Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзӣ Аҳмадов: "Наврӯз ҷашни миллист, на мазҳабӣ"


ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Рӯзӣ Аҳмадов- фолклоршинос Бархеҳо бар ин назаранд, ки Наврӯз то замони густариши ислом ба ҳайси як ойини мазҳабӣ таҷлил мешуд ва аз ин рӯ дар замони шӯравии пешин ба маҳзи динӣ будани он аз таҷлили он ҷилавгирӣ мешудааст. Аз ин хотир аз устод Аҳмадов дар аввал ин нуктаро пурсидем, ки оё то куҷо Наврӯз иди мазҳабист?

Наврӯз таърихи зиёда аз 6 ҳазорсола дорад. 3 ҳазор қабл аз дини зардуштӣ дар байни мардуми эрониасли ориёнажод ин ҷашн вуҷуд доштааст.Роҷеъ ба пайдоиши Наврӯз мо бештар ду ҷанбаъро ба эътибор мегирем. Ҷанбаи асотирӣ ва ҷанбаи таърихӣ.

Ҷанбаи асотирии Наврӯз аз он иборат аст, ки асосгузори Наврӯзро ба хонадони каёнӣ ба шоҳи чаҳоруми каёнӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз рӯи осори гузаштагони мо бештар аз рӯи «Осор-ул боқия»-и Абурайҳони Берунӣ,Гардезӣ ё Порсномаи Абдулбарҳӣ ва дигар сарчашмаҳо ба мо иттилоъ медиҳанд, ки ҷашни Наврӯз ба дин ягон робита надорад. Ҳатто дар Авасто роҷеъ ба Наврӯз чизе гуфта нашудааст. Аммо дар сарчашмаҳои дигар аз замони Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониҳо меросмонда роҷеъ ба Наврӯз маълумоти зиёде ба даст дорем. Дар даврони Сосониён Наврӯзро аввал 30 рӯз ҷашн мегирифтанд, баъдан ба шаш рӯз оварда расониданд. Шоҳон панҷ рӯзи аввали Наврӯзро, ки Наврӯзи омма номида мешуд бо қабули мардум, бо қабули омма ва кишоварзон, бо қабули гурӯҳи рӯҳониён, бо қабули дигар табақоти мардумони оддӣ сипарӣ менамуданд. Аммо ҳамин ки рӯзи шашум фаро мерасид, ки Наврӯзи хоса мегуфтанд, худи шоҳ Наврӯзро ҷашн мегирифт.

То инқилоби сотсиалистии октябр ҷашни Наврӯз дар тамоми Варорудон, дар тамоми Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои марказии тоҷикнишин:- Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷекат, Кӯлоб, Тирмиз, дар водиҳои Рашту Хатлону Сурхандарёву Қашқадарё тоҷикон, ки сукунат доранд ин таҷлил мешуд бо номҳои мухталиф аз ҷумла бо номи иди сари сол ,ё иди соли нав албатта Наврӯз ҳам мегуфтанд .

Замоне буд, ки аз ситоиши Наврӯз даст кашида буданд дар адабиёт Наврӯз ба мисли пешин суруда намешуд, манзурам солҳои замони шӯрави буд, ки Наврӯз манъ шуда буд яъне Наврӯзро ба ҳайси як иди мазҳаби талаққӣ карданд ва гуфтанд мисли иди Қурбон ва иди Рамазон - як иди мазҳабӣ аст ва он бояд ҷашн гирифта нашавад. Пас ин ҷашн чи гуна дубора ҳам дар адабиёт ҳам дар байни мардуми тоҷик дар замони ҳокимияти каммунистӣ эҳё шуд?

Ҷашни Наврӯзро то солҳои бист мисли қадим таҷлил менамуданд. Ҳамин ки дар ин ҷо ҳизби коммунист ба сари қудрат омад, бисёр чизҳои пешқадами мардумони моро мамнӯъ эълом карданд, иртиҷоӣ ва ғайрихалқӣ эълон карданд. Аз он ҷумла ба ҷашни Наврӯз эътибор намедоданд. Касоне, ки масалан ҷашни Наврӯзро таҷлил менамуданл, онҳо маҳкум мегардиданд. Бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо мо бори аввал бо ташаббуси адабиётшиноси арабшинос Аминҷон Аҳмадҷонзода, Аълохон Афсаҳзод банда ва чанд тани дигар аз ҷавонҳои равшанфикр ,ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил менамудем солҳои 57-58 як маҳфили наврӯзӣ баргузор намудем. Дар ин маҳфили наврӯзӣ баъзе шоирон масалан Файзулло Ансорӣ ширкат намуданд. Мо бори аввал дар онҷо дастурхони суфраи ҳафтсинро созмон дод будем. Ва роҷеъ ба Наврӯз бисёр суханҳои зебо ва хуб гуфта будем. Ва баъдан банда ҳамроҳ бо Аҳмадҷонзода дар рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон , он вақт Комсомоли Тоҷикистон ном дошт, мо як мақолае навиштем. Мақолаи мо «Ҷашни наврӯз - халқӣ» ном дошт. Вақте ин мақола чоп шуд аз рӯи шунидам сармуҳаррири онрӯзаи рӯзнома Абдулло Зокиров хеле танбеҳ дидаанд.

Инчунин академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, ки мудири шӯъбаи забони ҳозираи тоҷик дар Институти забон ва адабиёти Рудакӣ буданд маро даъват карда гуфтанд писар шумо мақола навиштаед, шеърҳои дар ҳамон мақола истифодашударо ба русӣ тарҷума карда ба ман биёред. Албатта , хеле бошиддат ва дӯғу даранг. Хуб албатта мо тарҷума кардем ва ба як русидон нишон додем. Ин кас намедонам бо чӣ хотир буд, мумкин аз боло буд , ё бо боло ягон робита доштанд, ки бо тавссути ин кас мехостанд, ки аҳамияти Наврӯзро фаҳманд.

Ҳамин тавр оҳиста оҳиста ҳамон сол як мизи мудаввар баргузор гардид. Соли 1958 дар назди рӯзномаи Маориф ва маданият. Дар ин рӯзнома бисёр устодони донишманди мо Турақул Зеҳнӣ, Раҷаб Амонов, Раҳим Ҳошим ва чанд нафари дигар роҷеъ ба моҳияти Наврӯз, роҷеъ ба мардумӣ будани Нарӯз як сӯҳбате ороста буданд. Натиҷаи сӯҳбати онҳоро ҳамон рӯзнома ба табъ расонида буд. Ҳамин тавр равшанфикрон кӯмак карданд ва мо оҳиста оҳиста ҳар сол роҷеъ ба Наврӯз мақола менавиштем.

Наврӯз ҷашни эътидоли баҳор аст вақтест, ки шабурӯз баробар мешавад яъне эътидоли рабеӣ баҳорӣ аст. Яъне шабурӯз , ки баробар шуд ба истилоҳи мардуми тоҷик онро «офтоб ба тарозу» меноманд. Ҳамин шабурӯз, ки сония ба сония дароз шуд, ё ин ки чи хеле ки мегӯянд , офтоб ба хати устувои замин, ки баробар шуд наврӯз фаро мерасад.

Наврӯз қариб дар тамоми кишварҳои шарқ ҳатто берун аз шарқ ҷашн гирифта мешавад. Барои мисол соли гузашта бо дастдури шаҳрдории Маскав дар Маскав Наврӯз ҷашн гирифта шуд , яъне ки Наврӯз дорад оҳиста-оҳиста як ҷашни густарда миёни ақвоми миллатҳои гуногун мешавад. Аммо бо ин вуҷуд саволи ман ин аст, ки ба назари шумо оинҳо ё хосиятҳои сирф тоҷикии наврӯзӣ, ки дар дигар кишварҳои шарқӣ дида намешаванд ё камтар ба мушоҳида мерасанд кадомҳоянд?

Мо мардумони ориёӣ- тоҷикону эрониён хушбахт ҳастем, ки ҷашни бобоии мо, аҷдодии моро бисёр халқиятҳо миллияттҳое зиёде алъон қабул кардаанд:- масалан қафқозиҳо, туркманҳо, ӯзбакҳо ,қирғизҳо, қазоқҳо ва дигар халқиятҳои дигар кишварҳо қабул намуданд бо ҳамин ном. Ба андешаи ман ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Наврӯз ҷашни умумиинсонӣ аст ҷашни оламу одам аст.

Ҷашни Наврӯз дар байни мардумони Вароруд яъне Осиёи Миёна махсусан дар шаҳрҳои марказӣ дар Тоҷикистон, дар водиҳои Зарафшон, водии Ҳисор, водии Хатлон ,водии Рашт ва Қашқадарёу Сурхандарё суннатҳои аҷиб дорад. Аз наврӯзиҳои масалан эрониҳо тафовут дорад .Дар ин ҷо бештар таомҳои вижаӣ мепазанд. Таоме мепазанд , ки дар баъзе ҷойҳо кӯча вале дар баъзе ҷойҳо онро далда гӯянд. Масалан дар Самарқанд бештар кӯшиш мекунанд, ки дар Наврӯз бо маводи сафед яъне шир таом бипазанд ба мисли ширбиринҷ ё шулаи башир. Боз бештар бо гиёҳ, самбӯсаи нахӯдин мекунанд, самбӯсаи масалан алафин мекунанд. Ва ғизоҳои бисёр аҷиби наврӯзӣ дорем мо. Масалан дар як деҳаи Варганза бовар кунед 120 навъи ғизо таҳия мекунанд. Аз самбӯса саркарда то ширинӣ , нӯшобаву хӯрданӣ 120 навъи ғизоро омода мекунанд. Ва дар байни кадбонувон озмуне ба вуҷуд омада аст. Яъне кадом кадбону суманакро хуб мепазад . Ян навъи палави наврӯзӣ ҳаст ,ки дар Самарқанд онро резапалав мегӯянд. Аммо дар деҳаи Варганза онро палави софӣ мегӯянд. Дар дегҳои бузург палови софӣ мепазанд. Бисёр аҷиб аст . Масалан дегро аввал метаспонанд. Аз кӯҳ рафта бодомча мебиёранд, ҷавонҳо дегҳои бузургро метаспонанд баъд онро чарб мекунанд то инки таги дег нагирад ва гӯшту тамоми масолеҳи палавро андохта мепазанд, биринҷро андохта дам мекунанд. Ҳамин вақт дар деги дигар равғанро доғ карда пас аз дам хӯрдани биринҷ ба болояш мерезанд ки онро оши палави софӣ мегӯянд.Ҳамин оши палав алъон дар Осиёи Марказӣ дар Бухоро ва дар деҳаи Варганза дар тӯйҳо пухта мешавад махсусан дар Наврӯз.

Инчунин ба муносибати фаро расидани Наврӯз мардумони мо бештар мусобиқоти варзишӣ мегузаронанд . Мусобиқаҳо аст масалан гӯштӣ пеш аз ҳама паҳлавонӣ мегӯем, расанкашӣ ҳаст, аз болои расан ҷаҳидан ҳаст , чавгонбозӣ будаааст аз замони қадим ба муносибати фаро расидани Наврӯз . Ҳоло чавгонбозӣ танҳо дар Бадахшони кӯҳи пойдор аст ва инчунин бисёр одатҳои давраи Сосониён дар байни тоҷикони мо боқӣ мондааст.
Вақте ки хони наврӯзиро таҳия мекунанд, Наврӯз гӯё фаро мерасад ва сол таҳвил мешавад дар Бадахшон сарвари хонадон аз дар берун меравад ва дарро мекӯбад. Хонумаш мепурсад -ту кистӣ?- манам Ато ҷавоб медиҳад. Яъне ҳамон муколамае ,ки дар замони Сосониён дар байни шоҳ ва мубади мубадон дар иди Наврӯз ба вуқӯъ мепайваст ба тарзи дигар дар байни бадахшиҳо ҳоло ҳам нигоҳ дошта шудааст . Шогуни баҳор муборак мегӯянд, ҳамдигар табрик мекунанд бисёр чизҳои вижаи наврӯзӣ дар байни тоҷикони мо то ҳол зиндаю поянда аст.

Ғолибан, яке аз суннатҳои наврӯзӣ бахшидани гуноҳони ҳамдигар аст. Ҳоло дар ҳамин рӯзҳо чунин пешниҳодҳо мешавад аз ҷониби баъзе аз сиёсатмадорон,ки ҳукумати Тоҷикистонам бахшида ба даҳсолагии сулҳ як санади афв ба тасвиб расонад, ки ҳама ба як рӯҳияи масплан сулҳу созгорӣ зиндаги дошта бошем. Ба назари шумо оё ҳамин суннати Наврӯз то ҳоло ҳифз шудааст бахшидани гуноҳони ҳамдигар?

Бисёр саволи хубро матраҳ кардед бародари арҷманд . Наврӯз худаш бахшидани гуноҳон аст. Тавре, ки маълум аст Наврӯз рамзҳои зиёде дорад: рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ, пирӯзии нур бар торикӣ, пирӯзии хубӣ бар бадӣ.
Албатта шоҳон дар арафаи Наврӯз дар рӯзҳои Наврӯз ба мардум сабукиҳо медоданд яъне дар бозорҳо арзонӣ эълон мешуд дар бозорҳову дар мағозаҳо дар дӯконҳои маводи арзоқӣ маводи хӯрокворӣ арзон мешуд , либосвориҳо арзон мешуданд.Ва ин чунин афв карда мешуд. Одамоне, ки масалан ягон гуноҳ содир кардаанду гуноҳошон аз ҳад зиёд сангин набошад ба онҳо афв мекарданд, афви гуноҳ мекарданд. Ҳатто ду кишвар агар дар шароити ҷанг яъне бо ҳамдигар ҷанг мекарда бошад , ҳатман дар Наврӯз онҳо силоҳҳоро ба замин мегузоштанд, яъне ба ҳам меомаданд шоҳон, ба ҳамдигар оғӯш мекушоданд.

Мо бояд ин суннатҳои наврӯзиро ҳамеша идома диҳем идома бахшем пос бидорем. Хеле хуб мешуд, ки раиси ҷумҳури мо бисёр ҷавонмард ҳастанд, бисёр суннатҳои волои бобоии моро, аҷдодии моро эҳё мекунанд эҳё кардан доранд. Ман гумон мекунам раиси ҷумҳур баъзе ихтилофҳое буд, аз баҳраш баромадаанд. Хуб мебуд, ки мардум бо ҳам биёяд ва дар даҳсолагии истиқрори сулҳ ,ба ҳамин муносибат ,аз рӯи анъанаҳои қадимии бобоӣ мебуд, бисёр кори савоб ҳам мебуд,ки бояд афв кунанд. Афви гуноҳон аз маҳбасҳо одамҳоро ба ҳамин муносибат -махсусан занҳо, пирамардҳоро мардумони калонсолонро раҳоӣ башанд. афв кардан ин бисёр кори савоб ва кори ҷавонмардӣ аст. Ман гумон мекунам,ки бале раиси ҷумҳур бисёр ҷавонмарданд ва ин корро иншоаллоҳ афви умумиро бояд қабул кунанд. Чунки худи Наврӯз бахшидани гуноҳон аст.Ҳатто баъзе одамоне,ки солҳои сол ба ҳамдигар , ҳамсояҳо ё ки хешу таборҳо ҳамгап набошанд дар рӯзи Наврӯз ҳатманбояд оғӯш кушоянд ба хонаи ҳамдигар раванд ва бештар кӯшиш кунанд,ки ба ҳамдигар ҳадия баранд, ҳадия оваранд ва ҳадия бурдан низ як ойини Наврӯз дар байни мардуми мо аз деринзамон боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG