Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Сӯҳроб Қосимов


Иттилоъи бештар
Ва бар иловаи ин

Бисёриҳо ёд доранд, ки дар солҳои ҷанг дар Душанбе сокинон аз "бачаҳои Сӯҳроб" бим доштанд ва хеле аз бадрафториҳо дар он замон ба онҳо нисбат дода мешаванд. Истеъфо ё барканории Сӯҳроб аз МВД хабари бисёр хуш аст.

Ба назари ман вай дар Федератсияи футбол ҳам дар ҷойи худ нест, зеро вай ҳаргиз ба унвони футболист маъруф набудааст ва беҳтар аст, бояд аз онҷо ҳам истеъфо бидиҳад. Мардум масале доранд, ки мегуяд: "Ҳар кас кори худашро кунад".

Спендатҳата
---------------------------------------
Гумон мекунам, ки ба истеъфо рафтани Сӯҳроб Қосимов ин идомаи мантиқии тақдири дигар қумондонҳост. Ба гумонам Сӯҳроб Қосимов низ аз гуноҳ орӣ нест. Бинобар ҳамин истеъфои Сӯҳроб маънои онро дорад, ки замони саволу ҷавоб фаро расидааст.

Ӯ худ низ ҳамин нуктаро аллакай фаҳмидааст.

Малик, Москва
---------------------------------------
Аслан истеъфои Сӯҳроб Қосимов бисёр саривақтӣ ва айни муддаост, зеро чунин як инсоне ки хуни одамон бар гардани ӯст, наметавон ба ӯ умури ҳеч як идораеро бовар намуд.Қосимов низ нафарест, ки бояд назди қонун ҷавоб гӯяд ва иншоаллоҳ, ки пас аз мансаб рафтанаш назди қонун ҷавоб хоҳад дод!

Корол
---------------------------------------
Салом.
Сӯҳроб Қосимов бояд барвақт барканор карда мешуд, зеро сабабгори бисёр бетартибиҳо ва азият додан ва ғорат кардани мардум буд, ӯ бояд ба маҳкама кашида шавад, на танҳо барканор карда шавад. Ӯ худ инро нағз медонад.

Афсари Н
---------------------------------------
Ин саҳна "ғалаба"-и Рустам бар Сӯҳроб-ро мемонад.Пас зинда бод Аҳриман!

Неозандгуй
--------------------------------------
Салом!

Ман фикр мекунам, "аз истеъфояш хабар надоштани Зайд Саидов", изҳороти Тӯраҷонзода, даъвоҳои "Ватандор", "авария дар ҷониби Узбакистон", навиштаҳои "Миллат" дар бораи барқ, истеъфои Сӯҳроб Қосимов ҳалқаҳои як занҷиранд. Факат Озодӣ метавонад дар як маводи таҳлили ин ҳалқаҳоро ба ҳам орад.

Миллат
--------------------------------------
Ба номи худованд.
Мехоҳам як чизро ёдрас кунам, ки ҳеч як вазифадор дар саросари ҷаҳон бидуни кадом сабаб аз кори худаш истеъфо намедиҳад. Ба ҳамин хотир, сабаби манфӣ ё мусбаташ, ки то ҳол рӯйи об набаромадааст, танҳо ҳамон шиноварон медонанд, ки дар баҳри бӯҳрони сиёсии Тоҷикистон шиновари хубе доранд.

Дар шароити ҳозира фарқ надорад, ки ту чӣ хизмат карда будӣ, хизмат кардед, дар баробари он роҳат ҳам кардед. Аммо дар байни аҳолӣ наметавон гуфт, кадом маҳбубияте дошта бошад. То он ҷое мардуми оддӣ С. Қосимовро мешиносанд, касест, силоҳ дар даст дшту хуни чандин нафарро рехтааст. Хун, ки табиатан нафратомез аст, соҳиб ё сабаби ҳункунанда низ манфур мегардад. Агарчи, Қосимов, яке аз наздикони ҷаноби олӣ буд, инро касе рад карда наметавонад ва ҷаноби олӣ ҳам аз эшон хеле ҳимоят мекарданд. Локин он кадом вақт буд? Вақте буд, ки он кас ба чунин ашхос ниёз доштанд. Ва ҳоло кадом вақт мебошад? Ин ҳа м равшан аст, ки пеш аз Қосимов дигар нафарон ҳам буданд. Агарчи Қосимов мехоҳандӯ, аз шиноварӣ даст кашанд, ҳамон кит онро мунтазир аст. Ва фикр намекунам, ки ин ба манфиаташон бошад.

Бо эҳтиром
Б. Мусофир
---------------------------------------

Дар ҳафт соли охир Қосимов чӣ кард, ки рафтанаш ба наҳвае шоиста бошад..
Мардум аз ҷаноби Қосимов фақат як ибораро то дергоҳ дар хотир нигоҳ медорад, ки ин ҳам "бачои Суҳроб" аст...

Мирзоев
-------------------------------------
Ассалом.
Ба назари ман, ин як масъалаи сиёсист, зеро шахси наздик ба Президент бе далели сиёсӣ наметавонад худ худ истеъфо диҳад.

Ва масоили сиёсӣ ба осонӣ дарк намешавад, метавон натиҷа гирифт аз амалкарди ҷаноби Сӯҳроб, ки шояд дар масоиле ки набояд дахолат мекардааст, дахолат кард ва ба ҳамин хотир ҳам ё метавон гуфт, сусткории вай бошад дар масоили марбут ба вай чаноб. Аммо чи маънӣ дорад ин истеъфо ин маънии онро дорад ки ҳар вазифадоре ҳамеша ба ин нукта тавваҷҷӯҳ дошта бошад, ки як рӯз ин ҳодиса ба сари вай хоҳад омад ва дурандешӣ карда, ба касе зиён нарасонад, дар ҳадди тавони худ талош кунад барои осоиши мардум.

Аммо инки падидаи мусбат аст ё не, ин худ як масъалаи печида аст аз чиҳатҳои мухталиф бояд ба ин масъала нигоҳ кард ва дид, ки оё вай дар ҷомеъа нақши мусбат дошт ё манфӣ. Агар мусбат ки ин метавонад як падидаи манфи бошад, зеро ҳар касе ки бар сари курсӣ ҳаст ва кори арзишмандеро барои миллат мекунад, ин як падидаи манфӣ метавонад бошад, вале агар дар ҷомеа нақши манфӣ дошта бошад, рафтани вай аз сари мансаб хуб ҳам ҳаст. Биноан, ба назари ман, ин ҷаноб истеъдоди хуб доштанд ва саводи муносиб барои ин кор ва рафтани вай метавонад, нақши манфӣ дошта бошад.

Бо ташаккур
Сомонӣ
---------------------------------------
Аввалан, содиқ будан ё набудани С. Қосимовро ба президент аз куҷо муайян карда мешавад? Дар ҳоле ки замоне Ғ.Мирзоев ҳам содиқ буд.

Ба истеъфо рафтани генерал ягон кори ғайриоддӣ ҳам нест, ки боиси ташвиш бошад. Ё шояд бо ба ҷунбиш омадани Атовуллоев бо собиқ собиқадорон дар пӯстини Қосимов низ кайк даромада бошад. Ба ҳар ҳол пешгӯӣ карда намешавад, ки - аст ё +.

Баҳман
--------------------------------------
Сӯҳроб Қосимов бо вуҷуди садоқатмандӣ ба ҷаноби олӣ акнун дигар нолозим шудааст ва ӯ бояд дар давронии хешутабори ҷаноб халал нарасонад, хуб Сӯҳроб ба фикрам раҳми ҷони худашро хӯрдааст ки сарпечи накардааст вагарна рӯзи Ғаффор Мирзоев ба сараш меомад.
Браво Сӯҳроб.

Слд
---------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG