Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Viacom ва YouTube: Баҳс бар сари чист?


Чанд сол пеш Анҷумани кормандони саноъати забти овози Амрико сомонаи интернетии Napster - ро ба додгоҳ кашид, зеро он ба ҳамаи хоҳишмандон имкон медод, суруду мусиқиро ба воситаи ин сомона ба ҳамдигар фиристанд. Дар додгоҳи ҳаққи муаллиф Napster мағлуб шуд ва аз кор афтод.

Вале тазод ин аст, ки имрӯз ба ҷои Napster даҳҳо сомонаи интернетӣ пайдо шуд, ки ба табодули озоди мусиқӣ имкон медиҳанд, зеро фанноварие, ки Napster ба саҳна овард, ҳоло дастраси ҳамагон гаштааст.

Баҳси нав акнун ба видео марбут аст. YouTube ба ҳамаи хоҳишмандон имкон медиҳад, наворҳои видеоии худро дар интернет нашр кунанд.

Чунончи, даҳҳо клипи видеоии ҳунарпешагони тоҷикро метавон ин ҷо пайдо кард. Монанди таронаи Зулайхо-и гурӯҳи "Вазир" ва овозхони саршинос Ҷӯрабек Муродов, ки дар сархатти YouTube қарор дорад.

Дар навори видеоӣ овозхони солхӯрда дар миёни ҷавонон худро каме ноҳиҷор ҳис мекунад ва сипас ба суруд шарик мешавад:

Дар як навори видеоии дигар касе бо забони шикастаи тоҷикӣ намояндагони ин қавмро таҳқир мекунад ва дар навори дигар сӯҳбатҳои тасодуфии як зану шавҳари тоҷик нашр шудаанд.

Бо сабаби он ки нашри видеоклипҳо дар YouTube хеле осон ва беназорат аст, ҳар кас чизе дилаш хост, рӯйи сомона меорад. Ду сол пеш ин сомона аслан вуҷуд надошт. Як сол пеш 9 миллион нафар онро боз кардаанд ва ҳоло сомонаи YouTube 130 миллион мухлиси доимӣ дорад. Бо мақсади истифодаи сомонаи нав дар саноати реклама ширкати Google онро ба 1 миллиарду 650 миллион доллар харидорӣ кард.

Viacom, ки даҳҳо шабакаи телевизионии мусиқӣ, ба монанди MTV, дошта, асосан ба ҷавонон нигаронида шудааст, дар симои Ютуб расонаеро мебинад, ки нони онро аз даҳанаш мерабояд. Биноан ба маблағи 1 миллиард доллар товон талаб кардааст. Далел ин даъво нашри клипҳои мусиқиест, ки Viacom тавлид мекунад. Ахиран YouTube гуфтааст, ҳама гуна наворҳои дорои ҳаққи вижаро аз сомона ихроҷ хоҳад кард. Вале Viacom ин эълонро нодида мегирад.

Баҳс аз он лиҳоз муҳим аст, ки шояд ояндаи саноъати тафреҳии ҷаҳонро муайян кунад.
XS
SM
MD
LG