақсади дигаре нест. Ва ин масъалаи вазнине ҳам нест, ки маҳз сардори давлат, дар сатҳи ҳукумат ин масъларо бардорад. Бигзор раисону сардорони ҷамоату деҳаҳо ба ин "мушкилот" овора шаванд, на президент. Айб аст айб!!!
Баҳман
----------------------------

Салом ба хонандагони Радиои Озодӣ, мехоҳам бигӯям, дар ҳақиқат ҳам аксарияти мардуми мо, хусусан дар деҳаҳо мераванд ба Русия, бо азобу машаққат кор мекунанд вале пулашонро дар тӯйҳои худ исроф мекунанд.
Ҳамсояам Садриддинро овард, дигараш мегӯяд, ки ман аз вай беҳтарашро меорам, агар пулаш нарасад, қарз мекунад.
Тӯйи як хешамон рафтем, аз мо маслиҳат пурсид, ки мехоҳад Эшони Нуриддинро орад, лек лиласаф зӯраш намерасад, баъд фаҳмидем, Сӯҳроби Сафарзодро овардааст ба 700 доллар.
Шояд президент ҳамин хел одамҳоро дар назар гирифта гӯяд, ман намедонам мардум чӣ фикр мекунанд, охир, эшони Нуриддин агар ки ба дасташ чизе диҳӣ, мегирад, надиҳӣ он кас дар роҳи Худо омада мардумро мефаҳмонанд.
--------------------------------

Бо салом хидмати ҳамагӣ. Сиёсате, ки имрӯз раисҷумҳур дар пеш гирифтааст, сиёсати хубест ва ҳамаи мо тарафдори онем. Ҳарчанд ин гапи нав нест ва даҳсолаҳо пеш вақте аҳли дин ва донишмандони исломии кишвар ин ҳарфҳоро гуфта буданд, аз тарафи мардум ваҳҳобӣ номида шуда буданд. Ягона касе ки ин маросимҳоро ба танзим медарорад ин раисҷумҳур аст ва ҳоло мардум аз рӯи ақлу мантиқ ҳам набошад, аз рӯи тарс онро ба танзим медароранд. То ин ҷо мо розӣ, аммо саволе дорам ки хело дӯст медорам ба он ҷавоб пайдо кунам.
Мӯҳтарам раисҷумҳур, Шумо харҷи кисаи мардумро тавонистед ҳисоб кунед ва ғами онро хӯрдеду пешниҳоди камхарҷӣ кардед. Худоро шукр ки мардум онро қабул кард ва оҳиста оҳиста онро ба танзим медароранд, аммо Шумо кай харҷи беҳудаи буҷаи давлатро ҳисоб мекунед, то пешрафте дар иқтисод бошад? Оё то ба ҳол фикр кардаед ки ин кормандони раъси Ҳукумати Тоҷикистон аз буҷаи давлат чӣ қадар харҷҳои беҳуда мекунанд?
Барои донишҷӯёни хонандагони макотиб истифодаи мошину мобилро манъ кардаед, оё ба он фикр накардаед, ки Кӣ ва писари кӣ соҳиби мошин аст ва он аз куҷо пули мошинро пайдо кардааст?
Чаро дар Сарқонун эътиқоди мардум муқаддас ва таҷовузнопазир дониста шудааст, аммо Вазири Маорифи ҶТ аз сари духтарони муҳаҷҷаба рӯмолҳои онҳоро бо даст мекашад ва онро аз телевизион нишон медиҳанд? Чаро қабл аз он ки фикри ҳиҷоби духтарҳоро мекунед, ки тибқи қонун ҳақ доранд онро бипӯшанд, фикри маънавиёту пешрафти илмии кишварро намекунед?
Агар як хонавода дар маросимҳояш харҷи беҳуда кунад, ба иқтисоди ҳамон хонавода зарар мерасад, аммо вақте аз буҷаи давлат харҷи беҳуда мешавад, ба иқтисоди 7 000 000 инсон зарар мерасад. Ё ин буҷаи давлат ба ин мардум тааллуқ надорад?
Бо эҳтиром, Низомиддин Асомуддинов
----------------------------------------------

Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ва Телевизиони "Сафина" ҳамарӯза дар мавриди кам кардани хароҷоти маъракаҳо барномаҳо таҳия мекунанд. Ҳатто РТР ва ОРТ низ кам кам ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зоҳир карда истодаанд. Ин албатта ба қишрҳои гуногуни ҷомеа бетаъсир намемонад.
Баъзеҳо расму оинҳои навбаромадро ба дини Ислом марбут донистанд. Нодуруст аст. Ҳамаи инро худи халқ бофтааст. Аслан ҳар оине, ки гузаштагони мо бофиданду баъзеи онҳоро мо ҳамчун фолклор гиромӣ медорем, имрӯз ба сари мо мушкилоти зиёде овардааст ба монанди бомбаи атомие, ки замоне Энштейн эҷод намуд ва ин муваффақияти илмии вай имрӯз рӯзгори аҳли башарро халалдор мекунад.
Дар деҳаи мо барои як арӯс (ғайр аз ҷиҳозҳои дигар) бист куртаи навбаромад бояд бихаранд ва як сандуқ атру уппою тилловориву дигар балою батар. Афсонаи "Чӯпонбача ва духтари бой"-ро ба хотир оварем, чӯпонбачае, ки духтари бойро дӯст медошт, давлате надошт, ки дӯстдоштаашро бигирад. Қаҳрамоние кард ва ин бойро хуш омад ва духтарашро ба чӯпонбача дод ва чиҳил шабу чиҳил рӯз тӯй карданд. Имрӯз ин афсонаҳо моро водор карда истодаанд, ки бояд мо ҳамсони гузаштагонамон бошем. Аммо як шабу як рӯза туйи имрузаи мо ҷавоби чил шабу чилрӯза туйро медиҳад.
Ин иқдоми Президент пеш аз ҳама ба вазиронаш ва атрофиёнаш дахл дорад, баъд аз он ба мардум. Агар боре ба туйи вазирон рафта бошед, мебинед, ки он ҷо чӣ қадар исрофкорӣ ҳаст. Нархи шишаи коняке, ки он ҷо менӯшед рафта аз мағозаи машрубот пурсед, нархи маоши ҳадди ақали шумост. Ош шавад, лекин дар ин ҷаъмият як нафар зиндагӣ намекунад-ку! Дигар ин ки имрззҳо бархе коршиносон ба ин қарори Президент тамасхур ҳам карданд. Ин тамасхӯрашон хато аст. Воқеан, маъракаҳо бояд камхарҷ бошанд. Ин метавонад як андоза вазъи иҷтимоиву иқтисодии рӯзгори мардумро сабук гардонад...
Соҳибёр
--------------------------------------------------

Ассалому алайкум ба ҳамаи ҳамватанони меҳрубону гиромӣ. Мебахшед, гапи домуллоҳоро гӯш мекунанд? Агар гӯш мекарданд, ҷомеаи мо барвақт аз ин бадбахтӣ мебаромад, манзурам гапи нимчамуллоҳои нохондаву беилмро не, балки домуллоҳое, ки садҳо бор дар ин бора ҳарф зада буданд, монанди Эшони Нуриддин. Лекин инро ҳам дар сари домуллоҳо назанед. Харҷу сарфе, ки дар тӯй мешавад, аввалан, арақнӯшӣ, артистӣ, арӯсбарӣ бо мошинҳои бисёр, ҳаминҳо набошад иншоаллоҳ ҳеҷ харҷ ҳам намешавад.
---------------------------------------------------

Сарфи назар аз "тараққиёт ва беҳбудияти иқтисодӣ, маънавӣ..."-и кишвар, ба низом овардани маъракаҳои суру азо ин талоши хело ҳам мусбатест. Зеро суру азо яке аз шохаҳои асосии "фарҳанги" ҳозираи тоҷикистониён аст ва маблағғундории афроди бурунмарзии ин сарзамин равонаи ин суру... аст. Дар ҳоле, ки дар рафти ин сармояғундорӣ бахусус дар Русия бисёриҳо дар ҳолати мудҳиш ҷони худро аз даст додаанд ва медиҳанд.
Ханҷарбек Қурбонбеков
-----------------------------------------

Ба номи Худо
Воқеан президент қарор дар мавриди камхарҷ гузаронидани маъаркаҳоро ба тавсиб расонд. Лекин барои дар амал татбиқ кардани ин қарорро бар дӯши домуллоҳо гузошт. Дар асл дин аз давлат ҷудо аст.
бо арзи сипос, Амон аз Бостон, ИМА
------------------------------------------------------------

Бо арзи салом,
Бояд гуфт, албатта, маъракаҳои сӯру азо ин ҳама ҷузви фарҳангу одат ва урфи мардуми тоҷик аз замони қадим то инҷониб боқӣ мондаанд ва марҳалаҳои гуногунро тай кардаанд. Вале шакке нест, ки онҳо рӯ ба дигаргунӣ ва тараққӣ оварда бошанд. Ва ба танзим дароварданашон хеле душвор хоҳад буд. Зеро ин ҳама ба ҷузви эътиқоди мардум ва ҷузви фарҳанг табдил шудааст. Ва якбора аз байн бурдани онҳо на танҳо воқеъбинона нест, балки метавонад боиси ихтилофоти ақидавӣ гардад.
Агар чунин маросимҳо воқеан мутобиқи равишҳои исломӣ шаванд, онҳо ҷиҳати баланди маънавӣ гирифта боиси содда ва камхарҷ шудан мешаванд.
Хеле хуб мешуд, ки сарчшамаи он ки чунин маъракаҳо аз куҷо об гирифтаанд ва чӣ касон онро дар минтақа ба ҷилва меандозанд ва кадом ашхос дар он ифрот мекунанд, маълум мешуд.
Бо эҳтиром, Б. Мусофир
------------------------------------------------

Салом,
Воқеан ҳам, ба назари ман ин як масъалаи бисёр муҳим аст, ки гиребони мардуми моро гирифта аст. Аз оморе, ки бармеояд, ба назар мерасад, ки дар ҳақиқат ин хароҷот зиёд аст. Яъне, барои ҷашни арӯсӣ 180 миллион доллар ва барои маросимҳои мотамӣ 120 миллион доллар. Дуруст аст, ки мо бояд ҷашни арӯсӣ ва маросими мотамӣ гирем ва аммо дар тавони худ. Худи ман ва мумкин аст, ки шумо (хонандаҳо) шоҳиди он будед, ки баъзе аз афрод қарз мекунанд, ин як зарари иқтисодӣ бар хонавода мебошад. Ва агар ин хароҷотро мардум дар бонкҳо пасандоз гузоранд, метавонад ҳам барои мардум ва ҳам барои давлат фоида орад. Мо маҷбур нестем, ки ин маросимҳоро ба таври дабдабанок ба анҷом расонем.
Толиб Мирзоев (донишҷӯи иқтисод)
-----------------------------------------------------

Ба номи Худо,
Ба назар мерасад, ки мо имрӯз вақте каме худро гирифтем, гумон мекунем, ки дунё соҳиб надорад. На, чунин нест, балки соҳиб дорад ва соҳиби он касеро намегузорад, ки аз пеши худ тасарруфи комил кунад. Дар дини мубини Ислом ҳама чиз муқаррар шудааст, ҳатто чӣ гуна нишаста хӯрдан, бо кадом даст хӯрдан, бо кадом ангуштон хӯрдан, бо кадом пой аз хона баромадан, бо кадомаш ворид шудан, пеш аз баромадан чӣ гуфтан ва чӣ гуна худро пок кардан, зеро ин дини покист.
Имрӯз ба мардум таҳмил мешавад, ки нонашро ба сағерахона барад, вале инро бояд донист, ки Ислом барои мо ҳама чизро чӣ гуна ки дар боло ба тариқи мисол зикр шуд, овардааст. Ҳадисе ҳаст, ки таоми туро танҳо одами тақводор бихӯрад, пас ҳар инсон озод аст, ки тақводореро, ки дар назар дорад, ба он бидиҳад. Ва касе ӯро маҷбур наметавонад кунад. Агар касе дар дин дахолат мекунад, ин гуноҳи сахт аст ва Худо ва баъд бандагони ӯ ин корро намебахшанд. Мисли бадтарин фармоне, ки ба султаи Худовандӣ тадаххул намуда фармони гирифтани рӯймолро баровардаанд, ин нобахшиданист, магар ин ки тавба кунанд ва аз ин кори худ даст кашанд.
------------------------------------------------

Мо ки ҳоло дар Ирон донишҷӯем, мисли ирониҳо серхарҷ нестанд.
-----------------------------------------------

Вазири маориф проблемаи аввалиндараҷаи соҳаи маорифро дар ҳиҷоб мебинаду президент рафъи камбизоатиро дар камхарҷии расму оин. Эй, қанд занед, Ҷанобон!!! Ин амали ин ду нафар ду мақоли маъмули тоҷиконро ба хотир меорад. Вазири маориф "Алами Исоро аз Мӯсо гирифтанист" ва президент "Даридаро аз ҳисоби дарида дарбеҳ мекунад". Офарин,
ОШИНАҲОРХӮРИ Маҳрум (ИСЛОМ)




Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG