Пайвандҳои дастрасӣ

Дафинаи Омӯ: Оё ба Ватан бармегардад?


Ба иттилои хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, сухангӯи осорхонаи миллии Лондон Ҳана Боултон гуфтааст, соҳибони феълии осори таърихии Дафинаи Омӯ гумон аст, дархости бозпас баргардонидани ин осори гаронарзиш ба Тоҷикистонро бипазирад. Ва ҳамчунин гуфтааст, ки то расидани дархости расмӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон расман эълон медорад, ки мухолифи бозпас гардонидани ин осори таърихӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Ин изҳори назари масъулини осорхонаи Лондон дар ҳоле садо додааст, ки ба иттилоъи сомонаи интернетии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалии Раҳмон зимни сафари худ ба ноҳияи Қубодиён ва мулоқот бо олимони бостоншинос хостори бозпас баргардонидани осори гаронарзиши Дафинаи Омӯ аз осорхонаи Лондон шудааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки масъулини бунёди фарҳанги Тоҷикистон пахши ин хабар дар мавриди дархости бозпас баргардонидани осори дафинаи Омӯ аз осорхонаи Лондонро дигаргуна шарҳ медиҳанд. Ҳамза Камол, раиси бунёди фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот аслан хостори ба Тоҷикистон бозпас баргардонидани он осори таърихие шудааст, ки ба таври қочоқ аз осорхонаҳои кишвар ва ё аз мавзеъҳои таърихӣ хориҷ гаштааст.

Ва дар ҳамин ҳол сухангӯи осорхонаи Лондон гуфтааст, ҳанӯз маълум нест ва касе низ дақиқ таъйид карда наметавонад, ки ин осори гаронарзиши дафинаи Омӯ дар кадом минтақа кашф шудааст ва оё дар ҳақиқат мансуб ба Тоҷикистон аст? Аммо раиси бунёди фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба ин изҳори назари хонум Боултон гуфт, комилан аз нигоҳи илм исбот шудааст, ки ин Хазина дар хоки Тоҷикистон кашф шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Музаффар Азизӣ, сардори раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ кашфи осори таърихии Дафинаи Омӯ дар қаламрави феълии Тоҷикистонро таъйид мекунад. Вале дар мавриди бозпас ба Тоҷикистон баргардонидани он мегӯяд, дар ҳоли ҳозир осори Дафинаи Омӯ моли фарҳангии Бритониё аст ва танҳо дар сурати ба ин кор майл доштани ин кишвар бозпас баргардонидани он имкон дорад.

Осори Дафинаи Омӯ дар солҳои ҳаштодуми қарни 19 аз сӯи се тоҷири бухороӣ, бо исмҳои Вазиуддин, Ғуломмуҳаммад ва Шукуралӣ дар минтақаи Қубодиёни феълии Тоҷикистон аз сокинони маҳаллӣ бо арзиши ночиз харидорӣ шуда ва ба Пешовари Покистон, ки он замон дар ҳудуди Ҳиндустон буд интиқол мешавад.

Ва аммо чаро масъалаи бозпас ба Тоҷикистон баргардонидани ин осори бостонӣ на дар замони Шӯравии собиқ, балки ҳоли ҳозир бархост? Бештарин коршиносон ва муаррихини тоҷик бар ин назаранд, ки зеро феълан Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва аз ҳарвақта бештар ба пешниҳоди осори таъриху фарҳанги гаронмояи худ ниёз дорад, ки метавонад ҳар сол маблағҳои ҳангуфтро ба буҷаи кишвар ворид созад. Ва аммо аз сӯи дигар меафзояд, бо он иллат ҳукумати Шӯравии собиқ ин масъаларо матраҳ намекард, ки ба ин монанд осори гаронарзиши таъриху фарҳанги тоҷикон он замон кашф ва аз қаламрави Тоҷикистон ройгон хориҷ карда мешуд, ки низ феълан дар осорхонаҳои Русияву дигар кишварҳо маҳфуз аст. Ва ин ҳам боз дар ҳолест, ки дар миёни давлатҳои Муштаркулманофеъ созишномае дар мавриди бозпас баргардонидани осори фарҳангии дар замонии Шӯравии собиқ аз ин кишварҳо хориҷшуда мавриди амал қарор дорад.
XS
SM
MD
LG