Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари паҳлавонони тоҷик ба Қазоқистон


ба шаҳри Алмаато сафар кард. поягузори дзюдо дар Қазоқистон

Бино ба иттилоъи сармураббии даста Носир Бозоров, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 17 ва 18 март баргузор мешавад, панҷ нафар беҳтарин гуштигирони кишвар - Аминҷон Хонов, Неъматулло Асронқулов, Парвиз Собиров, Шералӣ Бозоров, Рустам Боқиев ва Олимҷон Зикаев намояндагӣ мекунанд.

Ва як хабари дигар. Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои аввалин бор таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев рӯзи ҷумъаи 16 март дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода ба тамрин шурӯъ кард.

Сармураббии ҷадид гуфт, барои ширкат дар нахустин ҷамъомади машқиву таълимӣ 22 бозигар аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар даъват шудаанд. Панҷ номзади дигар дар айни ҳол дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар шаҳри Анталияи Туркия тамрин карда, ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон омодагӣ мегиранд. Ҳамчунин ду нафари дигар дар ҳайати тими CSKA «Помир»-и Душанбе дар ҳамин ҳол дар мусобиқаи байнулмилалии «Наврӯз» дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон ширкат доранд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG