Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҳабдаҳсола болоро намегирам!"


коромӯзи Радиои Озодӣ Маҳина Давронова Арӯсатон чанд сол бояд аз шумо хурд бошад? Фарқи синну сол миёни арӯсӯ домод чанд сол бояд бошад? Маҳина Давронова, коромӯзи Радиои Озодӣ микрофон дар даст гирифт ва дар хиёбони марказии Душанбе аз роҳгузарон ба ин суолҳо посух ҷӯё шуд.

Назари ҷавонмардон:

Рустам, 20 сола, бекор: Ман мехоҳам оилаам аз ман 10 сол хурд бошад, барои он ки аз ин калонтарро гирӣ, зан дар зиндагӣ зуд пир мешавад.

Фарҳод, 15 сола, хонандаи мактаб: Фикри манн ҳамин, ки зан аз мард се сол бояд хурд бошад.

Карим, 20 сола, донишҷӯ: Фарқ байни зан ва шавҳар бояд 10 ё 9 сол бошад, ба хотире, ки агар дар зиндагӣ зан аз шавҳараш як-ду сол фарқ кунад, ба умри шавҳар баробар аст. Барои ҳамин, агар зан 10 сол хурд бошад, фаронбардори шавҳар шуда метавонад ва ҳамон қадар ҳурмату эҳтироми шавҳарро мекунад.

Фазлиддин, 23 сола, донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: Ба фикри ман, синну сол фарқ надорад, агар духтару писар ба якдигар маъқул шаванд, хоҳ зан калон бошад. хоҳ хурд фарқ надорад. Лекин, мутаассифона дар Тоҷикистони мо барои мард зани аз худ калонро гирифтан намешавад, аммо дар Ғарб ин чиз фарқ надорад.

Анвар, 18 сола, хонандаи литсейи Донишгоҳи славянӣ: Синну соли духтару писар дар оиладорӣ бояд баробар бошад, чунки зан ҳамсоли мард бошад, якдигарро мефаҳманд.

Баҳром, 15 сола, мактаббача: Зан аз мард бояд беш аз як сол хурд набошад, барои он ки агар зиёд хурд бошад, мард ба занаш фармон медиҳад, зӯрӣ мекунад.

Саид, 15 сола, хонандаи мактаб: Агар ошиқ шуда бошӣ, намегӯи ки духтар калон аст ё хурд. Масалан, ман духтареро дӯст медорам, ки аз ман се сол калон аст, лекин сад афсӯс, ки ман ҷуръат надорам, ки эҳсосоти худро ба ӯ бигӯям.... Ба фикрам, ӯ низ маро дӯст медорад, чунки чанд бор ба ман хат навишт.

Бахтиёр, донишҷӯи соли панҷуми ДДМТ, 23сола: Ба фикри ман, ин пеш аз ҳама аз ишқ вобастааст, синну сол фарқияте надорад, шояд духтар аз писар 5 сол калон бошад ва ман чунин ҳолатҳоро бисёр вохӯрдаам, ки ҷавононписарон духтари аз худ калонро гирифтаанд. Аммо бо вуҷуди ин ман мехоҳам, ки ҳамсари ман аз ман аз ду то панҷ сол хурд бошад ва соҳибмаълумот бошад, кор кунад ва баробари ман пул даромад кунад, то ки фарзандонро дуруст тарбия карда тавонем.


Назари ҷинси латиф зери ин хати сабз ниҳон аст


Сиёвуш, 17 сола, мактаб намехонад: Зан аз мард бояд 3 сол хурд бошад, барои он ки мувофиқи дини Ислом духтар аз нӯҳ солагӣ ва писар аз 12 солагӣ ба гуноҳ медарояд.

Раҳмон, 25 сола, бекор: Чандсолае бошад набошад, ман мехоҳам, ки зан хонашин бошад, чунки зан агар аз хона берун шуд, дигар гапи шавҳарро гӯш намекунад ва пулкоркун, ки шуд, мегӯяд, мана ман зиёд пул кор мекунаму ту кам, баъд дар ин ҷо нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд.

Сафаралӣ, 25 сола: Кӯшиш кунед, ки аз худ 2 ё 3 сол ҳамсари хурд интихоб кунед. Аз ин синну сол хурдтар намешавад, чунки вай кӯдак ба шумор меравад ва кӯдаки ғарибу бечораро дар зиндагӣ азоб надиҳед. Худам як ҳафта шуд, ки бо хоҳиши падару модарам оиладор шудам ва ҳамсарам 3 сол аз ман хурд аст. Шукри худо зиндагиамон хуб аст.

Далер, 25 сола, бекор, таҳсил накардааст: Зан аз мард бояд 4 сол хурд бошад ва барои ман зан бояд пеш аз ҳама ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан зебо бошад.

Алӣ, 24 сола, таҳсилкардаи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ дар Анқара: Фикр мекунам, зан аз мард бояд 4 сол хурд бошад, лекин ҳар қадар хурдтар бошад, беҳтар аст. Инчунин барои ҳамсар ва модар шудан ҳатман бояд соҳибмаълумот бошад, то ки фарзандонро дуруст тарбия кунад.

Фирӯз, 16 сола, хонандаи мактаби миёна: Бояд писар аз духтар 3 - 4 сол фарқ дошта бошад. Ман алъон дар мактаби миёна таҳсил мекунам ва нақша дорам дар оянда пас аз хатми донишгоҳ дар синни 23 солагӣ оиладор шавам ва ҳамсарам аз ман бояд се сол хурд бошад ва бояд боодоб бошад.

Ҷӯрабек, 17 сола, таҳсил намекунад: Хайр, духтар аз писар бояд то 5 - 6 сол хурд бошад. Аз ин зиёдтар аллакай миёни зану мард ҳамдигарфаҳмӣ намешавад. Ман мехоҳам, завҷаи ман аз ман як ё ду сол хурд бошад ва мусулмон бошад.

Фурқатуллоҳ, 21 сола, донишҷӯйи Донишгоҳи технологӣ: Хубтараш, 2 сол барои он ки фарқи зану мард аз якдигар дар он мемонад, ки якдигарро мефаҳмад, барои он ки зан синну солаш пурра мешавад, ба оиладорӣ тайёр мешавад, ман дар назар дорам, дар синни 19 солагӣ.

Даврон, 22 сола, донишҷӯ: Фикр мекунам, зан аз мард ду ё се сол хурд бошад кифоя, барои он ки духтарони ҳозира хеле ҷавон ба шавҳар мебароянд, яъне аз худ 6 - 7 сол калонро мегиранд, ки ҳаётро намефаҳманд ва ба зиндагии мустақилона омода нестанд.

Маҳмадёров Абдуқаюм, 20 сола, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: Ақидаи ман дар ин бора чунин аст, ки барои ман фарқаш нест, хоҳ духтар аз писар калон бошад, хоҳ хурд. Умуман гап дар синну сол нест, чунки ҳар як шахс пеш аз ҳама бояд одам бошад. Ва синну солу дигар чизҳо инҳо дуюмдараҷа ҳастанд. Ба фикрам, ки барои барпо намудани оила синну сол сабаб шуда наметавонад. Ва бигзор агар зан 40 сола бошаду ба хости дили ман бошад, албатта бо ӯ оиладар мешавам, барои чӣ не. Махсусан барои ман синну сол сади роҳ шуда ҳеҷ гоҳ садди роҳ шуда наметавонад.

Мирзоалӣ, 22 сола,таҳсилнокарда, фурӯшанда: Ман мехоҳам, ки завҷаам аз ман ду - се сол хурд бошад. Агар зан аз мард калон бошад, занкалонат мегӯянд, барои ҳамин зан аз мард бояд хурд бошад... Хислати хуб дошта бошад, падару модари маро ҳурмат кунад, бароям дигар ҳеҷ чиз даркор нест.

Шаҳриёр, 25 сола, корманди созмонҳои байналмилалӣ: Манн ҳеҷ гоҳ аз 17 сола калонашро намегирам. Зеро зане мехоҳам, ки аввалин бор дасташро ман дорам ва ҳам дар дилаш нахустин маъворо ман бигирам. Ман аввалин марде бошам, ки ба ёдам шабҳо хоб наравад. Аввалин ишқаш бошам. Мард бояд 24-26 сола бошад ва зан 15-16 сола.

Аскар, 19 сола, хатмкардаи Донишкадаи нақлиёт: Ба фикри ман, духтар аз писар ду сол бояд хурд бошад. Ман ҳоло дӯстдошта дорам, вай 16 сола аст. Мо ҳамсоя будем ва тайи 9 моҳ аст, ки бо ҳам вомехӯрем, рӯзи 23 феврал бо ҳам шинос шудем ва агар Худо хоҳад, пас аз ду моҳ издивоҷ хоҳем кард.

Анвар, 17 сола, хонандаи мактаби миёна: Зан аз мард бояд чор сол хурд бошад, барои он ки зан назар ба мард чор сол пештар инкишоф меёбад. Ва фикр мекунам, ки писар бояд дар синни 24 солагӣ солагӣ оиладор шавад, зеро дар ин синну сол дорои маълумоти олӣ ва соҳиби кор мегардад. Духтар бошад дар синни 20 солагӣ.

Давлат, 22 сола: Чӣ тавре ки мегӯянд, ҷисми зан назар ба мард ба қавле зудтар мепазад, аз ин рӯ бояд аз мард 2 ё 3 сол хурдтар бошад.

Равшан, 19 сола, бозорнишин: Фикри дигаронро намедонам, аммо ман мехоҳам, ки духтар аз ман ду сол хурд бошад, аз ин хурд намешавад барои ман.

Бахтиёр, 20 сола, таҳсил намекунад: Ман мехоҳам, ки духтар аз ман ду сол хурд бошад ва дар хона шинад, кори хонаро кунад, кори давлатӣ накунад. Ба ман духтари хондагӣ маъқул нест.

Самар, 20 сола, донишҷӯйи соли саввуми Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ: Зан ва мард ҳамсол бошанд хубтар аст, барои он ки дар ҳоли ҳамсол будан ақли зану мард баробар аст .

Исомиддин, 21 сола, донишҷӯи соли сеюми ДДМТ: Ба акидаи манн, як сол бояд фарқ бошад байни зану шавҳар, барои он ки хушкардаи ман аз як сол аз ман хурд аст ва насиб бошад сола оянда оиладор мешавем.

Маҳмудҷон, 17 сола, донишҷӯйи соли саввуми ДДМТ: Фарқи синну сол байни зану мард 4 - 5 сол бояд бошад, барои он ки гапамро гузаронда тавонам, яъне мард бояд аз болои зан ҳукм дошта бошад ва занро идора карда тавонад.

Абдурасул, 20 сола, донишҷӯ: Ба фикри манн, фарқ байни зану шавҳар ҳадди ақал 5 сол бошад, зеро ки агар зан ҳар қадар ҷавон бошад, метавонад шавҳари худро ҷавон нигоҳ дорад. Ман мехоҳам, дар синни 25 солагӣ оиладор шавам.

Бахтиёр, 24 сола. Донишҷӯ: Ба ин суол посух гуфтан бароям хело душвор аст, чунки вақте, ки ман дар синфи якум мехондам, ман мехостам, ки ҳамсинфи худро, ки бо ман дар як парта менишаст, гирам. Аммо вақте ки ба синфи 7 - 9 то 10 қадам ниҳодам, мегуфтам ки не ман набояд ҳамсинфи худро гирам, чунки ман бо ӯ муносибати хоҳарона дорам ва бояд нафаре, ки аз ман як сол хурдтар аст бо ӯ бояд хонадор шавам. Вале имрӯз, ки ман донишҷӯям, мехоҳам, ки бо шахсе оила барпо созам, ки аз ман 5 сол хурдтар бошад...Ва фикр мекунам, ки синну соли шахс ҳар қадар, ки бузургтар шавад, бахусус аз ҷавонписар, мехоҳад, ки бо духтаре ҳамхона шавад, ки аз ҳар чӣ қадар хурдтар бошад.
XS
SM
MD
LG