Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Чаро қонуншиканиҳои иқтисодӣ меафзоянд?


Маъсуми Муҳаммадараҷаб Додситонии Суғд дар тайи се моҳи аввали соли равон беш аз 550 мавриди қонуншикании иқтисодиву молиро дар устони Суғд ошкор сохтааст.

Хайрулло Саидов, додситони Суғд, иттилоъ дод, ки дар бештари ин маворид намояндаҳои мақомоти гуногун тавассути таҳияи асноди муғойир ба қонун маблағҳо ва амволи давлатиро аз они худ намудаанд ва ё аз супурдани андози давлатӣ ва маоши кормандонашон сарпечӣ кардаанд.


Ӯ ҳамчунин гуфт: «Бо қарору пешниҳодҳои додситонҳо 160 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 108 тан – ба ҷавобгарии моддӣ ва 471 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Ба додгоҳҳо 81 аризаи даъвоӣ пешниыод шуда, маблағи зарарҳои наздики панҷ миллион сомонӣ ситонида шуд. Инчунин, дар натиҷаи санҷишҳо 52 парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст».



Бар тибқи иттилоъи Оқои Саидов, дар ҳоле ки идораҳои газ ва барқи устони Суғд дар маҷмӯъ беш аз 90 миллион сомонӣ (наздики 30 миллион доллари амрикоӣ) вом бар дӯш доранд, бархе аз масъулини идораҳои мазкур маблағи аз аҳолӣ барои истифодаи газ ва барқ ҷамъоваришударо аз худ кардаанд. Ба гуфтаи вай, насупурдани андозҳои давлатӣ, корбурди маблағҳои маоши коргарон барои суди шахсӣ, фурӯши замин ва моликияти дигари давлатӣ аз сӯи мансабдорони зинаҳои гуногун аз умдатарин қонуншиканиҳо дар бахши иқтисоди вилоят будааст. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар як соли ахир қарзи маош дар устони Суғд тамоюли зиёд шудан дорад. Аммо, бо ишора ба ақидаи коршиносон ва таҳлилгарони Суғд, ӯ мегӯянд, аз сӯи дигар, маоши кам ва даромади ночиз низ роҳро ба қонунуншиканиҳои иқтисодиву молиявӣ боз гузоштааст.



Ҷамшеди Обидпур, коршинос масоъили иқтисодӣ, мегӯяд: «Ҷиноятҳои иқтисодӣ аз ниёзмандиҳои молиявӣ маншаъ мегиранд. Моҳонаи мансабдорон наметавонад талаботи молиявии онҳоро қонеъ бигардонад. Аз ин рӯ аксари онҳо пора мегиранд ва ё ба маблағҳои давлатӣ чашм медӯзанд ».


Ӯ афзуд, ҳарчанд давлат ба маоши кормандони бахшҳои бӯдҷавӣ меафзояд, вале нархи амвол бо суръати бештар баланд мегардад ва ниёзмандии моҳонагирон ҳамчунон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG