Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ: Чаҳор соли яъс


Баъди чаҳор соли шурӯи ҷанги Ироқ мардуми ин кишвар дар ҳолати ноумедии саросарӣ ба сар мебаранд, мегӯяд, натиҷаи як таҳқиқоте, ки дар арафаи солгарди ин сана дар дохили Ироқ барпо шудааст.

Назарсанҷии нав ҳокӣ аз он аст, ки аксар мардум нисбат ба ҳукумат ва нирӯҳои эътилофӣ эътимод надоранд.

Танҳо 18 дар сади пурсидашудагон гуфтанд, ки ба нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ итминон доранд. Дар айни замон, 86 дар сади мардум аз мавриди хушунат қарор ёфтани аҳли хонаводаи худ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Назарсанҷии мазкурро ширкати BBC, ҳамроҳ бо ширкатҳои дигари телевизионии ABC News, ARD German TV ва USA Today дар миёни ду ҳазор сокини Ироқ дойир кардаанд.

Дар муқоиса бо нишондодҳои соли 2005, имрӯз мардуми ин кишвари ҷангзада ба ояндаи давлати худ бо умеди кам менигаранд, дар ҳоле, ки ду соли пеш мизони дилгармии мардум ба ояндаи кишварашон болотар будааст.

Ба саволи ин ки аз назари онҳо талошҳои барқарорсозии Ироқ чӣ гуна ҷараён дорад, 67 дар сади пурсидашудагон гуфтанд, ки ин барномаҳо муассир нестанд.

Дар ҳамин ҳол, назарсанҷӣ ба тафриқаи афзояндаи мазҳабии миёни сунниҳову шиаён дар ҷомеаи ин кишвар таъкид намуда мегӯяд, ки дар миёни сунниҳо эҳсоси ноумедӣ ҳар чӣ бештар доман паҳн мекунад.

Чунин ноумедӣ дар манотиқи марказии Ироқ, аз ҷумла Бағдод, ки аксар аҳолии суннимазҳаб дар он ҷо тамаркуз ёфтаанд, мушоҳида мешавад. Тафовутҳои мазҳабӣ, мегӯяд гузориш, ба вижа дар масъалаи эъдоми раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусайн ба таври рӯшан ба мушоҳида расидааст. Сунниҳо гуфтаанд, ки шеваи эъдоми Саддом бемаврид буда ин амал ба кӯшишҳои барқарорсозии Ироқ мусоидат нахоҳад кард.

Шиаён дар ин масъала комилан назари муқобилро баён кардаанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, ҳамаи пурсидашудагон ба парокандашавии Ироқ мухолифат нишон додаанд.
XS
SM
MD
LG