Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти Имомназари Холназар - шахсе, ки ҳатто бар марг писханд мезад...


Имомназари Холназар нафаре буд, ки пайваста бар рӯи тазодди зиндагонӣ ва марг механдид ва ҳатто ранҷеро,ки аз бемории қанд дошт, ҳамеша бо лабханд ниҳон менамуд.

Мӯсо Асозода, раиси дастгоҳи ҲХДТ, мегӯяд, Имомназари Холназар байни журналистон дар саргаҳи наҳзати равандҳои демократӣ меистод. Раҳматулло Валиев, раиси ситоди ҲДТ, мутазаккир шуд, ки марҳум як тан аз асосгузорони ин ҳизб ҳам будааст. Нур Табаров, собиқ сардабири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», ки Имомназари Холназар солҳои тӯлонӣ дар он кор мекард, меафзояд: "Паҳлӯи акси ӯ ҳоло китобаш истодааст ва ҳар кас, ки онро варақгардон мекунад, бегумон табассум менамояд, аз лутфи ӯ, аз меҳри ӯ, аз истеъдоди ӯ, ки рӯзи маргаш ҳам мардумро механдонад."

Генерали мустаъфӣ Сӯҳроб Қосимов мегӯяд: "Акаи Имомназар, муҳобот намешавад, одами асри 22 буд. Ӯ кӯҳе буд, фаровон аз чашмаҳои соф, дарахтзорон, гулзорҳо ва қуллаҳои барфпӯши сап-сафеди баланди баланд."

Шаҳобиддини Ҳақназар, дӯст, ҳампеша ва ҳамрози Имомназари Холназар, мегӯяд, Наврӯз барои худ беҳтарин тӯҳфаро таҳия кардааст, ки шахсияти бузургеро дар симои марҳум аз миёни иштиёқмандони сухани намакин ва танзи баланд абадан даррабуд.

Ҷасади марҳум нимаи дувуми рӯзи 22 март тибқи васияти охирини шодравон дар Мазори Лучоб, рӯбарӯи хонааш, ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG