Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаводиси Қирғизистон аз нигоҳи ҷавонони тоҷик


шаҳри Душанбе Ҷавонони тоҷик ба таҳавуллоти раванди сиёсии феълии Қирғизистон аз зовияҳои мухталиф менигаранд. Бархе ба ин назаранд,ки бо эътироз намешавад ба пешрафти кишвар мусоидат кард.

Онҳо мегӯянд, ҳодисаҳои имрӯзи Қирғизистон шабеҳи ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта аст, ки билохира бо ҷанги шаҳрвандӣ анҷом ёфт. Фариддун Давлатов як ҳамсоли мо мегӯяд, албатта ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба эътироз дорад, аммо ба шарте, ки он дар чаҳорчуби қонун бошад,зеро дар акси ҳол ба ҷомеъа ва низоми давлатдорӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ва аммо ба гуфти Фаридун нокифоятии дарки сиёсии ҷавонони қирғиз боиси он гаштааст, ки онҳо мавриди истифодаи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ мешаванд.





Ҳайдулло Абдуллоев дигар мусоҳиби ман тазоҳуроти густурдаи эътирозии феълии Қирғизистонро идомаи инқилоби рангаи ду соли қабл номид. Акрам, ки донишҷӯ аст гуфт тӯли ин ду сол раиси ҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки пайваста зери фишори мухолифин қарор дошт натавонист ислоҳотро ба манфиати ҷомеъа анҷом диҳад, аммо беҳтар аст агар ҷониби мухолифин барои раиси ҷумҳури Қирғизистон як имконияти дигар бидиҳад.



Ба андешаи Абдулло Қодирӣ ҷомеъашиноси ҷавон, дар сурати ба як қарори умумӣ наомадани ҷонибҳо ва идома ёфтани ин тазоҳурот заминаҳои нооромӣ дар кишварҳои дигари Осиёи марказӣ низ ба вуҷуд меояд: «Дар он вақт Осиё марказӣ боз маркази тохтутозҳо ва маркази ноамнӣ барои кишварҳо сулҳҷӯ мегардад ва гурӯҳҳои фурсатталаб боз ҳам ин гуна нооромиҳо истифода хоҳанд кард.»



Абдулло Қодирӣ меафзояд, агарчи нооромӣ дар Қирғизистон наметавонад ба авзоъи дохилии Тоҷикистон таъсири мустақим гузорад, аммо барои рафтуомади шаҳрвандон ва муносиботи тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар латма хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG